Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 40-солагии фаъолияти илмӣ ва эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагии халқӣ Моҳрухсор Сафиева санаи 31 март маҳфили илмию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз фаъолияти ҳунарӣ ва эҷодии ҳунарманд шурӯъ аз давраҳои шуравӣ ва то имрӯз маълумоти зиёде пешкаш гардида, устодони шогирдони ин бонуи ҳунарманд бо самимияти хосса аз роҳи паймудаи ӯ дар ҷодаи санъат, саъю талошу эҷоду эъҷозаш сухан гуфтанд. Таъкид намуданд, ки муаллима тӯли ин солҳо ба жанри сарояндагии халқӣ содиқ монда, барои аз байн нарафтани ин санъати анъанавӣ саҳми беандоза гузоштааст. М. Сафиева дар маърӯзаи хеш дар мавриди санъати сарояндагии ҳунармандони минтақаи Рашт сухан намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ду бонуи ҳунарманди ин минтақа Гулрафтор Шаҳобова ва Қумрӣ Қодирова бо санъати баланди навозандагӣ ва сурудхонӣ солҳои зиёд ба дили мардум маъво ёфта, маҳбуб гашта буданд, ки ҳоло аз санъати волои онҳо