Латофатбону қаламбадасте аз хонаводаи муътабари Чориевҳо мебошад. Ин авлод дар таърихи матбуоти аҳди шуравии водии Вахш ва рушду эҳёи нашрияҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар вилояти Хатлон нақши созгор дорад.
Парвардаи дудмони озодагон, ки дороии хонадонашон китобхона буду зодмандонаш бештари вақт ҳатто то нимашабон сар аз рӯи китоб намебардоштанд, ҳанӯз аз овони наврасӣ дар дил орзуи омӯзгор шуданро мепарварид.
Аз гӯшаи деворӣ то матбуоти даврӣ
Аз қазо сафари истироҳатӣ ба осоишгоҳи Иссиқкӯл, ки он замон ҳамагӣ 14 сол дошт, равзанаи ошноиро бо мардумони миллатҳои гуногун барояш боз намуда, шавқу рағбаташ ба мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ, ба вижа, асарҳо бо забони русӣ дучанд афзуд.
- Зимни суҳбату маҳфилҳои фарҳангӣ сокинони кишварҳои ҳамҷавор бо таҳсину тавсифи донишу забондонӣ ва истеъдоди суханварии ман, қиблагоҳамро ситоиш карданд, ки фарзандонро дар руҳияи ватанпарвариву башардӯстӣ тарбияву ба воя расондааст, - аз гузори рӯзгорон қисса оғоз кард Латофат. - Баъди бозгашт аз истироҳати тобистона тавассути номанависӣ робитаҳои дӯстии ману ҳамсолони дар Иссиқкӯл пайдонамудаам мустаҳкам гардид. Кунун ба ҷуз таҳсили аъло, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва интизории роҳи хаткашон дар сар ҳавои дигар надоштам. Неруи таконбахшу роҳнамои беминнатам дар рӯ овардан ба асарҳои ҷаҳонӣ омӯзгори мактабамон Раиса Михайловна буданд, ки таваҷҷуҳи маро ба омӯзиши фанни забони русӣ ҷалб сохта, дар замирам шавқу муҳаббат ба мутолиаи асарҳои ҷаҳониро парвардаанд.
Маҳз дар ҳамин айёми бедории фикриву ангезаҳои эҷодӣ ӯ бо нашри нахустин қиссаву лавҳаҳои ҷолибаш дар газетаҳои девории мактаб аз худ дарак дод. Бад-ин минвол, баҳори умр дар олами китобу саргузаштҳои дилошӯби қаҳрамонҳои асарҳои адибони машҳури олам паси сар мешуд. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун омӯзгори МТМУ №12-и шаҳри Бохтар фаъолият оғоз намуд.
Дар ин миён бо лавҳаҳои пурмазмун ва матлабҳои дилангезу ҳадафрасаш ба унвони эҷодкори ҷавон муаррифӣ шуд. Салиқаи эҷодиашро дида, амаки рӯзноманигораш зиндаёд Файзалӣ Чориев варо барои ҳамкорӣ ба нашрияи навтаъсиси «Набзи Қӯрғонтеппа» даъват намуд.
Роҳи имтиҳон
- Бо шавқу ҳаваси зиёд ба пешаи рӯзноманигорӣ ва орзумандиҳои солиён парвардаам, ҳанӯз аз моҳи аввали фаъолият дар нашрияи «Набзи Қӯрғонтеппа» дарк кардам, ки дар ин ҷода бе машаққати сангину сабру таҳаммул дар мушкилиҳо, рӯзии худро пеш наметавон бурд. Чаро ки дар идораи рӯзнома дар симои амаки меҳрубон, роҳбари сахтгиру серталабро дидам, ки ҳар рӯз рӯзноманигорони ҷавонро ба навиштани чор - панҷ саҳифа матлаб водор намуда, баъзан, барои таҳияи як хабари саҳеҳу ҷавобгӯйи талабот рӯз то бегоҳ заҳмат мекашидем…
Бо гузашти 6 соли фаъолият дар нашрияи шаҳрӣ ба рӯзномаи вилоятии Хатлон даъват шуда, як муддат сардори шуъбаи ахбор ва афкори умум, солҳои 2006 - 2010 муовини сармуҳаррир буд. Солҳои 2010 - 2012 вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон «Ҳамрози халқ»-ро бар зимма дошт.
Дар ин миён бо ташаббуси соҳибқаламон ва дастгирии раиси вақти вилоят Ғайбулло Авзалов, нахустин маҷаллаи вилоятии «Сафо» таъсис ёфт ва баъди ташкили ҳайати эҷодии он аз ҳисоби рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла Латофат Мирзосаидиёнро низ ба кор даъват намуданд.
Мазҳабаш нуру сафо овардан аст…
- Дар панҷ соли аввали арзи ҳастӣ намудани маҷалла бинобар норасоии маблағ, теъдоди камтари нашр, ҳайати эҷодӣ ҷиҳати фарогирии тамоми минтақаҳои вилоят, хонданбоб намудани маҷалла ва такмили мазмуну муҳтавои мақолаҳо мушкилиҳо доштанд,- мегӯяд мусоҳибам. - Баъди ба синни нафақа расидани шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов, маро сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо» таъин намуданд.
Мурури андӯхтани таҷриба аҳли эҷодии маҷалла тамоми мавзуъҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва масоили марбут ба адабиёту фарҳанги миллиро фаро гирифта, ҷиҳати ҷолибу диққатҷалбкунанда намудани намои маҷалла аз лиҳози ороишу саҳифабандӣ гомҳои устувор мегузоштанд.
Бар замми донишу малакаи касбӣ, омили ба пешрафту дастовардҳо ноил гардидани Латофат ин бардошти мушкилу монеаҳо, хоксориву сабр ва дигар хислатҳои ҳамидаест, ки овони ҳамкориву таҷрибаомӯзӣ аз устоди соҳибқалам Файзалӣ Чориев мерос гирифтааст. Чуноне ки аҷдодонаш дар таъсисёбии нахустин нашрияҳои ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд, парвардаҳои ин остони муқаддас низ бо кори шоистаашон дар масири эҳё ва рушди минбаъдаи матбуоти вилояти Хатлон нақши созгор мегузоранд.
Азми устувор
Ба қавли Латофат, меҳвари пешбарандаи инсон ба фатҳи қуллаи орзуҳо ва ташаккули ҷаҳонбиниву худсозиҳои инсон аз азми устувору майлу иродаи қавӣ маншаъ мегирад. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳдуди идорӣ, дар соли аввали фаъолияти роҳбарӣ маҷаллаи одии дар ду моҳ як бор чоп мешударо ҳар моҳ ба табъ расонда, солҳои баъдӣ дар баробари сатҳу сифати чоп ба мазмуну муҳтавои матлабҳо диққати ҷиддӣ дода, шумораҳои идона ранга чоп мегашт. Тули се соли охир маҷаллаи «Сафо» ҳар моҳ ба шакли ранга ва сатҳу сифати баланд пешкаши хонанда мегардад.
- Дар 10 соли шебу фарози арзи ҳастӣ доштани маҷаллаи «Сафо» шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахшу пирӯзиҳои мондагори ҳайати эҷодӣ шудем. Дар баробари ғолибияти эҷодкорон дар озмунҳои вилоятӣ, соли 2017 «Сафо» барои фаъолияти самарабахш дар рушди матбуоти вилоят ва иштироки фаъол дар озмуни вилоятӣ ба дарёфти ҷоизаи беҳтарин маводи журналистӣ зери унвони «Неруи сухан» сарфароз гардид. Ҳамчунин, дар озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол», бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи номинаи «Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ» маҷаллаи «Сафо» ва рӯзномаи «Хатлон» ғолиби мақоми аввал дониста шуданд, ки ин дастовард ба ҳайати эҷодӣ ангезаи илҳом мебахшад, - иброз намуд Латофатбону.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон