Ян Яя - рассоми ошиќи чашмњои тољикї
Бо бонуи рассоми чинї Ян Яя (Yan Yaya) моњи марти соли 2018 тавассути корманди Сафорати Тољикистон дар Чин Амриддин Носирї дар Пекин ошно шудам.
Истеъдоди фавќулода, нигоњи нав ва сабки ба худаш хоси Яя њузури ўро миёни дигар рассомони Чин чашмгир намудааст. Асарњои офаридаи рассом бинандаро ба дунёи зебоии руъёњо мебарад, то худаш он гармї, латофат ва муњаббати саршори муаллифро, ки њангоми эъљоз ба асарњои офаридааш эњдо намудааст, эњсос намояд.
Дар яке аз рўзњои бањорї, ки пойтахти Чин - шањри Пекин одатан ѓарќи гул мешавад, Яя маро ба устохонаи наќќошии худ хонд. Аз тамошои асарњои офаридаи ў моту мабњут шудам. Аз њар гўшаи устохона чењрањо ва чашмњо сўям менигаристанд ва гўё бо ман њарф мезаданд.
Мањз њамон рўз ба як суоле, ки аз лањзањои нахустини ошної бо ин устои чирадаст ва асарњои ў дар фарози андешаам чарх мезад, љавоби даќиќ пайдо намудам. Ба саволи «Илњоми Яя аз куљо сарчашма мегирад?».
Аз мањсули эъљози рассомони бузург аксарият бархўрдоранд. Дар дунё шояд кам касоне бошанд, ки дар бораи офаридањои Пабло Пикассо, Густав Климт, Клод Моне ва ё Энди Уорхол чизе надонанд. Аммо, саволе ба миён меояд, ки манбаи илњоми ин бузургони њунар њангоми офаридани асарњояшон чї ва ё кї буд?
Пабло Пикассо аз ишќ ва бонувон илњом мегирифт. Рассоми маъруфи испанї дар зиндагї ду маротиба издивољ карда буд ва бештари офаридањояшро ба бонуњои нозанини дўстдоштааш бахшидааст. Ин љост, ки симоњои занон дар асарњои ў рангин, воќеї ва љаззоб ба назар мерасанд.
Рассоми амрикої Энди Уорхол, шояд бовари кас наояд, аз тамошои телевизион илњом мегирифтааст. Энди рўзи дароз метавонист аз назди телевизор дур наравад. Бахусус, мусиќии рок-н-ролл ба ў илњоми тоза мебахшидааст.
Анри Матисс - рассоми барљастаи фаронсавї ошиќи табиат буд. Мегўянд, ки моњи майи соли 1906 Матисс ба Алљазоир, ба шањри Бискра рафт ва ошиќи табиати зебои он гардид. Баъди бозгашт ва бардошти илњоми саршор аз табиати муъљизакори Шарќ, ба эљодиёти Матисс истифода аз наќшу нигори ин кишвар, бахусус усули арабї (итал. arabesco) ба якборагї ворид гардид. Яке аз асарњои Матисс — «Les coucous, tapis bleu et rose» — моњи феврали соли 2009 дар Хонаи музоядаи Кристис ба 32 миллион евро ба фурўш рафтааст. Ин асарро рассом соли 1911, замоне, ки дар ќалбаш илњом аз табиати Бискра љўш мезад, эљод намуда буд…
Меоем сари хонум Ян Яя, ки соли 1964 дар шањри Сиан, музофоти Шэнсии Чин ба дунё омадааст. Ў хатмкардаи факултаи санъати тасвирии Донишгоњи этнологии Шимолу Ѓарби Чин буда, аспирантураи Академияи марказии санъати тасвирии Чинро ба итмом расондааст. Узви Академияи миллии санъати тасвирї ва хаттотии Чин, профессори Донишгоњи омўзгории Гуйчжо, профессори Академияи санъати тасвирии Ќошѓар мебошад.
Аммо, аксари асарњои офаридаи Яя, бахусус дурдонањои эъљози ў аз маљмуаи осораш «Ян Яя - Офтоб ва Фаришта», «Зери кўњ - кўњи асарњои Ян Яя» ва «Фариштањо», ки чандин љоизањоро сазовор шудаанд, як чизи тамоман наву нодир дар санъати тасвирии Чин ба њисоб мераванд. Домани эъљози Яя фаротар аз Пекин, то шонаи ќаторкўњњои Њимолой рафтаанд.
Ян Яя шефтаи минтаќаи Помири Чин аст. Дар ин љо чинињои тољиктабор бо расму русуми миллии тољикии худ кору зиндагї доранд. Аз 56 оилаи ягонаи этникї мањз чинињои тољиктабори Тошќўрѓон, Ќошѓар ва умуман Помири Чин њамчун ориёињои авруосиёї, таваљљуњи хоссаи ин бонуи рассоми чиниро ба худ љалб кардаанд. Бинобар ин, беш аз 20 соли њаёту эљодиёти худро ба офаридани чењрањои тољикони ин сарзамини кўњистони Чин бахшидааст.
Манбаи илњоми Ян Яя чист? Илњоми Ян Яя, ба назар аз чашмањо, нигоњњои чинињои тољиктабори Помир сарчашма мегирад. Ў чењрањоеро офаридааст, ки аз дидани онњо кас сер намешавад. Дил мехоњад дурудароз ба чашмони чењрањои офаридаи Яя бингарад. Онњо бо бинанда дар њар гуна њолат, гоњ - гоњ хамўш - хамўш, мањзун - мањзун ва ё гоњ - гоњ барќсо - барќсо њарф мезананд.
Дар урфият мегўянд, ки чашмњо оинаи ќалби инсонанд. Метавон тавассути чашм ба умќи дилњо назар афканї… Ман ба њунари волои бонуи рассоми чинї Ян Яя сидќан каф мекўбам. Ў тавонист, ки тавассути чашмони калони кабуди обї ба умќи ќалбњои тољикони Чин - мардумони хушбахту саодатманди ин кишвари пешрафта, орому осуда ва сароњанги љањони имрўз назар афканад. Ормону ниёишњо, орзуву хостањои онњоро бо мўќалам ба риштаи баён бикашад.
Ян Яя тавонист, ки аз миёни мардуми миллиарднафараи Чин, ки дар њунар, фарњангу санъат ва њар навъи дигари ихтирооту эљодиёт дар љањон њамто надоранд, њамин гуна донањои хурду кўчаки марворидро аз домону шонањои кўњистони Помир љуста - љуста пайдо кунад ва ба маърази намоиш гузорад.
Муњаммад ЭГАМЗОД