Ёдномае аз осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
(Аввалаш дар шумораи гузашта)
Марям ҳам ба шиддате фурӯ афканд худро аз рӯи зин ва печид ба хоки пои падару бародар ва чову хурӯше афзуд, ки сангу чӯбро об кардӣ. Фарзанди падар меваи ноёфтанӣ…
Немисарӯс ҳам наёрист аз оҳу эҳзони азизон дурӣ, дав гирифту худро ба гардани падар биёвехт, сару рӯву ришу фашашро бӯсаборон тақдим намуда.
Домулло Мурод нав акнун ба бӯи синҳор – фарзанди олмониаш ба ҳуш омаду худрову ҳамагиро шинохту дар кадомин тахти фирӯза нишеман заданашро…
Ёрони қадрдони қарини хонадон Соиби нуҳсола ғойиби душманкушро сарсари даст бардоштанд. Саманди ориёии сапеди зарринёлро пеш кашиданду домуллоро ба рӯи зин биншонданд. Дар қанҷиғааш фарзанди арӯсиашро. Соибқаҳрамон ҷилав қапиду пеш даромад. Садои суруди анбуҳ аксандоз шуд аз кӯҳ ба кӯҳ:
Шаҳи мо навшаҳай, арӯс муборак боде!…
Дар саҳни хона домулло Мурод фарзанд - арӯсашро бо гиряи шодирез хамбонд аз зини шаҳнишин.Чанде занон модари ҳушрафтаро об пошидаву шамол додан доштанд. Дарде ба дарди модар нарасад. Модар худ аз ҷигари дард баромада. На! Хелидаву бастаест қавитар аз дард! Санг ба оҳан кафшер нашавад…
Ҳамин аз рисолати мадар аст, ки ба чабираи издиҳоми имрӯз раҳ ба раҳу деҳ ба деҳ даҳҳо модарони фарзанду ёру биёр гумкарда, дар ҷанги фашистон сӯхтаву дар хун тапидаву сар дар хоки хунук шакида, замин бо ашки ҳасрату видои вопасин лой карда, бо хатҳову хабарҳои сиёҳ кӯрии чашм бардоштаву карии гӯшу ранги зард боз имрӯз лангу лоғару шалу валад бо шуниди овозаи арӯси немисӣ кашиданд ҷону сари худро ба муборакгоҳи тӯёна. Доман бар задаву тугмаҳои гиребон барчидаву пои бидав бикшода, то бубинанд: немисаш ба чӣ рангу рӯ махлуқест. Рӯ аз санг дорад ё аз оҳан, ё аз яхи сумурч, ки хонаи олама сӯхт…
Чанд мотамзадае ба «пешвоз» баромада буданд, ба қавле, «нобуди сиёҳ, як санг ҳам бизанум ба сари немис, ки дилум ов бихура. Соиб чӣ кравсида дар болои душман. Ҳазорон моҳи шаби чардаҳи худмон чӣ нуқс доранд, ки аз Гирмон немис зан биёрӣ?!
Аммо модар тавонгарест, ки аз дард меҳр меҷабад. Сангбадастону нафрингӯёну афчачакашон (дастёзиву панҷаафшонии хашмгин) немисдухтареро диданд дардоғӯшта дар болои сари Марям, дар пеши пои домулло Муроду завҷааш, бо меҳру ишқу робитаи ҷонбаҷон рӯ печида. Ҳамагон якояк санги бағалу нафрату дашноми бори дилро ба ҷари бетаг ҳаво доданд.
Э дунё, бо ҳама дороиву ороиву зебоиву… Биҳили ҷонат, модар!!!…Бо як нидои «Очаи ҷон!»- и Соиб, ба як дами бӯву тафташ зираку ҳушвор хест модар аз нишеми худгумӣ. Рост шуд дар қади писар. Полиду ламс карду лапид занги балосолҳои бемодариро аз сару рӯву чашму абрӯву дасту бозуи писар. В- он пас арӯси гулдастаи ситораваши тар ба мушку анбарро каш гирифту ба дари ҳуҷлаи бахти хуҷистаи инсонӣ бурд.
Дар ин фурсати ҳушрабои халқи олам домулло Мурод пеши рӯ баромаду дастафшон руҷуъ ба анбуҳи маъракаи тӯй овард:
-Эй хешу табору ҳамсояву ҳамдиёру ҳамқавму ҳамнасиб, сунҳори маро Фрида номи падарӣ буда. Аз ҳамин дам исми шарифаш Фарида - ба маънӣ яктои зебо, булбули ягонаи боғи домулло Мурод! Зеботарину бофазилаттарин духтарони деҳ муроваву дугонаи Фаридаи нозанини мушарраф ва беҳин ҷавонони шоиста-шоҳмардҳои зебандаи бари қаҳрамондомод Соиб вуруд бурданд ба таги тори арӯсӣ аз яке қитъаи дури дунё ба аҳди некмардиву дилшиносиву ишқи ҷоннисор рӯ намуда.
Фарида дар ин остони хушиву навозишу дӯстдорӣ ба зудии зуд қумрии хушовози тоҷикигӯй шуду дастагули сари сабади моломоли хайру хушу фазилати хонагирӣ, беҳин ҳамсару ҳамроҳу шарики шодиву ғаму барору мушкилоти зиндагии Соиби бисёрдида обу оташу дуду тӯфони зиндагиро.
Медидӣ, маҳале дастаи хоҳишмандро дарси немисидонӣ медиҳад, ба маризоне доруву даво тавсия мебахшад. Бад-ин хушхоҳиву лутфу каромат писанд уфтоду иззат ёфт. Овоза хест, ки ҳатто аз хоҳарон меҳрубонтар аст.
Аз ҳама бар, қиссаҳои ҷангафрӯзиву таҳамтании Соиби шоҳсутуни саломгоҳи дилашро бод медод ба гӯшу ҳуши аҳли суҳбат, мухлису таҳков, чун Соиб худситоиву дағдағаи ному нишони нӯҳсолаи ҷангиашро хуш надошт, Дар ин боб фурӯтану камгапу сирпаноҳдор буду бе нозу ғурури ҳангомакашӣ.
Фаридаи оқилаву ҳушёру дӯстдор ҳамехосту сахт хушдор буд, ки роҳи ба роҳ, хона ба хона сифати поймардиву корзору ордену нишонҳои родмардӣ, ки Соиби маҳбубаш аз номи Сталину Жукову Конев ва лашкаркашони зӯри зӯри дунё гирифта, сифат кунаду китоб-китоб достон. Бишунавонад, ки Соиб ӯ озодиро бо оташи тирборон боз гардонида…… Дар саҳни идораи комиссариати ҳарбӣ маҷлисеро бад - ин гуна таҷаммуъ таърихи бару гузари кӯҳистон ёд надошт. Мегуфтӣ, ки осмон кафидаву одамборон рехта. Ҳама тарсону ларзон, ҳама нолону пурармон, ҳама навмеди саргардон. Дар гӯшае домулло Муроди доимо чорафзори азимпайкари хандонрӯйи суҳбаторо таку танҳо чунгури ҷурззада (дар ҳоли ваҳим сари по истода) занбилае дар бағал оятҳои Қуръонӣ наҷво дошт. Ба пурсишу саломи ҳолгирии шиносу муриду мухлис сар бардошта, кӯтоҳ посухе мегардонд: «Соиби бачама ҷанги Финлондия мебаранд.»
Соиб замбила ба китф овехту дуо гирифт. Домулло чизе паст таҳи дил хонду писари навчаи баробари худ қадбаландашро биоғӯшт ва кундоки синаашро бо ашки дили аловгирифтаи худ тар намуду то сафи оростаи ҳамяроқонаш, ки ҳамагӣ аз ӯ калонсолтар буданд, ҳамроҳиш кард. Фурҷаи гап набуд дигар. Соиб ба эътибори қомати баландаш бо ишорати раҳнамои сафнишинон аз пеш дар ҷои якум истод шуд. Сафи низомиён амри «Ба рост гарду ба роҳи ҷангӣ баро»- ро гирифтанд.
Домулло аз паси ҷанговарон сари баланди Соибашро то дурии чашмрас дидан карду нақш шинонд. Ва хеле ба гирдоби хаёлот печу тоб хӯрд: чӣ насиҳату панди раҳомӯз дод ба писар ва чӣ гуфтаниҳое ногуфта монд. Ҷанг, сару ҷонро ба дами дарё тар кардану ба ғувваи оташ партофтан аст. Бачам, одамизода ба номӯси ватанбонӣ шариф аст.Муҳаббати Ватан аз гӯшаи имондорӣ. Аз дами тӯпи душман нагурез, ҷонам шавӣ.
Ва, чӣ гапи ногуфта монд: «Ҳа! Ҳуши дар хокам даст надод, ба гӯшаш паймон бирезам: агар ки овозат намерасад, хататро бигирем, ҷони падар! Нақши дастат ҳам ҷондамони очат мешавад. Хайр, бачама ба Худои пайдогараш супурдам. Дар ҳеҷ ҷо набуд, ҳасташ кард. Ҳастиаш боз ба дасти худаш.»…
Тоҷики мо ҳарбу зарбро бо лашкари фин сабук гузаронд. Яъне, то дасту панҷаву пову пари ҷангӣ «нарм» кард, ки ноаёни набард расиду дасти пирӯзӣ салом дод. Яке дар дами оташу дуду хуну ҳайнаҳайни ҷанги ҷаҳонӣ сиқа шуду пурнилаву пойидан омӯхту куштану сумбидану сарафканиву харобкорӣ бар сари аду.
Қоидаи сарбозӣ ин аст, ки аскарон бо сози қуввату дасту бозуву зеҳни гирову пои бидав навъ - навъ таъиноти низомӣ мегиранд. Соиби гурдпайкари уқобчанголи кӯҳпастзан ба гурӯҳи разведкачиёни«забонанд» шомил гардид. Балои даргирони одамиро нигар: соли 1941 аз даҳ миллион навраси аҳди 13 - солагӣ ду миллионаш тирхӯрдаву лангу лоғару нимколаҷон, зиндаи мурдақаторӣ вомонда. Чӣ мегӯӣ аз мурдаи мардуми сангари дифои ватанбонӣ ва маъюбу хорузори хонашину роҳакиву рӯякӣ.
Соиб дар ҷӯши набардҳои душманкуш аз даҳани Моска то синаи Киев хеле забонёрӣ кард. «Забон»-ҳои ӯ қоилу гиреҳкушои тариқиомезу шикасту гурезу ҳабси фашистон аз Москва то Киеви бозгашта ба озодӣ пули гузар шуданд.
Айни танзими ҳамлаи густарда ба ишғоли шаҳр «забон»-и огаҳе аз бору банди оташину шумору қуроли ҷангсарони душман зарури зарур уфтод. Ва дастаи «шикорчӣ»-ёни Соиб бад - ин эътибор супориши дуболо аз қимати ҷон гирифтанд, навбати дигаре.…«Забон»- гиронро бӯи «сайд»- и муҳими муҳим дунболагир кард.Ноаён ба манзили нишонгирифта расиданд. Дар хонае дастаи фашистонро сарвақти айшу нӯшу кашу хуши зан - дастёб. Маст -фашистон кӯдаконро дар хоначаи дигар руст ҷамъе карда бурданд. Аз ҷағи тиреза ба чашми Соиб аёни аён битобид манзараи ваҳшигарӣ.
Гурдони ҳампояш пеши дарро хапакӣ пойтахт заданд ба интизори «сайд»- и бурунбарое. Марг дар гиребони вақт овеза буд. Ҷон дар таги по.
Яке буд, ки ба чашми Соиб аз ҳамон мӯрии шиша писараке намуд, хазида аз хоначаи рустида. Писарбачаяк бо фиғони имдодталабиву наҷот давиду ба сари фашисти урён, ки бо модари фиғонии музтари зораш ситезу омез дошт, лагадчае хӯронд. Фашисти кайфпарида тапонча алов гиронд, ки мағзу устухони сари бачаяк бар чош рехт. Писараки модарҷӯйи дигарро ҳам бад - ин хунхорагӣ чошонд.
Соиб они воҳид тоқату ҳушу рою уҳдаи хунҷавоби амри ҷанговариро гум карду автомати ҷонситон дар дод. Як хона фашисти зинокорро даъват аз ҷаҳаннам нозил шуд. Ва ин дам раъду барқи даҳшатноки душман ба сари «шикорчиён»- и гурезон рехт. Ҳама сар ба сар тан ба хок олуданд. Дар ҷавоб, ҳамлаи тундарии лашкари Коневи сипоҳафкани фашистон замини зери поро ба ларза андохту аланга.
Соиби баҳодур чашм кушоду нахустин нигоҳи дубораҷонаш ба рӯи духтараки сафедпӯшу сафедрӯву сафаддасти бемордор уфтод, ки қатрачаконро ба назорат гирифта, дар тори сараш паривор ҳим-ҳим рӯшанӣ меорояд. Киев озод нафас кашидан дошту духтараки аз асорат озода ба чеҳраи сияҳчашму саяҳқошу виқори ғурурманди наҷотдиҳандааш нигоҳи маъсуми ошиқана.
Аммо Соиб зуд ба хаёлоти руъёӣ баргашт ба рӯи дашти тахт чун пешонаи одами дидадаро, чароғисон аз мушакҳои рӯшангари фашистӣ, ки нухашак хазидани мору парпараки мӯру малах метофт ба паҳнои дашти бе як кумбиву бе як хорбутта паноҳ. Ҳанӯз дар ҳавли ҷон, ангуштонаш зоғнӯл шуда, нохунҳояш теша чуқурча мекованд, сарпаноҳ. Дар он шикофак сарашро гӯрондиву ба таги сандуқи сина силоҳашро. Ин ҳарду набарда чӣ қадарҳо бархезонда димору дуд аз димоғи душман! На осон аст ба ғанимат фитодани он ҷуфти пайкоршикан.
Ана, дар ҳамин соати ҳушугӯшгумӣ номаи сегӯшаи рӯсафеди дарунсиёҳи банди тар муҳрхӯрда бо ҳарфу баёни печидадареғу фусӯс мурғи ку-куе шуду ку - кузанон роҳи ба роҳ, шаҳри ба шаҳр, калот ба калот, дара ба дара, ҷар ба ҷар куф ба куф бол заду бол заду дар сандуқи дили домулло Мурод нишаст.
Домуллову ҳамсару духтараш – Марям ба кирдори чокакҳои кӯҳ чор сари сол чокиданду чокиданду чокиданд. Бехабар аз ҳамон хурундохурунди гӯри сарпаноҳ, ки тири қазоро бархато шулупонд (лағғжонд) ба бораи пушт - бурунсӯ аз куноми марг. Соиб ба корзори ҳамон гӯри чанголкану бӯи хуни гармаш, ки шунид ба қади шонаҳош медавад ба кишвари бе ёдӣ гурехт аз чашми ҳамшираи шафқат дуборадав.
Аврупоро аз абру боду хоку об гурумбогурумбу қарсоқарсу алангаи оташу дудғулабоду хоктӯда ҳамеларзонд, мисли бешаи офатрасидаи тирамоҳӣ. Соиби дубора ба ҷони Худоӣ мушарраф рост ба размгоҳи сарзамини Чехословакия «Бегом марш!»- амри ҷангӣ гирифт. Маншур ин буд, ки вориди минтақаи разми омехтаи сарбозони шуравӣ ва партизанҳои чехи кинавари зидди фашистон шаванд. Сарнишини ҳарбиён афсари словакӣ буд, ки бо як дидан сари бод дили Соиби аз нухшори муши ҳарбӣ пайбарро шӯронд. Афти хунукаш бедимоғу бесадоқат тофт. Аммо замон тору замин танг, низоми ҳарбӣ – итоат. Ба по истод дар амраш ва омодагӣ гирифт ба амалиёти шадид.
Дастаеро аз ҷавонмардони тануманди шоиста қатор карду амр шинонд: «дарёчаро убур кунеду душманро ба ғафлат гиред!»
Аз пайи амри бесару нӯг даста дарёро гузаштан замон тирбориши мудҳиши душман даргирифт. Соибу ҳамнабардонаш ба дарке расиданд, ки душман. Аз ташрифашон огоҳ буда ва ин оҳанг аз ҷониби ҳамон сарҳанги фашистмаоби каждуми таги бӯрё буда бошад.
Гурӯҳ ёрои пешрафт наёфт, шохмола ба қафо гашт бар эътимоди наҷот аз сипари дарёчаи тезоб шуридаравон.
Ниме аз гурӯҳ то расидан ба соҳил рӯ дар хоки сард ниҳоданд. Соиб ба дарё парид ва сӯзише дар шонааш аз захми тир дарак дод. Шулут - шулути об хурундик зад дар тани соҳил, ба саҳнаи муқобил баровард худро. Зиндамондаҳо таг ба таги хору хас синамол ҷонро ба устони муқаррар расонданд.
Кунун рӯйи ба пушти дег сиёҳи сарнишини партизани словакӣ рӯшан гашт. Ӯ ҳамаи сарбозони ҷонҳавлӣ расидаро бе яроқ қатор карду аз як лаб ба «такидан» даровехт, фатво - гурез аз майдони ҷанг. Тапончааш басе ҷавонмардонро шинандаи хоки сард кард. Соиб марги сабукро напазируфт.Ҷони захмиро дар аспи бод шинонду аз таги пову пушту паҳлуи ҳамтоёни яктану ду тан хоки мазор гардида тобу печ хӯрду фурсати маргро ақибтар партофт. Анқариб вақташ расидан дошт: дар даҳони гург бо пои кашол буд, ки аз оинаи тақдири Растагор садои «Урра»-и ҷонбахш гӯшҳоро ларза ангехт. Хоин ба кирдори мор хазид то пеши аспи ҷавмасти ба зери зин омодааш. Нишастан ба зину рӯ ба гурез. Аммо аспи аҷал буда он қантар. Ҳамлаварони ҳамватан ба дӯзах фиристоданд ҷосусро.
Дӯстони имдодгар Соиби машки хуни захминро ороставу тозаву ҷароҳатбандӣ карданду равонаи табобатгоҳ, шифои ба хайр!…Дарвозаҳои Берлин, гӯӣ то пои осмон деворбанди оҳану бетон; қалъаи оташфишонӣ девори афсонавиро мемонд Ҳар қадам, ҳар ваҷаб, ҳар тангаи нохуни соҳати шаҳр бо чашмони танку тӯпу зиреҳпӯшу тайёраву киштии дарё, тамомии қуроли дунёсӯзи навихтироъ пояндагӣ дошт.
Ва кунун, шикастанду рехтанду хоктӯда гаштанд дар пеши пои ҷанговари панҷ сол хоку хунхӯрдаву маргкашидаи СССР. Аз сангарҳои дифои Маскав то синаи хокшӯршудаи Аврупо, – Берлин ҳай танкачархонӣ доду самалётпарониву тӯпларзониву аскардавониву хунохасмии ноақлӣ дар тамоми дарозои таърихи мавҷуди башарӣ. Хонаи оламро бар сари банни одам сӯзонду резонд. Ва инак, сар омад деги ҷӯшони додталабии Иванҳову Соибҳои дуди ғамхӯрдаву оҳи марг то ин рӯзи додпурсиву адолатнишонӣ…
Мирзо НАБОТ
(Давом дорад)