Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои тоҷикон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих оғоз мегирад.
Ва эҳёи таҷлили ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд падидаест, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Рӯй овардан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Имрӯз ба шарофати даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва ғайраҳо басо бо тантана ва хотирмон доир мешаванд, ки боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, хосса насли наврас мегарданд.
Оид ба таърих ва пайдоиши Ҷашни Сада ривояту ҳикояҳои зиёде аз ҷониби Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ, Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» омадааст. Ҳамчунин, шоирони бузурги тоҷику форс дар шеърҳои хеш аз ин ҷашн ёд кардаанд:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст.
Унсурӣ
Омад эй сайиди аҳрор! Шаби Ҷашни Сада,
Шаби Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чунон ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Май хӯр, эй сайиди аҳрор шаби Ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале аз одати аҳрор бувад.
Манучеҳрии Домғонӣ
Ҷашни Сада ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодист, ки инкишофи тамаддуни башарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ Ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.
Иди Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ мебошад. Дар ин давра кишоварзон дар соҳаи рустанипарварӣ ҳамаи захираҳои тухмиро аз назар гузаронда, техника ва мошинолотро омода месозанд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза, боғу токзорҳоро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарм ва бо нурӣ таъмин месозанд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхоб мемонанд.
Чорводорон омодагиҳоро барои нигоҳубину хӯрондани чорво, гирифтани насли солим ва парвариши он равона месозанд.
Олимону омӯзгорон дар ин давра бо мутахассисону деҳқонон дар асоси таҳлили истеҳсолоти кишоварзӣ семинар - омӯзишҳо доир намуда, онҳоро барои самаранок истифода намудани обу замин ва гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Тамаддуни илмӣ идҳои чоргонаи кишоварзонро аз ҷашнҳое медонад, ки бо худ покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро ҳамроҳ меоранд.
Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ инсониятро хавфи норасоии ғизо таҳдид менамояд, Бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои ҳар як кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дошта, аз ҳадафҳои асосӣ қарор гирифтааст.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишоварзон, татбиқгарони ҳадафҳои амнияти ғизоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Барои татбиқи вазифаҳои дар назди олимон гузошташуда, зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши офтобро самаранок истифода бурда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ гирифтани ду - се ҳосили зироатҳои кишоварзиро дар амал татбиқ намоем.
Ёқубҷон УРОҚОВ,
корманди АИ КТ