Гавҳари Сайрам дурахшид аз дигар,
Шуҳраташ афзуд андар баҳру бар.
Аз Бресту Тошканд омад навид:
Дар ҳунар бемисл ин Гурдофарид!
Соли 2021 номи Сайрам Исоева дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои иттилооти кишвар қарор гирифт. Бо сабаби иштироки ин бонуи ҳунар дар ду маҳфили байналмилалии театр ва кино.
Яке моҳи сентябр дар шаҳри Брести Беларус. Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоишномаи «Хазони таги по»-ро дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дар фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Белая вежа» рӯйи саҳна овард ва сазовори диплом гардид. Тамошобинон ва мунаққидони театр ба маҳорати ҳунармандон ва коргардони тоҷик баҳои баланд доданд.
Дигаре моҳи ноябри соли гузашта. Сайрам Исоева ба ҳайси роҳбари ҳайати ҳунармандони синамои тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим» бо шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт» дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҳузур дошт. Дар ин ҷашнвора ҳунармандон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Россия, Туркия, Қирғизистон ва меҳмонони хосса аз қитъаҳои Аврупову Амрико ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аҳли синамои тоҷик чаҳор филм, ба шумули «Рустам ва Суҳроб»-и Борис Кимёгаровро пешкаш карданд. Офарандаи нақши Гурдофарид Сайрам Исоева дар радифи ахтарони синамои ҷаҳон Раҷ Капури шодравон, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан, Айтурган Темирова 20 ҳазор доллар ҷоиза гирифт.
Кист Сайрам?
Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар шаҳри дилорои Душанбе ба дунё омадааст. Хоҳари ҳунарпешаи номвар Марям Исоева, ҳамсари коргардони машҳури театр шодравон Ислом Саломов, модари ҳунарпешаи театр, овозхон ва раққоса Саодат Саломоваи зиндаёд Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошкандро хатм кардааст (1964). Ҳунарпеша, коргардони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (аз соли 1964 то имрӯз).
Нақши аввалинашро дар намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар театр офаридааст, аз ҷумла Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лӯлидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Соҳиби меҳмонхона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Соттӣ («Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад) ва ғайра.
Коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Дӯстӣ», «Сайр дар Соли нав»-и Сайрам Исоева, «Арӯси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад.
Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор («Духтари сеюм»-и Анвар Тӯраев, 1969), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб», коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад («Сирри оила», коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика («Агар дӯст дорӣ», коргардон А.Қуддусов), Малика («Қуи сафед», коргардон А.Ҳамроев), Нодира («Танҳо миёни мардум», коргардон Комил Ёрматов), Майсара («Саргузашти Майсара»)-ро офаридааст.
Заҳматҳои ду кам 60-солаи Сайрам Исоева дар театру синамо бо медалу орденҳои «Барои меҳнати шоён», Байрақи Сурхи Меҳнат, «Дӯстии халқҳо», «Дӯстӣ», «Собиқадори меҳнат», бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҷоизаи «Аноҳито» - и Иттифоқи арбобони театри ҷумҳурӣ қадр шуда, академики Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд» мебошад.
Сайрам Исоева муаллифи китобҳои «Андешаҳо дар танҳоӣ» ва «Фарҳанги истилоҳоти театр» аст.
Кӯшиши чеҳраофарӣ
Рӯзноманигори тоҷик Гулҷаҳон Турсунзода:
«Ин зани саодатманду батолеъ ва покдил бо ҳунари волои хеш тавонист, ки санъати тоҷикро ба ҷаҳониён шиносонад. Ӯро бо чандин ном мешиносанд. Сайрам ин – Гурдофарид, Робия, Нодира, Томирис, Зарема, Аза, Мирандолина, Сита, Офат, Соттӣ, Донна Анна ва зиёда аз 160 дигар қаҳрамон аст, ки дар саҳнаи театр ва дар киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Қирғизфилм», «Мосфилм» ва «Ӯзбекфилм» нақшашонро офаридааст…»
Соҳибирода
Дар солҳои охир Сайрам ду фоҷиаи хонаводагӣ дид. Яке марги зудҳангоми духтари боҳунараш Саодат ва дигаре марги ҳамсари ҳампеша ва ҳамандешааш, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ислом Саломов. Аксар гумон доштанд, ки вай тарки саҳна мекунад. Аммо Сайрам маҳз ба хотири поси хотири азизон театрро, ки хонаи дуюми худ номидааст, тарк накард ва ғаму андуҳро дар як гӯшаи дилаш пинҳон дошта, фаъолияти эҷодиашро давом дод. Охир ӯ модари шогирдони бешумораш дар театри овозадори Камоли Хуҷандӣ ҳам ҳаст. Кас ба иродаю матонати ин бонуи ҳунар қоил мешавад.
Ӯ зиндагиро бе арсаи ҳунар тасаввур карда наметавонад. Орзуву нақшаҳои зиёд дорад. Дар синни мубораки 80 ахтари ҳунари тобандатарро мемонад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилоятӣ Суғд