Пас аз барќарории њокимияти конститутсионї дар Тољикистон аз љониби роњбарият ва Њукумати кишвар бањри баланд бардоштани сатњу сифати таълиму тарбия, наќши муассисањои фарњангї дар ин љода як ќатор санадњои зарурї ќабул шуданд. Ташаббусу диќќати доимии роњбарияту Њукумати љумњурї барои њамасола љашнгирии санањои муњими таърихии бою рангини ниёгон шањодати љалб намудани тамоми ќишрњои љомеа бањри фарогирии сартосарии онњо ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани њисси ватандўстию хештаншиносии шањрвандон равона шудааст. Бешубња, дар баланд бардоштани њисси масъулиятшиносии шањрвандон наќши омўзиши таърихи пурѓановату рангини ниёгон, бархурдорї аз таърихи халќияту миллатњои гуногун ва умуман, тамаддуни умумибашарї баѓоят бузург аст. Яке аз муассисањои муњим, ки дар шароити имрўз бояд дар ин замина наќш дошта бошад, осорхона аст.
Љамъоварї, нигоњдорї, пажўњиш ва намоишдињии бењтарин намунањои табиї ва волотарин офаридањои инсонї вазифаи асосии осорхонањост. Осорхона ойинаи таърих, арљгузорӣ ба ниёгон, бунёдгари воќеањо ва шахсиятњои таърихсоз, омўзанда ва омўзонандаи мероси куњан, бавуљудоварандаи њувият, посдори урфу одат ва суннату анъанањои миллї, маркази тарбияи худшиносию мењандорї, зебоипарастию башардўстї, бадеияту завќи баланд, пайвандгари дирўзу имрўзу фардо ва аз њама муњимтар ёдовари гузашта, муњофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошад. Яке аз роњхои муњиму омўзиши таърихро имрўз бояд дар шинохти осорхонањо бинем, зеро танњо осорхона метавонад ба воситаи нигорањо, аёнї ва алоќамандию пайдарњамї тамоми бурду бохт ва рангорангии таърихро ба шахс расонад. Ба ин васила омўзиши таърих барои андухтани таљриба ва истифодаи бевоситаи он дар рафти кору фаъолият натиљањои дилхоњ, њам ба нафъи шахс ва њам ба нафъи халќу Ватан хоњад буд.
Дар њаќиќат осорхонаро метавон оинаи миллат мањсуб донист ба хотири он, ки инъикосгари даврањои гуногуни таърихию фарњангии љомеа ба њисоб мераванд, мањз дар њамин даргоњ њифз ва тарѓиб карда мешавад. Ба ќавли яке аз донишмандони соњаи осорхонашиносї Н. Ф. Фёдров: «Осорхона иртиботу эњтироми гузаштагону имрўзиёнро ба вуљуд меорад. Агар ин эњтирому иртибот аз байн равад, инсон њамчун мављудоти дорои одобу ахлоќ рисолати худро аз даст медињад».
Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавриди наќш ва моњияти осорхона таъкид намудаанд: «Осорхона оинаи пурљилоест, ки њаёт ва таърихи халќ, пирўзињо ва нокомии он, дастовардњои илму фарњанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад».
Дар шароити муосир осорхонањои Тољикистон бояд ифодагари санъати баланди њунармандии ниёгон, таъриху фарњанги волои миллати тоҷик бошанд. Аз ин рў, дар толорњои намоишии осорхонањои Тољикистон бењтарин ёдгорињои таърихї, њунарї ва фарњанги гузаштагон љамъоварї ва барои тамошои мењмонони дохилї ва хориҷӣ гузошта шаванд. Аз нигорањои ин даргоњ, ки шоњиди бевоситаи гузаштаи пурифтихори мо њастанд, шањрвандони кишвар, хусусан љавонони ояндасози мо дарси садоќату ватандориро омўзанд, њувияти миллии худро шиносанд. Намунањои санъати тасвирї, ки аз љониби наќќошони ањди бостон ва мусаввирони шинохта офарида шуда, дар толорњои осорхонањо ба намоиш гузошта шудаанд, бояд илњомбахши насли нави њунармандони тољик гарданд ва эљодкорони наверо дар ин самт тарбият намоянд, ба таври дигар осорхона ин макони тарбияи тамошобинон мебошад, ки њамарўза аз толорњои намоишии он боздид ба амал меоранд.
Боиси тазаккур аст, ки мањз дар солњои Истиќлолияти давлатӣ муяссар гашт, ки дар Љумњурии Тољикистон ба ташкили осорхонањо њамчун махзани њифзи ёдгорињои таърихї ва фарњангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онњо бештар таваљљуњ зоњир намуданд. Дар шароити муосир осорхонањои Тољикистон бояд ифодагари санъати баланди њунармандии ниёгон, таъриху фарњанги волои миллати тољик бошанд. Аз ин рў, дар толорњои намоишии осорхонањои Тољикистон бењтарин ёдгорињои таърихї, њунарї ва фарњангии гузаштагон љамъоварї ва барои тамошои мењмонони дохилї ва хориљї гузошта шаванд. Аз нигорањои ин даргоњ, ки шоњиди бевоситаи гузаштаи пурифтихори мо њастанд, шањрвандони кишвар, хусусан љавонони ояндасози мо дарси садоќату ватандориро меомўзанд, њувияти миллии худро мешиносанд.
Дурахшон БОБОЕВА,
корманди илмии Осорхонаи ба номи А. Рўдакии
шањри Панљакент