Гоҳ - гоҳе дар экрани синамо падид меояд. Вале муносибу арзанда, зебову зебанда. Ба иқрори бузургони ҳунар, ӯ воре ҳунарпешаи асливу табиизода кам мерӯянду ҳастанд.
Агар аз ҷавҳари ҳунари ӯ ба жарф бофиру кофӣ донистан хоҳем, мутмаинам, ки тамошои намоишномаҳои телевизионии писандидаву пазируфтаи мардум дар мисоли «Армони модар», «Ҳарос» ва «Бегоҳи шанбе» басанда аст, чаро ки ин офаридаҳо маҳорати бозигарии ӯро ҳам дар аҳди ҷавонӣ инъикосгар асту ҳам миёнсолӣ, низ дар доди солорӣ, ки худро ба сифати як ҳунарпешаи пурмаҳорат нишон додааст.
Равзанаи ошноӣ
Дар хонадони марди ҳушманду донандаву огаҳи санъату фарҳанги ғаниву ҷавҳари ҳунари зотиву асил Рустам Қурбонов ва зани фариштахӯ Ҳанифа Мирзохоҷаева 10 ҷигарбанд ба воя мерасидаву булуғ мешудаву даври волидони хеш шабеҳу шумули парвонаи шамъи рӯшани рӯзгори худашон пару бол задаву дар ҳавову ҳавасҳои фурӯзандаи бачагӣ, дар дунёи беғашу ории олоиши кӯдакӣ, дар таъсири ангораҳои зебои овони тифлӣ, ҳар кадоме бо хислату рафтору кирдори хоса, хурраму шод зиндагии омӯзандаеро гузора мекард, ки ту гуфтӣ, падару модар ба ҷиҳати таъмини рӯзғор талош мекарданд, то фарзандон аз чизе камӣ надошта бошанд.
Миёни хоҳарону бародарон Сабзагул духтараки чолоку чаққон, часпону дидадарои ҳамагон ба шеваи ширини лафзи баён басо содаву зебо, дилчаспу гуворо атфоле буд, ки ҳам волидон ва ҳам дигарон аз ӯ ба андозаи тамом ризо буданд. Таърихи таваллуди Сабзагул ба соли 1952 рост меояд.
Дабистон
Ба вақти таҳсил дар дабистон, Сабзагули шайдову пурҷӯшу сарсупурдаи ҳавасрезаҳо, шомили тими ҳаваскорони мактаб шуду дили лабрези ҳаваспораҳояшро дар шумули як бағал орзуву армон манзури дидаи мардумон месохт, ки бад-ин шеваву васила таҳи қалбашро сабукӣ мебахшиду мамнун аз кору пайкораш буд.
Ҳарчанд дар аввал қиблагоҳаш мехост ҷигаргӯшааш, Сабзаи сабзи боғи умраш, духтари ширину дӯстдораш табиб шаваду дармони дарди дигарон, аммо ҳайҳот, ки кайҳо гӯшаяки қалби Сабзагули лолаи тозашукуфти хонадонро сеҳри соҳири ҳунар маскан гирифта буду сафинаи орзуҳояш ба соҳили мурод раҳ паймудан дошт.
Донишҷӯӣ
Соли 1969 Сабзагул мактаби миёнаи № 5 - уми зодбумашро ба итмом оварду бо сари баланду рӯйи сурх масири пойтахтро пеш гирифту баҳри қасди шикасти армонҳои андсолааш, ки фарои марзи хоҳишҳояш дар андозаи гирдоби гардуни гардон гирифтор гардида буд, ба риштаи бозигари драма ва кинои назди Институти педагогии Душанбе, феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки баъдан донишкадаи мустақили санъат дар бинои дигар таъсис ёфту унвон гирифт, ҳуҷҷат тахту дуруст карду супурду унвони донишҷӯиро ба номаш муҳр заду аз устодону саркардагону роздонони пеша сабақ омӯхт. Бо ҳамин шева Сабзагул Қурбонова панҷ сари сол дар ин даргаҳ таҳсил ва ҳунари актёрӣ ёд гирифт.
Соли 1971 як даста хатмкардагони риштаи актёрии шаҳри Москва озими Душанбе шуданд. Неруву тавон, ғайрату ҷасорат ва ҳунари асилу кофии аҳди шабоби эшон басо бисёр буду бофир ва ба шарофати онон театри нав ба фаъолият пардохт, саҳеҳтараш Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. Сабзагул Қурбонова соли 1974 баъди поён овардани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бо ҷамъи чанде аз ҳамсабақонаш дар театри мазкур ба фаъолият пардохт.
Рӯзгор
Зиндагии Сабзагулу Додихудо ном марди масири мардӣ 27 сари сол идома ёфту дар хонаводаи онҳо 6 гулдухтар паси ҳам манзили ишқободашонро пурнуру чароғон мекарду кошонаашон лабрези шодӣ буду сарвару шоҳсутуни устувору пойдори хонадон Додихудо. Сабзагул дар театр фаъолият мекарду ҳамсари дӯстдораш дар дабистон дарс мегуфт.
Соли 1995 Додихудо Бурхвалишоев аз олам даргузашт. Сабзагули бо фиғону фарёду вовайло дар чорсӯйи зиндагӣ бо духтаронаш монд. Сабзагул қасди тарки театр кард, аммо фарзандонаш ба ин андешаи ӯ зид баромаданд.
Сабзагул дар театр ҳамоно заҳмат мекашид. Духтаронашро калон карду хононду хонадор кард.
Сабзагул гулдухтаронашро аз аҳди бачагӣ бо саҳнаи театру дар ин радиф муқаддас будани он ошно карда буду онҳо ҳам гоҳ - гоҳе нақш меофариданд. Ҳамин ангеза асар кард, ки ҷигарбандаш Таҳмина хост ҳунарашро тариқи пардаи синамо нишон бидиҳаду собит созад, ки зодаи дудаи пурнури модараш мебошад. Дар силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар» нақши зани дуюми Нозимӣ, яъне Шаҳнозаро фарзанди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзагул, Таҳмина Бурхвалишоева офаридааст.
Ҳунар
Намоишномаҳои телевизионии «Ҳарос», «Армони модар», «Бегоҳи шанбе», «Ҳаёт ва ишқ», филмҳои «Қиёми рӯз», «Баррачаи хаёлӣ», «Шамсиддин Шоҳин», «Мутақарнай», филмҳои бисёрқисмаи «Саргардонӣ», «Дар орзуи падар», «Беназир», «Арӯси замонавӣ», барномаҳои рангину ахлоқии «Беғараз панд», «Хоби ширин, хурдтаракон» ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки бо ҳунари волои Сабзагул Қурбонова манзури мардум шудаанд. «Армони модар», ки офаридаи коргардони саршиносу маҳбуби тоҷик Соҷида Ғуломова мебошад, Сабзагул низ дар он нақши лаҳзаина, аммо хотирмону самимӣ офаридааст. Нақши ҳамшираи шафқатро.
Ҳолову ҳозир Сабзагул Қурбонова дар симои як модари барнодилу бузургу бебаҳо шамъеро мемонад, ки фарзандону набераҳояш даври сараш парвонаанду шаҳду лаззату ширинии зиндагияшро таъмин месозанду муҳаббаташро ба онҳо қисмат мекунад.
Лутфуллои АЗИЗ