Ангуштони ин бонуи резапайкар рӯи забонаҳои фортепиано гоҳо нозуку маҳин, гоҳо чобуку сабук медаванду навои дилангезу дилошӯб ба фазо танин меандозад. Магар тору пуди ӯро аз оҳанги таронаҳои марғуб сириштаанду хуни шараёнашро аз он саршор намудаанд. Шояд, зеро падараш Насрулло Олимов, ғижакнавози касбӣ буду бо писарамаки номиаш Миратулло Атоев соатҳо ба эҷоду навозиши оҳангу савту наво андармон. Хосияти кӯчак бо навоҳо ҳамҷӯр ба воя расид.
Ҳашт соли овони мактабӣ, чаҳор соли таҳсил дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов шавқу шӯри донишандӯзӣ ва майдони мусиқидониро барои Хосият Олимова фарохтар намуду ӯ ба шуъбаи фортепианои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шомил шуду баъди панҷ сол ҳамчун мутахассиси пианино, консертмейстер ва омӯзгор онро хатм кард. Солҳои 1982–1994 омӯзгори фортепианои факултаи мусиқии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд. Алҳол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба донишҷӯён аз нозукиҳои фортепиано сабақ медиҳад.
Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ дар кишвар рӯшноӣ ва хандаву муҳаббатро барояш ба муддати мадид нопадид намуд ва бар ивази он зиндагиашро ғубори тирагун печид. Муаллима ба ёди он овон ғарқа гашт.
- Ҷанг бароям хонумонсӯз омад. Ҳамсарам маро бо ду тифли хурдсол танҳо гузошту ба Россия рафт ва дигар барнагашт. Қиблагоҳам бармаҳал реҳлат карданд. Модар, бародар ва хоҳарам ба Россия кӯч бастанду маро ҳам бо худ хонданд, аммо ман нарафтам.
Ман ду тифлакамро гарм мепӯшондаму савори аробача ҳамроҳи худ ба Донишкада мебурдам. Ду майдони маркази шаҳрро, ки ба макони тазоҳурот табдил ёфта буданд, пиёда убур мекардем. Манзили зист надоштаму дар хонаҳои иҷора ба сар мебурдем. Моҳҳои бемаошӣ, гуруснагӣ, болои ин мебоист иҷорапулӣ дарёфт намоям. Боре зери тирборон мондем, дар даруни ҷӯйборе духтаронамро сахт ба оғӯш гирифтаму сипар шудам.
Ёде аз лӯхтаксозиҳо
Рӯзе духтаронам хоҳиш карданд, ки барояшон лӯхтак харам. Пул надорам, гуфтаму таги дилам сияҳ шуд. Рӯи кӯрпача нишаста будам ва гӯё нидое ба гӯшам омад, ки зани доно дар ҷойи нишастааш рӯзӣ меёбад. Он шаб нахобидам ва аз матову пахта сапедадам ду лӯхтак омода кардам. Тифлаконам саҳар лӯхтакҳоро дида, шод шуданд. Ин шуғл ба дилам писанд афтод ва баъдан ҳар чизе, ки ба даст меафтод, аз онҳо лӯхтак месохтам. Харидорон ҳам пайдо кардам ва аз ҳисоби лӯхтакфурӯшӣ зиндагиям андаке ранг гирифт. Зане, ки ба духтараш пианинонавозӣ меомӯзондам, лӯхтаке харид, бо маблағи он атласу беқасаб дарёфтам ва лӯъбатаконамро либосҳои нави миллӣ пӯшондам. Ба ин тариқ, лӯхтаксозӣ шуғли дувумам шуд. Хушбахтона, аз канори пойтахт бошад ҳам соҳиби манзили зист гаштем.
Пайванди дубора
Басо гарон аст барои зан ба танҳоӣ кашидани бори зиндагӣ. Агарчи мусиқӣ ҷону ҷаҳонам буд, ҳастии худро ба тарбияи фарзандонам бахшидам. Забони англисӣ омӯхтам. Пианинонавоз Дилбар Ҳакимова аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳе созмон дод, узви он шудам.
Ду сол дар шуъбаи аспирантураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2014 - 2016) таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм кардам. Дар шаҳри Раменскоеи Россия дар Фестивал - озмуни байналмилалии пианинонавозон бахшида ба хотираи Иля Арзуманов ширкат варзидам. Асари ниҳоят мушкили «Парафрас»-ро дар асоси мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ аз операи «Комде ва Мадан» иҷро намудам ва сазовори ҷойи аввал гаштам.
Ба поси хотири амакам М. Атоев соли 2020 асари ӯро хеле ҷаззоб навохтам. Устод Миралӣ Достиев ва дигар мутахассисони соҳа дурудароз кафкӯбӣ карданд. Афсӯс, ки консерт ба рӯзҳои пандемия рост омаду сабти телевизионӣ сурат нагирифт. Мекӯшам, ки асарҳои композиторони тоҷикро навозаму руҳи гузаштагонро зинда гардонам.
Парвози дил
Пеш аз оне, ки асаре навозам, образе меҷӯяму онро ба мардум пешниҳод месозам. Боре филмеро тамошо кардаму сахт мутаассир гаштам. Қаҳрамони он баъди садамаи ҳавопаймо муддати чор сол дар ҷазирае танҳо ба сар мебарад ва рӯи тӯбе сурати одамӣ кашида, дӯсташ мехонаду бо ӯ ҳар рӯз суҳбат меорояд. Мавҷҳои дарё тӯбро аз ӯ мерабояд ва аз охирин таскини қалбаш маҳрум мегардад. Фарёди ҷонкоҳи мард синаи фалак мехарошад. Гоҳе асаре дар сӯзи фироқ навозам, ин манзараро ба хотир меорам ва шунавандагон ин наворо эҳсос менамоянд. Вақте ки консерти 23-юми Мотсартро навохтам, қисми дувуми он ончунон ҳаяҷоновар аст, ки тасаввур кардам, дар сайёраи дигаре нишастааму бо ҳасрат ба Замин менигарам ва андуҳи гароне домангири ман аст. Ҳамгунаи онро рӯи Замин ҷустам, наёфтам, балки дар фазои коинот дарёфтам.
Сарфи назар аз серкорӣ мекӯшам, ки ҳадди ақал соле як -ду маротиба консерти якканавозӣ доир намоям, агарчи ба мусиқии академӣ таваҷҷуҳи мардум нисбат ба мусиқии эстрада ва миллӣ кам аст. Мутахассисони пианинонавоз, скрипканавозон ва дигар ромишгарон дар минтақаҳо, бахусус дар вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле каманд, ки ин омил боиси рушд наёфтани ин соҳа мегардад.
Садоқат
Барои мутриби хуб шудан шароити созгор мебояд. Шуруъ аз дастгирии волидон, аҳли хонавода, ҳатто ҳамсояҳо, ки ба садои оҳангҳо монеъ нагарданду дарк созанд, ки шояд дар шафати онҳо Мотсарти оянда тарбия меёбад. Волидон ба маҷрои навоҳо ҳамҷӯр гарданду ба маҳорати навозандагии фарзанд гӯш диҳанд. Ҳар яки мо, агар ҳастии худро барои рушди соҳа бахшем, дилсӯзи халқ бошем, аз нотавонбинӣ даст бикашему ба муваффақияти ҳамдигар шарик гардем, рисолати бузурги инсонии хешро анҷом медиҳем. Ман метавонистам, бо сабаби танҳоӣ, шароити мушкили иқтисодӣ ва баҳонаҳои дигар тарки Ватан кунам. Аммо амри виҷдон буд, ки ба ҳунар, ба зодбуми хеш содиқ бошаму то ҷон дар рамақ дорам, барои пешрафти мусиқии касбии тоҷик хидмат гузорам.
Ситора АШУРОВА