Мавлуда Раҷабзода дар шаҳри бостонии Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз овони наврасӣ ба санъати сарояндагӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Манбаи илҳомаш барномаи “Субҳи босафо”-и радиои Тоҷикистон буд, ки ҳар саҳаргоҳон бо пахши суруду оҳангҳои дилнишин хотири шунавандагонро болида мегардонд. Дар он солҳо радио ва телевизион ҷиҳати мафкурасозӣ дар ҷомеа он қадар таъсиргузор буданд, ки аксарияти насли наврас маҳз аз таассуроти ину он барномаҳои онҳо ба касбу ҳунарҳои гуногун шавқу рағбат пайдо мекарданд.
- Ҳар рӯзи нави ҳаёт дар хонадони мо бо танинандоз шудани барномаи “Субҳи бо сафо”-и радиои Тоҷикистон оғоз мегардид, ки тавассути он аз суруду таронаҳои тозаэҷоди сарояндаҳои дӯстдоштаамон Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова ва дигарон баҳравар мешудем,- ба ёд меорад Мавлуда Раҷабзода. - Баъди хатми мактаби миёна амакам шодравон Қурбон Зардаков, ки вазифаи роҳбари Театри мусиқи мазҳакавии шаҳри Кӯлобро ба уҳда доштанд, роҳнамои ман дар ҷодаи санъати касбӣ шуданд. Бо дастгирии ин марди фарҳангшинос ба ансамбли “Фалак”-и шаҳри Кӯлоб ба кор омада, бо мурури ҳамкориву таълими устодони ин ансамбли халқӣ майлу рағбатам ба сарояндагӣ афзуд. Муҳити эҷодиву руҳафзои ин боргоҳи ҳунар ҳамчун як мактаби бузурги тарбияи маънавӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва роҳнамоии банда дар ин ҷода нақши муассир гузошт, - ироа намуд ӯ.
Мавлуда аз соли 1989 ба ансамбли фолклорӣ-этнографии “Фалак”-и шаҳри Кӯлоб шомил шуда, баъдан бо амри тақдир ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба ноҳияи имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ мекӯчад. Фаъолияти минбаъдаи худро дар хонаи маданияти ноҳия идома дода, солиёни зиёд вазифаи роҳбари хонаи маданияти ноҳияро бар уҳда дошт. Сипас, аз соли 2000 бо даъвати роҳбарияти вақти Раёсати фарҳанги вилоят ба маркази вилояти Хатлон омад.
Зимни як сафари кории ҳайати баландпояи соҳаи фарҳанг ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фарҳангшиноси асил Сайбухорӣ Маҷидов маро барои идомаи фаъолият ба Ансамбли “Шашмақом” –и вилояти Хатлон ба кор даъват намуданд, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
- Мурури солҳои фаъолият дар ансамбли мазкур борҳо бо барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба тамоми шаҳру минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамчунин Ҷумҳурияҳои Ӯзбекистону Қазоқистон сафарҳои ҳунарӣ доштем. Соли 2017 дар вилояти Хатлон Ансамбли фолклорӣ-этнографии “Хутал” таъсис дода шуд ва аз соли 2019 инҷониб роҳбарии ин ансамблро бар уҳда дорам.
Дар ансамбли фолклорӣ-этнографии “Хутал”-и вилояти Хатлон 40 нафар овозхону навозандагон фаъолият дошта, шумораи бештари онҳо занону ҷавондухтарони соҳибистеъдод мебошанд. Дар назди ансамбл гурӯҳҳои рақсии бачагона ва духтарона амал менамояд, ки сол аз сол сафи наврасону ҷавонони хоҳишманд барои шомил шудан ба ин гурӯҳҳо афзуда истодааст.
- Баъзан, бо иҷрои муваффақонаи як суруд сароянда мақбули тамошобинон гашта, миёни мардум маҳбубияти беандоза пайдо мекунад. Аммо барои ҳамешагӣ дар қалби мухлисон маъво доштан заҳмати шабонарӯзиву меҳру садоқати беандоза ба санъати миллиро тақозо дорад, - мегӯяд роҳари ансамбли фолклорӣ-этнографии “Хутал”. - Аз баракати таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти рушди санъату ҳунарҳои миллӣ сол то сол завқу рағбати ҷомеа ба намоишномаҳои мусиқии ҳаваскорону сарояндагони касбӣ бештар шуда, зимни пешкаш намудани барномаҳои ҳунарӣ толору майдонҳо аз мухлисони савту наво пур мешавад. Сафарҳои ҳунарии ансамбли фолклорӣ-этнографии "Хутал" ба шаҳру вилоятҳои Суғд, Рашту Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ва ҳунарнамоиҳои санъткорони вилояти Хатлон дар хориҷ аз кишвар бозгӯи он аст,