Вожаи «шогун» тибқи фарзияҳои муҳаққиқон аз «шугун» гирифта шуда, маънои фоли нек, нишони саъд, хубӣ, хушӣ, фархунда, хуҷаста, муборак, табаррук ва иду ҷашни фархундаро дар бар мегирад. Шогун байни мардуми кӯҳистони Помир бо маънии Наврӯзи хуҷаста маъмул аст.
Ба гуфтаи муҳаққиқи мардумшинос Лутфишоҳи Қиматшоҳ, миёни сокинони Рӯшон вожаҳои шогунбаҳор (иди баҳор), шогунай бун (орди табаррукӣ), шогунай гардъа (нони табаррукӣ), шогунай мисъен (рӯзҳои муборак), шогунай ҷой (ҷой, маҳалли муборак), шогунай авлод (авлоди хушпою қадам) ва шогунай мардум (мардуми хушпою қадам) роиҷ буда, ин бовар ва оинҳои наврӯзӣ то ба ҳол муқаддас шумурда мешаванд.
Шогунай бун миқдори муайяни орди табаррукӣ аст, ки онро соҳиби хона дар мавсими тирамоҳ рӯйи кафҳояш гирифта, бо зикру дуои талаби хайру баракат аз Парвардигор дар табақе мегузорад ва кадбонуи хона онро дар ганҷур, то оғози маросими наврӯзӣ – Сада ё ҷашни Офтоб, Батаём - иди омодагии деҳқон ба киштукор, Сайри Боғ ва Гъамунд - Наврӯзи Бузург маҳфуз медорад. Ба бовари мардум, агар захираи орду гандум тамом шавад ҳам, аз кафи орди табаррукӣ истифода бурдан қатъиян манъ аст. Дар иди Батаём бо орди табаррукӣ дар сутунҳо ва вассаҳои хонаи суннатии помирӣ гулпартоӣ мекунанд, ба китфи аҳли хонавода, ки баъди маросими хонасафедон вориди хона мешаванд, кадбону чун нишонаи таманнои бахти сафед ва сафои рӯзгор кафе аз онро мепошад. Нонҳои табаррукӣ мепазанд, аз хамираш шаклҳои ҳайвонот, ба мисли гӯсфандак, нахчирак, уштурак ва ғайра месозанд.
Рӯзҳои маросимии наврӯзӣ - Сада, Батаём, Тухмбаророну Сайри Боғ ва Гъамунд-Наврӯзро рӯзҳои шогунӣ, яъне рӯзҳои хушию хурсандӣ ва мубораку хуҷаста ном мебаранд. Дар ин рӯзҳо дорову нодор, пиру барно ва марду зан бо умеду армонҳои зиёд табъу руҳи болида мегиранд. Дар ҳар хонавода муҳити идона ҳукмфармост. Мувофиқи шароиту имконияташ дастархонашро оро медиҳад, либосҳои тозаву озода мепӯшад. Хабаргирии хешу табор, дафнавозӣ, сурудхонӣ, бозиҳои гуногуни миллӣ сурат мегиранд.
Замонҳои пеш дар ҳар деҳаи Рӯшон ҷойи махсусе бо номи Шогунайҷой мавҷуд буд, ки хоки сафед дорад. Чунончи, дар деҳаи Вамар - мавзеи Себчашма, дар деҳаи Дерзуду Барзуд - мавзеи Оқиббавӯн ва дар деҳаи Шидз мавзеи Дашт…
Барои анҷом додани суннати наврӯзии хонасафедон маҳз аз хоки Шогунайҷой истифода мебурданд. Маросими хонасафедон баъди тановули субҳона, дар соати саъд, ки онро халифаи деҳа аз рӯйи китоби нуҷум муайян месозад, аз «хокдуздӣ» оғоз меёфт.
Субҳи барвақт соҳиби хона вузуъ карда, бо худ «пухта» - кулчаи табаррукӣ ва сабад гирифта, барои «хокдуздӣ» меравад. То ба Шогунайҷой расидан, ба хотири эҳтиёт шудан аз чашми бад, бояд ба касе дучор нашавад. Дар Шогунайҷой мардон ҷамъ шуда, дуо мехонанд ва ҳар кас нисфи кулчаи овардаашро тановул мекунад. Сонӣ сабадро аз хоки сафед пур карда, ҳар кадом ба хонааш мебарад. Ҳангоми ба хона ворид шудан аҳли хонаводаро бо нидои «Шогун баҳор муборак!» табрик мекунад. Дар ҷавоб: «Ба рӯйи шумо муборак!» мегӯянд.
Хоки шогунайҷойро чун оҳак барои сафедкунии деворҳои хона истифода мекарданд. Дар ҳар деҳаи Рӯшон аз замонҳои пеш то ба имрӯз хонаводае аст, ки шогунайавлод унвон гирифта, хушпою қадам дониста мешавад ва ба қавле ин унвони муборак ва рисолатро аз «ҳафт пушташон» ба мерос гирифтаанду каси дигар ё авлоди дигаре бо онҳо ҳаққи даъво надорад. Хонаводаҳои ба ин унвони ифтихорӣ бо ҳимматбаландӣ, тақводорӣ, некукорӣ ва хайру саховат ва меҳнатдӯстиву омодаи ҳамеша ба кумаки дигарон расидан, мушарраф гардидаанд.
Тухмбарорӣ дар соати саъди рӯзи чоршанбе бо дуд кардани буттаи хушбӯйӣ дар хона ё остони хона оғоз мешавад. Рӯзи чоршанбе, ки бо номи Тири рӯзи савуми ҳафтаи эрониёни қадим ёд мешавад, фариштаи борон аст. Мувофиқи боварҳои ориёиҳои меҳрпараст, бо мадади Меҳр (фаришта) замин аз боридани борон баҳраманд шуда, киштзору боғот сарсабзу хуррам мегарданд. Дар ин рӯз нафаре аз солмандони шогунайавлод дар табақ ду қумоч (нони идонае, ки дар алови хокистар пухта мешавад) ва ду дона нони чанголмоли (ноне, ки бо ангуштон рӯйи он нақшҳо гузоштаанд) ва якчанд дона гандум ва зоғнӯл ё испори хурдакакро гирифта, ба сари замин мераванд. Заминро ба таври рамзӣ бо зоғнӯл андаке харошида, донаҳоро дар он мепошанд. Сипас, рӯ ба қибла нишаста дуо мехонад: «Ё Бобои Деҳқон, як донаи моро ҳазор бикун, аз ҳазор ҳам бешумор, каҳ андаку дона фаровон шавад. Ризқу рӯзии ҳалолро насиб гардон. Омин».
Дар навоҳии кӯҳистон бошандагони водии Хуфи ноҳияи Рӯшонро Шогунаймардум, яъне мардуми хушпою муборакқадам ном мебаранд. Муборакрӯйӣ ва хушпаю қадам будани хуфиён тули давру замон бо санҷишу таҷриба собит шудааст ва ҳатто мавриди маросими «киш», ки ғайр аз аҳли хонавода, каси дигаре, аз шом то бом, иҷозаи вуруд шудан ба хонаро надорад, фақат ба рӯйи хуфиён дару дарвозаро боз мекунанд, ба нияте, ки аз пою қадамашон соли нав пур аз хайру баракат гардад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, вижагии умдатарини Ҷашни Наврӯз ин аст, ки расму оинҳои суннатӣ, ки дар ҳар минтақаву навоҳӣ бо аломату ашёҳои монанд ва фарқнок ба ҷо оварда мешаванд, онҳо, пеш аз ҳама, матлабу ормон, нияту орзуҳои мардумро ифода мекунанд. Тибқи одати бостонӣ, нахуст бо тулуи офтоб мардум ба хонатаконӣ мепардозанд, ки онро «сурхбаророн» ҳам мегӯянд.
Барои кадбонуҳо, ки қариб ҳар рӯз ба ҷорӯб задани хона машғуланд, маросими хонатаконӣ махсус аст. Кадхудои хона ду ҷорӯб мебандад, ки якеро пиёдаҷорӯб ва дигареро савораҷорӯб меноманд ва бо яке сақфу дигаре фарши хонаро тоза мекунанд ва бар рӯйи сутунҳои хона як каф орд мезананд. Бо ин амали рамзӣ неруҳои аҳриманиро аз манзил берун намуда, онро ба даромади соли нав ва фариштаҳои некӣ ва накукорӣ омода месозанд.
Ба гуфтаи фарҳангшинос Лутфишоҳи Қиматшоҳ, мурод аз маросими хонатаконӣ, ба пешвози рӯзи нав ва соли нав зоҳиран ва ботинан пок шудан буда, ранги сурхи қолинҳо ва бистару болини хона, ки дар ин рӯз ба берун бароварда, дар ҷойи нурафкани офтоб гузошта мешавад, рамзи бахт ва ҳаёти осоиштаву шодмониро дорад.
Яке аз суннатҳои бисёр қадим ва маъмули мардуми ориёасл, минҷумла сокинони ноҳияи Рӯшон, ба истиқболи Наврӯз пухтани суманак мебошад.
Ба истиқболи Наврӯз чун иди шогунӣ мардум ғизои дигар бо номи бат мепазанд, ки бунёди он суманак аст. Батро аз орди гандуми навъи сурхак, яхоб, равған, шакару шир омода мекунанд. Бибии хонавода ҳангоми пухтани ғизо аз анъанаи фоландозӣ ёдовар мешавад ва чӯби ғалтакро, ки бо он хамирро тунук мекунанд, гирифта, болои даҳанаи дег мегузорад. Бо гирифтани номи ҳар як узви хонавода болои ғалтак кафи орд мепошад ва бинобар эътиқодот ҳангоми гирифтани номи касе орди бештар рӯи ғалтак монаду ба дег нарезад, ҳамон нафарро иқбол ва саодати бештаре дар соли нав интизор аст.
Боҷ таоми дигари идона аст, ки онро аз каллапочаи гӯсфанду гандуми нимкӯфта мепазанд. Дар афкори мардум ин андеша ҳамеша чархон аст, ки дар Наврӯз ҳамаи мардум, ҳар ҷо ки бошанд, ба хонаи хеш бозмегарданд. Агар касе ба ҷои дуртаре ҳам рафта бошад, кӯшиш менамояд, ки дар Наврӯз худро ба назди аҳли хонавода расонад.
«Килоғузғуз» ё шолпартоӣ оини дигари наврӯзист. Шоми ид касе ё нафаре, одатан бачаҳову ҷавонон аз равзани хона ва ё аз дари хона омада, бо шоландозӣ ва қироати порчаҳои манзуми наврӯзӣ туҳфаи идона, ба шакли кулчаву тутмавиз, чормағз ва ҳалво дарёфт мекунанд. Ба бачаҳо дар ин рӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва онҳоро дар ҳар хонавода савғотиҳо иборат аз шириниҳо интизор ҳастанд. Ин савғотиҳои наврӯзиро дастони моҳири кадбону махсус барои бачаҳо омода месозанд.
Нақл аст, ки ҷавоне шефтаи ҳусни духтаре шудааст, аммо бинобар қабул надоштани волидони духтар ба мурод расида наметавонад. Пас, чораи корро дар он дидааст, ки дар вақти килоғузғузи наврӯзӣ ба равзани хонаи он духтар мераваду арзи дил мекунад. Муроди он ҷавон ҳосил гардидааст, зеро рад кардани талаби наврӯзӣ фоли бад дониста шуда, волидони духтар ризоият додаанд. - нақл мекунанд солмандон. Бо ин мазмун рубоие ҳам байни мардум маъмул аст:
Бидеҳ наврӯзиам, ай ёри бедил,
Ки ман лабташна рӯйи санги соҳил.
Набуда суннати рад то ба ин дам,
Муроди ман кунад як бӯса ҳосил.
Ҷашни бостонии Наврӯз бо суннат ва рангҳои мулавван дар манотиқи гуногуни кишвар ҷилва дошта, сокинони Рӯшон бисёре аз ин оинҳои наврӯзиро то ба ҳол маҳфуз медоранд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Рӯшон