Шабе, ки барф меборид,
Рухи сабзина гул мекард.
Баҳороганда буд чашмаш,
Дилам дар сина гул мекард.
Шабе, ки барф меборид
Гулуямро нафас сӯзонд.
Туро мастии бебаркаш
Маро майли ҳавас сӯзонд.
Шабе, ки барф меборид,
Ба тобистон гузар кардем.
Ба чашми ҳамдигар маскун,
Ба ҷони ҳам сафар кардем.
Шабе, ки барф меборид,
Танат дар ман намегунҷид.
Зи мастӣ руҳи ман гӯё
Ба чанги тан намегунҷид.
Шабе, ки барф меборид,
Шабе, ки меҳр меҷӯшид,
Рухатро бӯсаҳои гарм
Заминро барф мепӯшид.
Шабе, ки барф меборид,
Лабат як пораи ҷон буд.
Тани чун барф испедат
Ҳама хуршедборон буд.
ЗИМИСТОН
Зимистон омаду ин субҳ хуршед,
Намози рӯшноиро қазо кард.
Ва зоғе зиндагиро мурда пиндошт,
Фалакро бо нидо мотамсаро кард.
Ҳазорон қу магар дар авҷ рақсид,
Пур аз болу пари қуҳо фазо кард.
Замин буд аз матои барф парпеч,
Фалак шири сапедашро сахо кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР