Модарам, тоҷи сарам, болу парам,
Модари меҳровару ғампарварам.
Рӯзу шабҳои азизатро ба мо бахшидаӣ,
Модари мушкилкушою ёварам.
Қомати зебои ту пеши назар,
Ёди ту меояд аз боди саҳар.
Ҷонфидоеро надидам мисли ту,
Бо ҳама хубӣ дар ин даҳри дудар.
Баҳри дилшодии фарзандони худ,
Ғуссаҳоятро накарда вонамуд;
Ранҷи дунёро чу ганҷе ёфтӣ,
Дар дили шаб ашки ту мерехт зуд.
Модарам, ишқам, умедам, сарварам,
Сарбаландам аз ту, эй тоҷи сарам.
Бо ҳама фарру шукӯҳу шуҳратам
Пеши поят сар фурӯ меоварам.
ДАР СУҲБАТИ ДИЛ
Басе ҳайрону саргардонам, эй дил,
Зи сӯзи зиндагӣ нолонам, эй дил.
Қафас дар сина аз ғам кардаам ман,
Сарамро пеши ту хам кардаам ман.
Будам ман шабнами болои гулҳо,
Шудам овораи ҳар кӯҳу саҳро.
Валекин бо ҳама ин сӯзи муаммо,
Накандам ман умеди худ зи фардо.
Сабо бар худ биёву зиндагӣ кун,
Шавад пушти сарат ин дарду ғамҳо.
ЭЙ ВАТАН!
Мастам аз файзи баҳорат, эй Ватан,
Мешукуфам дар канорат, эй Ватан.
Бо шуҷоат мекунам хидмат ба ту,
Ҳамчу фарди бурдборат, эй Ватан.
Дар лабам шеъру шиорат, эй Ватан,
Зиндаам бо ифтихорат, эй Ватан.
Шукри хоки пок ҳамчун ганҷи ту,
Шукри оби нуқраворат, эй Ватан.
То замоне зиндаам бо сад умед,
Мешавам зӯру мадорат, эй Ватан!
Сабоҳат АБДУРАҲИМОВА,
шаҳри Бохтар