Ҳатто куҳансолон низ бо як ҳисси эҳтиром ба ёд меоранд: аввалин муаллим, аввалин дарс, аввалин ҳарфу ҳиҷо.
Мо ҳама ин аввалинҳоро аз муаллими аввалин омӯхтаем. Ӯ аз рӯзи аввал дасти моро мегираду қадам ба қадам оламу одамро ба мо мешиносонад. Маҳз ӯ ба мо хушхату хушрафтору хушбахт буданро меомӯзонад. Ва давоми чор соли ҳаёти мактабӣ по ба пои мо меравад. Маҳсули заҳмати аксари муаллимони аввал дар ҳар муваффақияту дастоварди нафаре ҷой дорад. Ҳоло атрофи бонуе ёд меорем, ки 30 соли умри худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудааст. Ва бо нони муаллимӣ рӯзгор бурдаву аз интихоби пеша қаноатманд аст.
Нодира Ибодова дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз хурдӣ меҳри пешаи омӯзгорӣ дар дилаш ҷой дошт. Падар мудом мепурсид, ки оянда кӣ шудан мехоҳӣ, ҷавоби ӯ ҳеҷ тағйир намеёфт: «Омӯзгор!» Соли 1992 Нодира муҳассили риштаи психология ва педагогикаи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) шуд. Муҳаббати кӯдакон ӯро ором нагузошт. Нодира пас аз дарс дар боғчаи рақами №78 - и пойтахт ба кор шуруъ намуд. Равиши кор ба таҳсили ӯ халал ворид накард, ӯ духтари аълохони гурӯҳ буду роҳбарии гурӯҳро ба ӯ бовар карда буданд. Нодира зарур донист, ки таҳсилро дар риштаи муаллими синфҳои ибтидоӣ дар донишгоҳи мазкур идома бахшад. Шуруъ аз соли 2001 дар мактаби хатмкардаи хеш МТМУ рақами 34 дар қатори устодонаш ворид шуд ва сӣ сол аст, ки кӯдакону наврасонро таълиму тарбият медиҳад.
Хонандаи имрӯз кунҷков аст
- Аз солҳо 90-ум то ба имрӯз мебинем, ки фарқияти хонандагон аз замин то осмон аст. Бачаҳо хеле кунҷкову зираканд. Дар доираи як савол чанд саволҳои дигарро пайдо менамоянду ҳама паҳлуҳои масъаларо фаҳмидан мехоҳанд. Мо мекӯшем, то ҳар рӯз бо диди нав ба синф ворид шавему хонандагонро ба дарс дилгарм намоем. Хеле муҳим аст, ки машғулиятҳо на танҳо пурмазмун, шавқовар ҳам бошанд. Ҳар як дарс ҳадафмандона гузаронда шавад. Кор дар гурӯҳ, эҳтироми ақидаи ҳамдигар, омӯзондани чизҳои нав, ҳавасмандгардонӣ мақсади асосии муаллим аст, - мегӯяд Нодира Ибодова.
Нодира дарсҳои табиатшиносиро дар саҳни мактаб мегузаронад. Зеро дар ҳавои кушод ҳатто сусттарин хонанда ҳам метавонад ба саволе ҷавоб ёбад. Ва иҷозат медиҳад, ки хонандагон дар навиштани матнҳо аз чанд ранг истифода баранд. Бовар дорад, ки истифодаи доимии ранги кабуд хонандаро дилгир менамояд, рангҳои гуногун шавқу завқи онҳоро бармеангезанд. Дарсҳои кушоди муаллимро хонандагон мунтазир мешаванд.
Хонандагони синфи ӯ дар ҳама фанҳо фаъоланд. Расмҳои кашида ва сохтани ҳар гуна қаҳрамонони афсонаҳо ба синф зебоии дигар зам намудааст. Худи муаллим ҳунари хуби рассомӣ дорад, ки ин ба хонандагон низ таъсир гузоштааст. Дар дарси забони модарӣ аз рӯйи нақл хонандагон ҳар яке нақши қаҳрамонеро мебозад. Дарси математика низ басо шавқовар мегузарад. Дидани ин манзара касро ба ёди мактабхонӣ мебарад. Ва омӯзгор тавониста, ки дар дили ҳар хонанда ҷой ёбад. Аз Мадина ном хонандае мепурсам: «Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?». Бо табассум иброз медорад: «Муаллим».
Психолог Н. Леонтйев навиштааст: «Мушкилоти омӯзиш, пеш аз хама, мушкилоти психологии муошират аст. Муоширатро тавре ба роҳ монед, ки он тамоми хонандагони синфро фаро гирад. Ва ба ҳар як хонанда алоҳида муроҷиат карда шавад. Ҳарчанд мушкил, вале имконпазир бояд бошад». Ҳамин усулро дар дарси омӯзгор дидем, ки ӯ ба ҳамаи хонандагон муроҷиат мекард, барои пурратар кардани фикре нафари дигарро имкон медод. Нодира иброз дошт, ки муаллим бояд ба кӯдак муносибати хуб раво бинад, то хонанда ӯро бегона напиндорад.
Дар МТМУ №34 сафи муаллимбонувон нисбат ба мардон зиёдтар аст. Нодира Ибодова аз ҳайати омӯзгорони мактаб розӣ асту аз дастгирии ҳамдигарӣ қаноатманд. Тавре маълум аст, шумораи занон нисбат ба дигар сохторҳо дар соҳаи маориф бештар аст. «Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд», - зикр ёфтааст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар.
Фарқ
- Фарқи мактабҳои хусусӣ аз мактабҳои давлатӣ дар чист? – пурсидем аз муаллима.
- Фарқиятро танҳо дар соатҳои корӣ мебинам, мактабҳои хусусӣ соатҳои корӣ бештар доранду дар як баст таълим медиҳанд. Вақти мо маҳдудтар асту дар ду баст дарс мегузарем. Дарсҳо аз рӯйи як барномаи таълимӣ мегузаранд. Дониши бачаҳои мо низ дар сатҳи онҳост. Омӯзгор дар ҳама ҳолат омӯзгор аст, ҳамеша дар пайи таълиму тарбияи насли миллат аст, - мегӯяд муаллим.
Омӯзгорӣ пешаи пуршарафу пурифтихор аст. Барои таълим додани дигарон заковати бештаре лозим аст. Омӯзгор дар ботини шогирд эҳтиром, муҳаббат, садоқату савод ва ахлоқро мепарварад. Ӯ дониш, истеъдоду умрашро сарфи шогирдон намуда, мӯйи сиёҳашро дар ин роҳ сафед мегардонад. Нодира Ибодова аз ин шумули устодони собиқадори мактаб аст, ки умри бобаракати худро дар ин макон сипарӣ намудааст. Ифтихорманд аст, ки ду фарзандро ба камол расондаву дар хизмати халқ вогузоштааст. Муаллими меҳрубон имрӯз шаҳди ширини зиндагиро бо ду фарзанду ду набера мечашад.
Фарзона Восеева