Боғчаи кӯдаконро, ки дар як канораи маркази маъмурии ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир аст, ҳанӯз 40 сол қабл Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба хотири ба муассисаи томактабӣ фаро гирифтани фарзандони кормандони худ сохта буд. Баъдан, овони соҳибистиқлолӣ дар раванди корҳои бунёдии шоҳроҳи Душанбе – Ҷайҳун - Панҷи Поён, ки аз шафати муассисаи мазкур мегузарад, мавзеъҳои ноободу бекорхобидаи атрофи он ободу зебо гардиданд.
Тавре солмандони маҳалла қисса мекунанд, солҳои зиёд ҷиҳати таъмиру тармими ин бино, ки хароҷоти ҳангуфтро талаб мекунад, касе иқдом нагирифта буд. Акнун тайи ду моҳи охир мешавад, ки таъмири биноҳои алоҳидаи муассисаи мазкур ва корҳои ободониву кабудизорсозии атрофи он оғоз шудааст. Ин бинои сангинранг ёдгорие аз овони ҷавонии мо аст, ки сар аз рехтани таҳкурсӣ то охирин корҳои сохтмонӣ ва санаи ифтитоҳи онро бесаброна интизорӣ кашида будем,- ба хотир меорад собиқадори соҳаи матлубот Давлатқадам Мирзоев. – Бо умеду орзумандиҳо олами барои кӯдакон афсонавиро «Лонаи Хуршед» гуфтем, ки истеъдодҳои кӯчак дар ҳамин тарбиятгоҳ парвариш ёфта, мурури солҳо чун насли лаёқатманд ва мутахассисони хуб номбардори ноҳия дар вилоят ва сатҳи ҷумҳурӣ ба камол бирасанд.
Зулфия Сангова, мудири Муассисаи таҳсилоти томактабии № 2 «Фирӯза»- и ноҳияи Ҷайҳун, мегӯяд, ки барқарорсозии шабакаи обёриву азнавсозии маҷмуи хизматрасонӣ барои тарбиятгирандагон оғози навсозиҳо буда, дар қадами минбаъда бо ҷалби кумитаи падару модарон ва соҳибкорони ободгар дар ин маъмани орзуҳо шароитҳои хуби ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон фароҳам мегарданд.
- Дар раванди иқдомҳои ободониву созандагиҳо бояд бо таваҷҷуҳ ба тарбияи наслҳои аз лиҳози донишу ҷаҳонбинӣ ҷавобгӯи замони муосир иқдомҳои ҷиддӣ гирифта шаванд. Ояндаи пуртазоду муборизаҳо баҳри ҳимоят аз манфиатҳои миллату давлат моро водор месозад, ки фарзандонро дар руҳияи арзишҳои милливу ифтихори ватандорӣ, омодаи дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи суботу осоиштагии ҷомеа ба воя расонем. Чаро ки Тоҷикистони азизи мо, чун дигар кишварҳои дар ҳоли рушд ба тарбияи насли донову худогоҳ ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи ҳувияту асолати миллии хеш, ҳар чи барвақттар омодагӣ дида, дар ин росто ба тарбияи неруи ояндаи ҷомеа аз сатҳи муассисаҳои томактабӣ тамаркуз кард,- иброз медорад Зулфия Сангова.
- Агар солҳои пешин қишри соҳибмаълумоти ноҳия фарзандони худро ба муассисаҳои томактабӣ меоварданд, акнун бонувони хонашин ҳам хоҳони дар муҳити боғча тарбия гирифтани насли хешанд. Мутаассифона, имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 240 кӯдак фаъолият менамояду халос. То ҷойе хабар дорам, зимни сафару дидори раиси ноҳия бо муҳоҷирони корӣ дар Россия, тоҷикони муқими ин кишвар ваъда дода буданд, ки дар маркази ноҳия як боғчаи кӯдаконаи хусусӣ бунёд месозанд.
Қобили зикр аст, ки аз баракати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар рустоҳои дуродури ноҳия барои бонувон ҷойи кор фароҳам гардида, дар зимн, ниёзмандиҳои сокинони деҳот низ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ афзуда истодааст. Воқеан ҳам, андешаҳо атрофи фарогирии атфол ба боғча, ҷалби наврасон ба машғулиятҳои гуногуни шавқовар ва ҷойи издивоҷҳои ноустувор таҳсилоти касбиву олиро дар мадди аввал гузоштан барои ҷавонон, аз бедории фикриву таҳаввулоти муҳиме дар афкору андешаи аҳли деҳот дарак медиҳад, ки барои ояндаи фарзандон аз ҳозир замина мегузоранд. Мардум хоҳони барвақттар вориди ҷамъият ва ба шуғлҳои судманд ҷалб намудани кӯдакон буда, барои тадрису ташаккули зеҳнии фарзандон дар муассисаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои муосир изҳори омодагӣ менамоянд. Ин раванди хушбинона тақозои онро дорад, ки дар самти бунёди бештари боғчаҳои кӯдакон ва умуман, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои бештар андешида шаванд.
Зулфия Сангова, ки фаъолияти худро аз мураббии гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб оғоз бахшида, дар зинаҳои сармураббия, мушовири боғчаи кӯдаконаи «Офтобак» ва мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун таҷриба андӯхтааст, навовариҳо дар муҳити боғча, такмили касбияту малакаи мураббияҳо ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои томактабиро бо асбобу воситаҳои аёнӣ амри муҳим мешуморад. Ба қавли ӯ, кор бо атфоли синни томактабӣ вижагиҳои худро дошта, бидуни фарҳанги волои муошират ва дилҷӯӣ ба хостаҳои кӯдакон, наметавон ба онҳо болидагӣ бахшида, диққаташонро ба машғулиятҳо ҷалб сохт. Муҳимтар аз ҳама, асоси муваффақиятҳо аз азму иродаи қавии тарбиятдиҳанда, аз дилбастагӣ ба пешаи интихобнамуда ва муҳити фариштасони тифлакон об мехӯрад ва ҳам, агар мураббия меҳру самимият ба тифлаконро аз айёми мактабхонӣ дар замири хеш парварда бошад.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ҷайҳун