Ёдномае аз осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Асное аз як хонаи кунҷакӣ фиғони ғурӯшхези додталабии занона ба гӯш расид. Соиб, ки аз бошишгоҳи назомӣ бо супорише кӯчаи валангорро гузаштан дошт, бе истубист ба ҷогаҳи садохез давид. Ба пушти тирезае, ки фарёди зор - зори занона беш аз пеш мепечид, ноаён худро паноҳиду ҳол гирифт. Ду тарғели албастӣ марду зани миёнасолеро шаталат дошт. Духтараки паривашаке бо пӯшоки куҳнаву побараҳна бо ранги озору азиятрасида аз дасти яке канду худро ба болои пешпоиёни ба хуну халов оғӯшта партофт. Якеи пархошгарон, нарғули, гуфтӣ, нав аз биёбони ваҳшу дад хамбида, ҳушкандаи мурдақаторӣ дар талвосаи васли одамизода духтаракро шамол воре таҳи каш карду ба буруни дар бароварду даҳонашро ба латтаи сараш баст, ки зунук паси ҳалқ гирад. Сипас, шохмолакаш ба боғчаи анбуҳи бари ҳавлӣ даровардаш.
Соиби шаш сари сол пойдароташу обу хоки хунолуд андохтаву гӯӣ дандон ба санг тез кардаву даму дуди забони немисиро омӯхта, борҳо бо фанди он фашисти истилогареро ба эътибори «забон» кашолаву пуштора ба ситоди ҳарбӣ расонда, аз истинтоқи он ду ғулбанг фаҳмид, ки немисзодагони зиддифашистиро ба итоб гирифтаанд. Худ суп - сурх фашистонанд.
Соиб дигар фурсати чашмандозӣ надошт. Парид, шервор ба наҷоти духтараки дастбуридаи поки таги боғ. Фашисти бараҳна, дар ҳоле ки даст ба зинои ваҳшиёна ёзонданӣ буд, муште дар шили гардан хӯрд, ба зӯру вазни путки оҳангар ва тунук шуд ҷо ба ҷо, беовоз, нафасбанд. Духтарак ҷаҳиду худро ба гардани навҷавони гурдпайкари наҷотбахш овехт. Соиб ӯро бо ишорати «хомӯш» дар паси дар шинонду вориди хонаи тазалуми исёниён гардид. Марду зани ба серии сер шатахӯрда наёрастандӣ ҷумбидан. Ғулбанг - фашист аз «ташриф» - и ғайриинтизори низомипӯши советӣ тар кард. Асирони ба хун андуда, ба дидане ки аскари сурхро диданд, гӯӣ, бо ҷону ҳанги нав пар ёфтаву дар паҳлуяш рост шуданд. Фашист ҳамоно чун ходаи қоқ рост рӯи по истодан дошт, ранге ки аз нафаскашӣ ҳам монда.
Соиб силоҳро ба китф кашиду рафт ба наздаш ва чунон лагади машқие ба синааш хӯронд, ки ба мушти Азроил ҳамгир. Фашист дар пеши пои асиронаш ғуромбас чапагардон ба замин часпид: мағзи сараш начошиду халос. Фашист морона печида дар нафасаш. Соиб ба марди раҳохӯрда фармуд, ки бибанд дастонашро ба тасмаи худаш. Мардака они воҳид фармон ба ҷо овард. Зан давид ба оғӯши духтараки раҳида аз қапи барзангии беномуси сангу оҳанбаста ба рӯй.
Соиб шитофт ба назди он забунгири номарди хокдаҳани таги боғча. Ӯ нав хеста гирдзону сару рӯй молиш медоду капалаи варамидаи пушти сарро хор - хорак, фурӯ рафта ба андеша, ки чи зарбати сангине хӯрда, аз куҷо? Ҳангоме ки аскари сурхи (сарбозони шуравӣ бад - ин унвон маъруфият доштанд) шерандоми дамонро дид, ҷо ба ҷо дароз кашид худро ба қатори мурдаҳои ҳазорсола часпонда. Аммо барои Соиби сар аз кайфар сабуксоз ними нафасат ҳам мабод, ки шарори дунёсӯз аст душман. Чанг ба гиребонаш заду манаҳҷуқ (хафа кардан) хезондаш ва мардаку занаку духтараки ҳамроҳашро фармуд, ки фашисти дастбастаро аз паяш пеш андозанду роҳ гиранд.
Дар ситод ба таҳқиқ расид, ки ду нафар фашисти қотил ба қап хӯрда ва.се нафараки гитлершумбин халосёфта. Аз он рӯз ба пас духтараки рӯй рангин, мӯй рангин, ҳарф рангин бо гашти рангин ҳамроҳи модар ё падар фурсат ба фурсат мешитофтанд ба хабарпурсиву навозиши Соиби некусиришти халосгарашон. Ба кулчаву панираке, се - чор себаку кафи мавизаке (дар муҳити Берлини харобзор) дида ба дидор мерасонданд.
Фридаи орзупарвари дилпоку рӯпоку дидапок дилшудаи муташаккир, аз ҳар вохӯрӣ носер бармегашт: ҳамоно гушнаи табассуму нигоҳҳои ғурурманд, аммо барои ӯ аҷаб меҳрогине, бо тови ховандӣ, сарпарастӣ ва умеди растагориву пуштибониву офиятбахши ҷавони луп-луп лутфу хушиву ширингӯии тоҷикона. Ва Соиб ҳамчунин гушнаву ташнаи зор мемонд, мисли ташнадиле дар ҳоли ҳалок аз қатраи об. Ошиқ шуда буд немис.…Хеле солҳо ба баъд дар нишасте шахси маъруфи сарзамини Вахё, қаҳрамони меҳнати машҳур дар саросари Тоҷикистон Талбак Садриддинов аз толоре шахсияту нуфузи давранишинони перомунашро пурсонӣ кард, чун мурғи таъриф ба сари «ин бародар, Муҳаммадҷон -писари Соиб» нишаст, қаҳрамонраис аз ҷо хесту даъват фузуд:
«Ку ин ҷо биё, бинамат, бачаи биёр. Ӯ падари ту воре баҳодур дар хоки кӯҳистони мо ками дар кам гузашта. Аз ҷигари Берлин ҳамсари олмонӣ овардаеее…! Ба ҳамон қадри ҷанговариш, худораҳматӣ нондеҳу мададрасони мардум буду дастгиру пуштибони заифу нотавонон. Ҳар ду раиси колхоз будему колхози ӯ аз колхози мо мудом пешрафтагӣ дошт. Мудом либоси ҳарбинамо ба тан, бо мӯзаи хиром, шими гелефӣ, тасмаи аскарӣ, кирдору рафтору қатъияти коргирии низомиш. Намеёбам каси дигареро ки дар ҳисоби мардакигарӣ дар бараш бишнонам. Оростагии низомиву хуву хислати часпони доиман шергираш одамро чӣ дар меҳнат ва чӣ барои номуси як рӯзи нанговарӣ дар пушти кишвару хонаву дар тарбият медод. Фарзанди ӯ бошӣ, беназар нестӣ, бачам.»
Аз аҳли суҳбат марди обруманде сари овози раиси қаҳрамонро гирифт. Ӯ ҳам деҳқони машҳури соҳаи пахтакорӣ, сарфарози ордену чандин нишону медалҳои пурарзиш, Абдураҳмон Валиев:
«Акараис, - рӯ овард ба Талбак Садриддинов, - Шумо ҳоло аз сафдариву майдондориву ақлу ҳушу тани шергирашу арӯси аз ҷигари Гирмон канда овардааш сифат кардед, ки ақли кас намегирад. Аммо акаи ҷон, ӯ ошнои ҷанговари зафарманди шумо дар чашми ман аз давраи сағерагиву бе касу кӯйим то ин дам сурати фариштаи некхӯву амину роҳатрасону сармоли бечораву ятиму маризу муҳтоҷ метобад, то ҳамин дам. Борҳо гуфтаму боз қисса кунам, ки бо очаму хоҳари касалмандам мондем бекасу кӯй. Тағоии Соиб рӯмона ай хок бардошту бар арки шоҳӣ шинонд. Гап, ин ки то падар дар болои сарамон тоҷварӣ дошт, амакҳои дар як хонадону як сари табақ ҳамбарамон, якдилу меҳрубону хешпарвар буданд. Ҳамин ки падар хоки хунукро қабза кард, мо ятимаконашонро дар як хонаи кат - кат нарасид ҷойи сармониву помонӣ. Занҳои амак ҷилу пӯстакамонро дур ба кӯча ҳаво доданд.
Яке дар сарам зад: бидавам пеши раиси колхоз, ки тағоии Соибаш мегуфтем. Гирёну ларзонам диду ба наздаш шинондам. Ҳол гирифту ба тобеонаш фармуд: зуд рафта бору буни ин ятимаконро ба яслӣ биёред, таъмир кунед, чени имкону хонашинашон бигардонед. Дастамро гирифту ба яслӣ бурд, Дар погаҳу бистари худ шаб аҷаб хоби хуше рафтем.
Рӯзи дигар дидам, дунё ба ҷумбиш омада: мардони устокор девори яслии нав афроштан доранд. Тағоии Соиб дасту остин бар зада сатили лой мебардошту васаву пӯлича ҷо ба ҷо мекард. Касе садо кард:
«Акаи раис, худтона ғам додед, ҷой барои се кас зарур буд ё барои ҳамаи кӯдакони қишлоқ? Ай ҷавобуш то ҳозира дилум ов мехӯра: «Кӯдакон заруранду ятимон заруртар.» Ӯ илтифоти тағоии Соиб ҳамаи мукофотҳои давлатира бар мезана.»
Хуб, кунун боз мегардем ба қасидапардозии Фаридабону андар ситои ёри бараш, ними танаш, сутуни ҷону ҷаҳонаш, ноҷии умраш –Соиби тоҷикаскари дар ватанаш озодиву амониро ба қимати хунаш аз фашистон ситонида.…Рӯзе командири рота Сергеев, ки Соибро фарзанди ҷонӣ мехонд, лутф фармуд: «Соиб! Моро гитлерчиёни фашист ба хуну маргу маҳв кашонданд. Аммо мардуми немис аксаран хуштарбияту боилтифоту эҳсонанд. Бигир ҳамин духтараки ситорарӯи аз паят шефтаю шайдоро ба занӣ. Давлати худододе аз дарат медарояд. Аз хизмат, ки ҷавоб шудӣ, мебариш ҳамроҳ. Ира бин, кӯҳистони торики туро рӯшанӣ мебахшад. Меравад то паси кӯҳи Қофа бут кашидаву дастобадаст. Бой надеҳ. Духтархони роташ қабул мекунем. Як хоначат меёбем. Заҳру зуқуми ҷанги ҳаштсолата мебарорӣ майда –майда!
Рухсат аз командири қисм ҳам бо муҳр расид. Аҷаб тӯи хушрӯе фурӯзид перомуни сарири шаҳи тоҷикиву шоҳинаи немисӣ. Ҳамтоён чанд соатаке силоҳи одамкуш ба кунҷаке пинҳонӣ фуриданд. Ҷомаи лутфу хушиву зиндагисоз ба тан карданд, дастафшону покӯбон ба сози «гармошка» - и саҳроӣ дарҳои кушандаи ҷангро пӯшиданд, заҳру зуқуми зангбастаи чашму дилро пуф карданду пок ба хоки фаромӯшӣ афканда.
Шояд он маҳалли хундориву сангаршиканиву оташгирониву ҷонкоҳиву оҳандоғи интиқому ҳақситонӣ ин тӯяки шаҳбачаи дур аз очаи нишона аз дудмони тоҷик аввалин саҳнаи шоҳбаророну арӯсороиву баргаштан ба тахти ишқу алоқаву нишоти инсонӣ, оғуштан ба зиндагии рангоранги сабзонишу гулфишон буда бошад дар ҳама манотиқи палағдаву тикапаркани Аврупо аз наъли пойи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон. Командир, Сергеев ба сарбозони тӯйпардоз лимонад эҳдо мекарду таъриф менавозид: « Ҳо наре! Ҳо наре! Ҳо тоҷики афтовлӯтии Шарқе! Гитлер агар табли ҷанг хезонду тобути нестӣ, ту нашъати ҳаёт зинда кардӣ! Бо ишқу эҳсони одамизодагӣ ТӮЙ АНДОХТӢ!!!
Командир аз ҷайби тасмаи тиркаши миёнаш қупақчаи рангине бурун кашиду аз дарунаш нигини дурахшоне ба чашми тӯйдоронаш намоид. Ва назди арӯс омаду ангушташро ба нигини туҳфаи шоҳона дурахшонид (гавҳари гаронбаҳоро ҳамяроқон аз ҳисоби як тангаву ним тангаи пасандози дар ҷайби сарбозӣ омехта ба хоку хун барои рӯзи мабодое ҷамъ карда буданд).
Баъдҳо, солиёни дароз он ҳамнабардони шоҳмард аз дуриҳои дури ҳар бару гузари олам он тӯяки бо гулҳои оташ, бо навҳаву хонишҳои оташин, бо меҳрҳову нигоҳҳову умедҳои оташин оростаашонро чун беҳин ёдгори даврони ҷавонмардиву душманбарафканиву футуҳот ба Соибу Фарида хату хабари ошноӣ мефиристоданд. Нақш дар санг,-мегуфтанд он хотирхушбошро…
Сатҳи истгоҳи поездгардиши шаҳри Киевро, гуфтӣ, фавҷи лаппаи одамӣ тандуру чароғак афрӯхта. Издиҳоми пурғурӯшу пурҷӯши ҳамватанон ба истиқболи фотеҳон байрақи зафар афрохта, дар Рейхстаги фашистӣ: гурумб - гурумб шаҳри солҳо мӯйида ба зери абри хунбори ваҳму амвоту хаймаи асоратро, гӯӣ аз рахти тобут ба ҳуш оварда. Шиор:
«Эй ба дидаам торик, моҳи осмон бе ту!»
Қатораи вагонҳои пуропури сарбозону аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ дар миёни издиҳоми гулпошу ашки шодирезу пойбӯси наҷотбахшони худ истод шуд.
Аз вагони пеши пеш, ки сару барашро шиор - овезеҳои «Гитлер капут! Капут ба ёрони ҷопониш! Манҷурия таслими бе чуну чаро! ҷилва мебахшиданд. Як ҷуфти оҳурӯи чолок, яқин дар дидор - дугонаи ҳамсар дастобадаст аз вагон фуруд омаданду ба оғӯши издиҳом уфтоданд. Ба гардани ҳар ду гулчанбар овеза шуд. Ҳар ду ҷавону бонуи озода, саропо гулрез,чобуку чолок ҷамъияти пешбозро фарх карда, ба сӯе шитобидан доштанд: сесоата фурсати танаффуси эшелони ҳарбӣ вақти танги танг буд барошон.
Соиб пеш - пеш, Фрида пайгираш: ҳарду вориди дарвозаи беморхона шуданд, ки шикофи тирхӯрдаи шонааш ҳамин ҷо рӯ гирифта буд. Ҳама духтурону хидматгорони госпитал фарзандвор дӯсташ доштандӣ ва шифои комил атош хостандӣ. Аз ҳама бар, зани немистабори русшудае чун писар шабҳо дар тори сараш чароғ воре даргирон буд - парастораш. Кунун дар ин соат дидори ҳамон модархонди муродраси дастгир чун наволаи поин ҷондамони дами гушнагӣ воҷиб шуда. Ва ёфт ӯро. Хуб пазироӣ карданд якдигарро чун бадавлатрасидаи хушнуд.
Жанна Никифоровна - исми мизбон, аз ҳамроҳи писархондаш пурсон шуд, ки товуси шириншамоили гулхиром ниҳоли кадомин боғест ва чӣ дастёбе?
Соиб дили очахонро рӯшан кард бо қудуму аслу насаби покизаи арӯсаш. Ва ба амонат супурданаш то бозгашт аз соҳофи разми пирӯзӣ бар артиши Квантунии ёвари фашизм. Жанна Никифоровна дубора оғӯшту бӯсиду молид арӯсро ва даст дод:
Бачаҷон, то омаданта синҳорма ранги як савғотии азиз рӯ - рӯи дасту пешонам мегардонум, як пиёла оба бе ӯ намехӯрум.
Соиб боз дуои модарона гирифту паровар шуд: чӣ кунад, агар ки нофашро гӯё бо теғи ҷангҳои ҷаҳонӣ бурида бошанд?! Ба пеш, аз пайи иҷрои амри ҳарбии гирифтааш – разм бо артиши Квантунӣ.…Дардҳову сӯзҳо ба ранҷи маъшуқаи хушдору дилшудаи умедкаши раҳпой нарасад.
Фрида сутуни ҷону дил, ёри ҳаётбахшашро бо чашмони борониву ҷигари чоку вок гуселонд. Ба зӯре сар аз каши ӯ канд, чуноне оҳани кафшерро. Ба толеаш ғурбатзадаро Жаннахолаи ҷигарсӯз бағал кушод.
Аммо чи тасаллову тарбият магар шӯри ишқро ба ислоҳ оварад? Эътибори эҳтиёҷ, дардмандӣ…ҷанг? Неее! Ишқ обест аз сангу оҳан таровида – яъне обсангу обоҳанаш гиред.
Фрида дар ду - се рӯзи аввал чеҳраи офтобиро бар ранги зарди гули хор супурду мудом дида ба уфуқи офтоббарои Шарқ медӯхту дили сӯхтаро ба бӯи аз Шарқ бодовардаи Соибаш шамол медод.
Ҷанги шарқӣ дер давом накард. Артиши Квантунӣ торумор гардид, мисли аждаҳои палағда-палағда. Ва хабари пирӯзии артиши сурх ва бозгашти ҷанговарон ба ҷойгоҳҳои муқимӣ чун талъати сапедадами баҳор ба дидаву дилҳо анвори сулҳу амониву осоишу давлати дидор расонд.
Фрида кунун вокзали истиқболи поезди муродро аз қади оҳанраҳи Шарқи Дур маъво гирифт. Дар чашми садҳо роҳиву гуселгару пешвозгир ҳар рӯзу шаб сурат мешинонд. Коҳидаи хастадил рӯмолчаи сабзеро парчам афрошта, ҳар қатораеро вагон ба вагон ба назар таҳковӣ мекард. Бӯву тафи Соибаш меҷуст. Мардуме овоза меандохт, аҷабо, и духтарак саҳнаҳои бетонира шила карда. Чанде шабҳоро дар сари нимкату харакҳои қоқоқоби чӯбиву бетонӣ ба ҳингилаи (пинак) ҳаросон рӯз мекард. Хуфту ғунудро Соиби азизи дилаш ба майдони ҷанг фиристода буд.
Вақтҳои ахир Жаннахола таку танҳош намегузошт. Ҳамроҳиш мекард, ки духтараки ҳушу гӯшбохта дар таги қатора напартояд худро. Ана, шармандагӣ. Биёву ҷавобша бигӯ ба Соиби ҷангкӯфтаи зор, ки бо ҳама қуввати бурзу бозӯи ҷаҳонмардии беқилу қол ба қатраи хуну тори рагу пайи Фридаи яккачини аврупоиш меларзид.
Қатораи нав истод шуду дави вагон ба вагони пешодумколи Фридаву Жаннахола оташ гирифт. Дар ҳамин ҳол яке буд, ки аз пушт ду кафи даст чашмони сурхидаи машки оби Фридаро пӯшонд. Набзи духтар гурумбас зад. Уфтод аз пой ва рӯмолчаи парчами сабзаш беҳаку ҳук дар миёни издиҳом. Шинохт Соиби хушомадашро аз ламси кафҳои тафсонаш. Ҳушу гӯшу биноӣ гум кард. Жаннахола худро болои ҳар ду парда фурид.
Издиҳом шӯр хӯрду ҷунбиши ногаҳонӣ аз ин дидори ҳайратангез. Ҳама дилсӯхтагони азизгумкардаву азизёфтаву хонумон ба хок дода дар ин ҷанги мудҳиштарини одамибарандози ҷаҳонӣ мӯйиданду гирйиданд талху зорузор сари ин манзараи аскарфуро. Фрида чашм кушоду гул ба чеҳрааш шукуфт.
Ҳамакнун, қиссагӯи мо бо исми таърифии дилхоҳи домулло Мурод – «Фаридамоҳи моҳи моҳ» достони размовариву намои ҷавонмардии муҳаббатбори Соибашро мехонду мехонду мехонд, дар диёри кӯҳистон ва ба як суоли ҳамешагӣ посух мегардонд:
- Э духтар, ту, ки як нимаи гудохтаи Соибӣ, ки ӯ ғамгусору ғамгусили ҳамагон аст, садои пойи нуҳсолабедаракиву бенишонишро ваҷаб - ваҷаб дар гӯш дорӣ, ба чӣ водид хатакеву хабараке нафиристод ба номи падар ё хоҳар, бигӯ!
Фаридамоҳ бо сабот ҷавоб медод, ки зинҳор ба зинҳор андеша ба шак маёлоеду назар сиёҳ магиред. Соиб ба ҷое раваду вазни худ гум кунад, ё нон ба равған бинад аз мурғукӣ (хамири ба хокистар омехта) ёд накунад. Аҳди наврӯзгордории бо ҳам аз ҷайбаш хатҳои секунҷаи ғиҷим - ғиҷим тар ба оби ҷигар мебаромад, ки аз ҳарфу баёни дарунашон кӯри гириста будам. Падару модару ёру диёру нон ба хун тар мекард. Ин ҷо шунидам, ки аз миёни мардуми кӯҳистон як ӯ навраси ҷавонтарин ба ҷанг фиристода шуда. Ба қавле, як гулаш нашкуфта, камони оташангез ба даст гирифт. Ва ӯ сириштаест, ки ба коре ҳиммат гуморад, то субуташ даст ба кори дигаре наёзонад. Яқини дгар ин, ки Соиби ман наёристӣ камони заруратро ба қалам додбахшӣ.
Фаридаи хушақлу рой боз ин гуна суханҳо ба забон бозмеронд: «оча ёфтам, ба бари муҳаббату толеъу ризоям Худо дар ҳамин сарзамини дури дур аз ватанам бароям модаре ато фармуд, ки номаш ҳамин Марям аст. Бо ӯ дар сари санг ҳам хуш умрест. Тоҷику мусулмон шудам дар канораш. Забони ширину ҳунару икрому иродати сараи занона ёдам дод. Чапотибандиву гирдачабанду фатири таҳаловиву таҳмолу қадмолпазам кард. Соиби ман рӯзону шабон боғи пури меҳмон дорад. Қабулу гусели онон кори саҳлу бобохандонак нест. Шукр ба ин очаи ёфтаам, ки зеҳну назару панҷаи занонаамро гиро кард.Марями гулдаставу оростаро доимо дуо ин буд: Парвадигоро! Агар маро аз фарзанд насибе набуда, ҳақамро ба Соиби азизи дилам тақдим бифармо. Сербачу качаш бисоз, ки то рӯзе ҳастум аллагӯву гаҳвораҷунбони фарзандаконаш бошум. Ва то охири умр Марямапа ҳамин Марями қасамхор монд. Гулафшон бод оромгоҳаш!… Домулло Мурод субҳидамон бо тулуи сапедарез, шомгоҳон ба товаи лолазори шафақ ҷуфти фарзандони аздарбарову аздардарои муносиб ҷилвагарро дида, наҷво мевазонд: Хуш умре! Аҷаб не, ҳазрати Мавлавӣ бад - ин ризо пардохта:
Аз муҳаббат нор нуре мешавад,
Аз муҳуббат дев ҳуре мешавад.
Мирзо НАБОТ,
ноҳияи Панҷ