Ҷашнвораҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада хоси чор мавсим буда, ҷанбаи асотирӣ, нуҷумӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ доранд. Ҷойе ҳам ниёгонамон фаротар аз мо назар андохтаанд, ки на зоҳирист, балки амиқу дақиқ аст. Ва олами сағиру кабирро дар ҳамбастагӣ дарёфтаанд. Чуноне аз назари онон «рӯҳ дар бадан ба манзалаи офтоб аст ва нафс ба манзалаи моҳтоб.» Дар ин доду ситад идҳо идомаи мантиқии якдигаранд. Ҳар ҷашне унсуреро ба сурати бунёд муқаррар медоштааст.
Дар Сада, ки аз ин тартиб берун нест оташро яке аз чор унсури муқаддас парастиш мекунанд. Ва рӯзеро ҳам муқаррар барои арҷи оташу гармиву рӯшанӣ ниҳодан. Дар ҳама сарчашмаҳо рӯзи садаро даҳуми Баҳманмоҳ гуфтаанд (мутобиқ аст ба шаби 30 ба 31 январ). Фаррухӣ ба ҳамин расм мегӯяд:
Аз пайи таҳнияти рӯзи ту омад бар шоҳ,
Садаи фаррухрӯз даҳуми баҳманмоҳ.
Аз сабабе, ки ҷашн бо Меҳрпарастӣ бастагӣ дорад омодагӣ аз ибтидои дай, бо шаби Ялдо ва чила сар мешавад. Зеро зодрӯзи офтоб аст ва инқилоби ӯ, ки мардумро ба такопӯ мениҳад.
Дар устураи пешин сардӣ неруи бад - барҳамзанандаи манбаи ҳаёт ва гармӣ қувваи некӣ - ангезандаи зиндагӣ маънидод мешуд. Тибқи андешаи ниёгон оташу нур аст, ки бадиву иблисӣ, зиштӣ, бемориҳо ва тарсро нест мекунад. Ва дар муқовимат ба он бо ҷиҳози муҳим омода мебояд шуд.
Чархи замин зи барфу зи ях кард баргу соз,
Дарпӯш пӯстин, ки дай омад зи дар фароз.
Қаблан ҳам омодагӣ ба зимистон аз вазифаи одамон ба шумор мерафт. Аз табиати эшон аст, ки дар мавсими сардӣ фароғат бо хонаи гарм, ҷиҳоз ва шароити муносиб зеб дорад. Аз даврони куҳан ба хотири омӯхтани асрори оташ ҷашн барқарор гардид. Дар асл омӯхтану тавлиди оташ аз ҳунарҳои бесобиқаи инсон мебошад. Ба андешаи Аҳмади Тӯсӣ: «ва бидон, ки дар олам ҳич ҷисме нест, ки Офаридгор некутар офарид аз оташ».
Оташ аз гаронбаҳотарин дарёфти инсон аст бо дарки тамоми хосиятҳое, ки дорад. Яъне хидмати бузурги одамизод буд. Бо мурури замон ба кашфиёти худ сарфаҳм рафт. Ва ақвоми ориёӣ ба чанд хосият ба ҷашнвора бартарӣ бахшиданд:
Сада куҳантарин ҷашнвораест, ки ҳамаи тоифаҳои иҷтимоиро фаро мегирад. Тафриқае дар миён намешиносад. Аз хурд то бузург ҳама омода мешаванд ва шодмонӣ мекунанд. Ҳанӯз дар асри ХI Аҳмади Тӯсӣ ба моҳият сарфаҳм рафта буд: «Офаридгор ин неъмат (оташ) – ро аз касе дареғ надошт: на аз мулук (ҳокимон) ва на аз масокин (мискинон).»
Сада «ҷашни мулуки номдор аст», ки аз шоҳони куҳан расида ва ишораест аз ҷашнвораи давлатӣ. На ҷашни хонаводагӣ буд, балки тамоми шаҳру деҳотро меоростанд ва рӯзи муқаррар оташи бузург меафрӯхтанд.
Дар рӯзи ид ҳама мардумон ҳақ ба афзалиятҳо доранд, ки фарогирии ҷуғрофии ҷашнвораро афзуд. Яъне халқҳои дигар низ аз он пазироӣ карданд. Ва дар ин рӯз аз ҳамдигар шодбош мегуфтанд. Ба хонаи ҳамдигар мерафтанд ва ҳадоё тақдим менамуданд. Дар маҷмуъ ҳамаи идҳои ориёӣ ба мазҳабу ҷинсият коре надошт. Аз ин рӯ, ҷашнвораҳо ба ҳамоиши бузурге табдил меёфт.
Вобаста ба ин метавон садаро иди занону бонувон низ ном ниҳод.Дар ибтидо ва замони пасин нигаҳбони оташ дар хона ва авлод занҳо буданд. Маълум, ки ҷараёни ид бе онҳо намегузарад. Овардаанд, ки либоси сада, дар маҷмуъ сурху сафед аст. Сафедӣ рамзи покӣ ва шарафу шон бошад, сурх намоди ҷовидонӣ ва оташу хуршед будааст.
Ва бештар подшоҳон либоси сафед ба бар мекарданд ва метавон ҳадс зад, ки занон аз ҳарду пираҳан медӯхтанд. Инчунин қабои гулдӯзӣ ва рӯмолҳои хосса эшонро зеб медод. Ба қавли устод Муъмин Қаноат таҳпӯшҳои сафед ба тан медоштанд, ки пироҳани исмат унвон дошт ва нишон буд аз порсоӣ, покӣ ва назокат.
Дар даҳаи ид ба тайёр кардани маводи зарурӣ доман бар мезаданд. Бо сабабе, ки ғизоҳо мувофиқ ба шароити кӯҳистон: кочӣ, ширбиринҷ, ширкаду, дӯғҷушӣ, қурутоб, ширруған, фатирмаска, палав, далда, кашк, мош - кичрӣ, лубию нахудшӯрак, кабоб ва ғайра буданд, омодагии қаблиро тақозо мекарданд. Моҳе қабл гандуму наск, мошу нахуд, биринҷу лубиё ва дигар мавод тоза ва шуста мешуданд. Дар баробари меваҳои тару тоза: себу анору ангур кадбонуҳо меваи хушк: себ, олуболу, чормағз, мавиз, зардолу, анҷир, чилон, санҷид барои оростани хони идона омода мешуд. Рӯзи ҷашн бухорӣ ва сандалиҳоро гарм мекарданду 7 шамъ меафрӯхтанд. Хонаҳоро аз хушбӯиҳо сафо мебахшиданд.
Магар кулчаҳои сад мухпархӯрда, фатирҳои гулпартофта, гирдача, чапотӣ ва нонҳои чун қурси офтобро бе оташи тезу танури тафсон метавон тасаввур кард. Дар ин рав ёд мебояд кард, ки нахустин намунаи танӯр аз ёдгории Кангуртут (ҳозира Хушманзар) ба даст омад ва нишонаест аз кадбонуҳои куҳан.
Намунаи дигаре, ки аз ғайриихтиёр ёд доштани оини куҳан дар кӯҳманзар шаҳодат медиҳад мавҷудияти аловхона буд. Ин номро бисёриҳо ёд доранд. Ва хоси ҳар хона буда, ки кадбонуён оташро ҳифз мекарданд. Дар деҳоти бузург ба ҳамин ном амал мекард, ки иморатҳои ҷамъиятӣ буданд барои пазироии меҳмонон ва шабнишиниҳо. Ҳамзамон қиссахонӣ, афсонагӯӣ, шунидани эпосҳои қаҳрамонию паҳлавонӣ ва базму суруд ҷараён мегирифт. Ба қавли Низом Нурҷонов «Дар мардуми Помир оташдон ҷойи муқаддас шуморида мешуд. Аловхона – «Хонаи оташ» дар кӯҳманзари тоҷик ва Хоразм то густариши ислом вуҷуд дошт». Он чӣ муҳаққиқ мегӯяд аз осори хаттӣ мебошад, вале дар минтақаи Кӯлоб аловхонаҳо бо адои вазифаи анъанавӣ то солҳои 70-уми асри ХХ рисолат дошт.
Мебояд ошкоро гуфт, ки дар тӯли рӯзгор зан аст, ки бо оташ сару кор дорад. Балки бештар аз он. Оташ ҳамчун унсури муқаддас мақоми худро аз даст надод. Шодиву хурсандӣ ва баюгонӣ бо истифодаи оташ ба чанд рамз ҳатмӣ буд. Арӯсу домод даври оташ мегаштанд, ки хосияташро гуфтаанд. Як аср қабл пеши арӯс оташе меафрӯхтанд, ки оташи барвоза ном дошт ва бо сарҷамъӣ бо таому суруд ба сайронгаҳаш мебурданд.
Инсон барои арҷ ниҳодан ба донишу малака ва ҳунари хеш оташро муқаддас донист. Дар он беҳтарин вижагӣ ва хосиятҳоро дарёфт, ки зиндагиашро сомон дод ва рангу накҳат овард.
Рақибоне, ки ҷашнвораро бар хилофи арзишҳои иҷтимоӣ нодида мегиранд ва бар маҷусиҳо нисбаташ медиҳанд, ба офаридаи Парвардигор эътино надоранд. Магар ҳазор сол пеш набуд, ки Аҳмади Тӯсӣ бо мантиқи сареҳ посух гуфта буд: «Ва Офаридгор аз баҳри манофеи бандагон, вайро дар ҷамодот маҳсуб карда». Агар лаҳзае инсон бар офаридаи беназир шодмони дошта бошад, чӣ ҷойи куфру бидъат?
Сада ҷашн, иди шинохт, соати ошноии воқеӣ бо гармидеҳ ва модаи рушноиафзой аст. Ва ҳамонест модаест, ки аз тавлид то марг ҳамроҳаш хоҳад буд. То зинда аст оташ дар ҷисм дорад. Ва манбаи ҳаракати ӯ гармист.
Ҳаст дар олам ҷонваре, ки аз оташ бигрезад. Ҳар куҷое рӯшноӣ бидамад, ҳама ҷонварон хозир бошанд. Ва тифл низ баҳра аз рӯшанӣ гирад. Аҳмади Тӯсӣ навиштааст, ки: «Ва бошад,ки тифлро ранҷе бувад ноаён ва нолад ва гиряд ва пистон дар даҳон нагирад ва хобаш нагирад дар шаб, чун модар чароғ боз гирад, ба он биоромад ва сокин гардад».
Сухан дар суду манфиати оташу гармӣ ва рӯшноӣ фаровон гуфтаанд ва ҳанӯз беш аз ҳазор бештари навиштаҳо китобат шуда. «Ва бидон, ки манофеи оташ зоҳир аст. Агар марде нони хамир хӯрад нопухта…, ҳич лаззате надиҳад. Чун ҳарорати оташ ба вай расад, бӯйи лазиз ва тамъи шаҳӣ дар он падид ояд».
Сада, ки маҷмуи дониш ва боварҳои мардуми куҳантаърих аст дар замони Истиқлол эҳё шуд. Паҳлуҳои наомӯхта ва мармузи он банд – банд кушода мешавад. Ва ҳар қадар ба моҳият ворид мешавем, ҳамсониҳои фаровон аз зану модар ва оташ дар ҷилва меоянд. Зан – модаре, ки рӯшанӣ, гармӣ ва ҳаёт аз ӯст ва шарафу назокату дунёофарӣ ба дӯш гирифтааст. Ва чи ҳам метавон ба навиштаҳои устод Турсунзода афзуд ё муқовимат кард: «Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо».
Ҷонибек АСРОРИЁН