Вориди донишгоҳ мегардаму дар долон ногаҳон бо ӯ рӯ ба рӯ меоям. Бо дидани он чашмҳо хотираҳо аз филми «Ситораҳои сари танӯр» як – як пеши назарам ҷилвагар мешаванд. Бо хандаи малеҳе гирди лабаш, арзи салом менамояду ҳар ду вориди ҳуҷра мешавем. Ҳамон дам як порча аз филм беихтиёр ёдам меояд:
«…Қодир, ку, бубро. Ку, бъпар. Қодир, бъпар, ма търа дар оина дидестам. Ку, бъпар, метонӣ парида?… Қодир, ғалтидӣ? Гарданакът шикаст? Дастакот шикаст? Қодир, мурдӣ? Ваа, Қодир. Қодире, Қодире, Қодир…»
«Чой менӯшед ё қаҳва?», гуфтани ӯ маро ба худ овард. Ташаккур, хоҳиши бо Шумо суҳбат карданро дорам, мегӯяму сари мақсад меоем.
Ба ӯ менигараму аз он сурати замони дар филм нақшбозиданҳо, ҳанӯз ҳам чашмони оҳувонаву лаҳни ширини ба худ хосашро эҳсос менамоям. Бо он ки парвардаи яке аз оилаҳои фарҳангии кишвар аст, бонуи заминиву самимӣ дарёфтамаш. Бо вазну тамкини хос дар суҳбат аз кӯдакиҳо, нақшофарӣ дар филм, овони ҷавониву таҳсил ва издивоҷу фарзандонаш парда бардошт.
Нӯшин Самадӣ, фарзанди нависандаи саршиноси тоҷик Абдулҳамид Самад аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Замони кӯдакиаш низ ин ҷо сипарӣ гардида. Хонандаи мактаб буду дар синфи 1 – ум ва ё 2 – юм мехонд. Он замон ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе ба филм даъват мегардаду дар он ҳамчун қаҳрамони асосӣ нақш меофарад.
Сӣ сол муқаддам, Сайф Раҳимзоди Афардӣ (равонаш шод бод) – яке аз журналистон, нависандагони навовар ва филмбардорони моҳири тоҷик, ки коргардони филми «Ситораҳои сари танӯр» буд, барои дарёфти қаҳрамонҳои филм, алалхусус, дар нақши Нӯшин наврасонро ҷустуҷӯ менамуд. Як даста ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 – и шаҳри Душанбе мераванд ва ду - се нафарро барои нақшофарӣ мепазиранд, ки миёнашон Нӯшин ҳам буд. Пас аз суҳбату вохӯриҳо офарандаи филм Нӯшинро интихоб менамояд.
Бо ҳамин, ӯ барои нақшофарӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ба берун аз шаҳр, ба ноҳияи Айнӣ мераванд. Ӯ се моҳро, ки замони таътили тобистонааш буд, он ҷо сипарӣ намуд. Дар ин муддат мебоист тамоми саҳнаҳое, ки Нӯшин дар он қаҳрамони асосӣ аст, наворбардорӣ мешуданд ва гурӯҳи эҷодӣ низ мекӯшид, то вақтро сарфакорона истифода бурда, саҳнаҳоро сари вақт ба навор гиранд.
- Барои мани хурдсол, агарчи бори аввал дар филм ҳунарнамоӣ мекардам, нақш офаридан душвор набуд. Аммо дурӣ аз хона, аз падару модар азиятам медод. Ёдашон мекардам, хумори волидон мегирифту мехостам, зуд ба шаҳр баргардем. Вале ҳунармандон талош меварзиданд, ки тавонам то анҷоми наворбардорӣ сабр карда бошам. Алалхусус, нақши амаки Сайф (Сайф Раҳимзоди Афардӣ) ниҳоят зиёд буд, - ёд меорад он лаҳзаҳоро ва пас аз каме таваққуф боз меафзояд:
- Як лаҳзаи филм ҳеҷ аз хотирам зудуда намегардад, ки маҳз ҳамин ҷо дурӣ аз волидонам ба кор омад. Рӯзҳои охири наворгирӣ буд. Мебоист он рӯз лаҳзаи фавти Қодир, қаҳрамони дигари филмро наворбардорӣ мекарданд. Аз рӯи сенарияи филм, Нӯшин бояд дар болои тобут нола мекарду мегирист. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, гириста наметавонистам. Аҳли гурӯҳ, аз ҷумла зиндаёд Раҳмондӯсти Қурбониён тамоми ҳилаҳоро ба кор мебурданд, пиёз оварданд, аммо ҳеҷ кадомаш ба кор намерафт.
Баъдан, амаки Сайф ба наздашон хонда гуфтанд, ту бояд гиря кунӣ. Охир, наметонам. Чӣ гуна одаме, ки зинда аст, барои ӯ бигирям, мегуфтам. Агар гиря накунӣ, пас, ба Душанбе намеравем ва падару модаратро намебинӣ. Бо шунидани ин суханҳо, гиря гулугирам намуд. Ҳамин лаҳза буд, ки наворбардор омаду гиряҳоямро ба навор гирифт. Гиряам дар ин саҳна воқеӣ буд.
Ба гуфтаи қаҳрамонам, чун кӯдак, ки буд, аз ин филм лаҳзаҳои зиёдро дар хотир надорад. Яке, агар ҳамин саҳна бошад, дигаре замони бозӣ бо лӯхтакҳояш аст. Вале бо дидани ин филм, аз он хушҳол мегардад, ки як лаҳзаи кӯдакиаш наворбардорӣ шудаву моли таърих гардидааст.
«Хотираҳои неке аз даврони кӯдакӣ дорам. Падару модарам пайваста барои таълиму тарбияи мо талош меварзиданд. Бароямон лаҳзаҳои кӯдакии ширину пур аз нишотро ҳадия намудаанд.
Ҳам ба фаъолияти падар эътибор доштаму ҳам мехостам мисли модар ҳунарманд бошам. Зеро модарам ҳунарманди чирадасту кадбонуи моҳиранд. Қиблагоҳ, сарфи назар аз кори зиёд, эҷод кардани шеърҳову таълифи китобҳо, ҳамоно барои мо, фарзандон, вақти худро ҷудо менамуданд. Саҳмашон дар китобхон шуданамон ниҳоят зиёд аст.
Ёд дорам, бо бародарам дар китобхонӣ мусобиқа менамудем. Агар рафту бародарам ба адабиёти классик ва ё муосир диққат медод, ман рӯ ба адабиёти ҷаҳон меовардам. Ва ҳамин тавр, талош меварзидем, то яке аз дигаре дар аз худ кардани осори шоирону нависандагон пешсаф бошем. Ҳамон замон, сарфи назар аз хурдсолӣ, дарк намудам, ки барои зан дар баробари гуфтори хубу одоби ҳамида, доштани савод низ муҳим аст».
Баъд аз хатми мактаби миёна Нӯшин ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм намуд. Ба хотири нутқи худро бурро намудан, замони донишҷӯӣ ҳамкориро бо радиои «Садои Душанбе» ба роҳ монда буд. Чанде аз барномаҳоро пеш мебурд, ки яке аз онҳо «Як соат барои шумо» ном дошт.
- Баробари хатми донишгоҳ, аҳли хонавода тасмим гирифтанд, то оила барпо намоям. Миёни номзадон, якеаш ҷавоне буд, ки аз ҷиҳати соҳибилм будану оилаи намунавиашон фарқ дошт. Баъди итминон ҳосил кардан, ки дар оилаи хуб камол ёфтааст, волидонам розӣ шуданду бо ҳам издивоҷ кардем. Соҳиби 3 писар ҳастем, маънии зиндагиамон онҳоянд, - иброз медорад бо хушнудӣ Нӯшин.
Ӯ як муддат ба нигоҳубини кӯдакон шуғл варзид. Сипас, фаъолияташро ба ҳайси мутахассис, баъдан сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густариш бахшид.
Дар дунёи тазодҳо, инсон наметавонад бидуни ҳолати бади равонӣ бошад. Ва ӯ равондармониро яке аз роҳҳои хуб намудани ҳолати руҳии инсон мебинад. Бо ин ният риштаи магистратураи Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси равоншинос хатм менамояд. Тули ҳашт сол аст, ки аз ҷиҳати равонӣ корафтодагонро дармон мебахшад.
Нӯшин алҳол дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедраи равоншиносӣ ба толибилмон дарс мегӯяд.
Дар баробари омӯзгорӣ, инчунин, дар чандин семинарҳои омӯзишиву конфронсҳо бахшида ба омӯзиши риштаи равоншиносӣ ширкат варзидааст. Тасмим дорад, то дониши равоншиносии хешро такмил дода, дар ин самт муваффақ гардад.
Бунафша РАҲМОНОВА