Ёдномае аз осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Калоти Нусунӣ дар кафи сангини кӯҳканори Вахёи Боло он сабо, гуфтӣ ба дасти рост хест аз хоби нуҳсолаи талича-талича бо дуди ғам сиёҳибаста. Сапедаи шабгири фурӯҳишта аз домони офтоб афсонаи ба тирагӣ чун зардоби дидагону доғи дил дар хати сиёҳи аскарбачаи ҷанги фашистӣ таҳхӯрдаро пуф карду чач карду рӯгардони рӯшан. Ва ин пайки хуше буд, ки мардуми деҳро сари дуд рӯи по хезонд. Ба қавле, мурғу моғи обдараҳо ҳам сари овоз гирифтанду чаҳ-чаҳи шодӣ навохтанд.
Хабари бисёр - бисёр хуши хуш расида, аз зиндони маргу нолаву ҳасрати беш аз нуҳсола, ки ҳамқишлоқии ҷавонмарди маъраказеб, шайнаки тарозуи нангу номуси хешутабордориву пуштпояи деҳқониву дастархонкашӣ ва акнун ғайбзада дар хандақи ҷанги гитлерӣ зинда баргашта!!!Абру боду нури деҳаро хандонд ин мужда.
Пайкрасон ба хоҳар –Марями панҷ сол хати сиёҳи акаро тар карда дар чашми банам хушконда, дар сӯзи ҷигар; баҷо -баҷо пойиста дар ҷаъди гесувон, хушхонӣ кард, ки Соиб зиндаву тандуруст баргашта ва арӯси маҳҷабине ҳам оварда, аз мағзи сари Берлин - немисдухтар!
Хоҳар мадоре аз ҳуш рафт, чашм во карду ҷону ҷасад ба пойи хабарёр андохт, панҷа ёзонду ламс кашид пойпӯшашро, сар ба хок совиду шукри неъмату давлати боздоди Меҳрубони Якторо ситойид. Фурсате пас худро ба даст гирифту дид, ки марди хушхабар дуртар истода, ба ҳоли ӯ ашк мерӯбад. Марями беҳин /аврати поки намозӣ, хушрӯи хушрӯёни бару газ, боиффату обрӯ дил ба хиҷолат кашид: - Чӣ густохие, чӣ берӯие, ки худро назди марди ноошно муроот накард. Хабаррасон омад бо чи пайхасе ба наздаш ва дари шафқати дил кушод:
- Хоҳарҷон, бихез аз хок, ки дилма об кардӣ. Бидаву падару модару хешу ақраборо бишнавон, ки аз барои Худо Соиб зиндаву бо азамати қаҳрамонӣ баргашта! Дар маркази район худам бо ду чашми сар дидам, ки як олам одам гирдаш карда буданду ба сару танаш эҳсони биҳиштӣ мечошиданд Аспи ба зину афзори ялаққосиш тайёр карданд. Маҷлиси калони ҳукуматӣ мешаваду баъд меёрандаш ба қишлоқ. Ман «чу!» гуфтам ашқарамрову раҳ ба раҳ, қишлоқ ба қишлоқ булбул шудаму нозои гула овоза кардам.
- Ҳай - ҳай, ака, чи хубе, шумо ҳам бароям бародари қиёматӣ, - шодиву миннатдорӣ фурӯ хонд бонуи Марям ва давиду аз оғил гови чамбаршохи луп - лупи гӯшту ширро бароварда, дар пеши пойи тойири хушпаём баст. Дав гирифт пеши падару модар. Падар - имомхатиби соҳибикроми маҳалла фурӯ печида буд бо тиловати Қуръони Маҷид. Кӣ донад, аҷаб не, аз ошуфтаҳолиҳои дирӯза - бе пуштигиру дастёр монданаш пеши Эзади лакбахш оби дида меафшонд.
Воқеан, динарӯз талхобаи озурдагӣ хойиду қурт карду оҳ кашид, дар ёди Соиби Юсуфи гумгаштааш, Соиби сутуни саломгаҳи хонадонаш, писари шерафгани рӯзи нанг нанговару рӯзи ҷанг ҷанговараш. Танҳоиву яккадастиву бепуштпоя будан ҳай аламҳои зормондаву шикасту гарданкаҷӣ дошта.
Дунёи сангу сафолпараст янтоқфурӯшро подшоҳ кардаву подшоҳро ба каҷкӯли гадо муҳтоҷ ва хокрӯби дари сифлаву фурӯмояе. Хафаи сахти сахт шуд, ки мардуми солҳои сол аз пушташ намоз хондаву саду як панду ҳикматашро чароғи роҳи умр кардаву нону намакашро хӯрдаву дуои некашро чун асои даст гардонда, дирӯз кирои илтиҷову хоҳише ба гардани паст, лоақал ним соат дар бараш рост наистоданд. «Хешу табор, - гуфт динашаб баъди намози хуфтан,- пиру нотавонам карда ғами Муҳаммадсоиби ғариб… оҳ дили дар хокам, намешавад, ки ғоибаш бугӯм. Як ёрдам кунед, ки гандумакма бидаравем. Пагоҳ, баъди намози бомдод қурутоби маскадоғи Биботуна (ҳамсараш дар назар) дар сари гандумзор мехӯрему дос мекашем, ду - се соата вақт.»
Кампираш то ними шаб ҷон коста, фатири таҳаловӣ пухт, кулчаву орзуқ омода кард. Сап-сапаки субҳ аз пушти домулло табақу дастархон тори сар кард то даравгоҳ. Он ҷо алов даргиронд, маска доғ кард, фатир молид. Як қурутоби ҷазастиву як табақи фатирмаскаи шулёни султонӣ ороста кард ҳамроҳи ятимаки аз бародараш ёдгормонда бо исми Ҷумъа. Ҳар ду ҳам ҳушкашол. Ҳеҷ не ки як даъватшудае, лоақал, сулфаашро назр кунад. Хаёлан аз дил гузаронд: «Мешудасте…Шахсеро, ки солҳои сол гунҷишки сари шохи ҳамсояро «киш» нагуфта, аз гаҳворагӣ то бистари пирӣ дар росташон дуои офияту ризқи фаровону ободии хонаву деҳ талабида, то дами қувватдориву ҷону фараи ёрмандӣ дар барашон рост истода, рӯзи ҳашари дараву кишту кору деворзаниву андоваву хаву чигинакашӣ по ба пояшон миён баставу остин барзадаро дар соати эҳтиёҷ ба саломе нахарӣ…
Ҳамашона дар сафи намоз шинондам, аз панду насиҳати Саъдиву «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ донистагиву фаҳмидагима ба гӯшашон чакондам, то одамтинату бо ҳам меҳрубону дастгир бошанд. Як муштики дарави каҳи худойҷонӣ дар ҳақат эб набинанд, алам мекунад, сахти сахт алов мегирие! Шарфаву дови пайи пои хешутабориву мардии майдонгир бояд, ки бибошад, Валлоҳу аълам!»…
Кӯҳу калотро офтоби гарм ба сина пахш намуду фурсати мувофиқи даравгариро ба танг овард. Домулло – пирмарди шерсинаи азимпайкар досро санг заду Ҷумъаро фармуд: «Пеш бикаш табақи қурутобро!» Кампирашро ҳам ба сари табақ муроот кард. Ҳамроҳон чени зӯррас навола хоиданд. Пирамарди ғазабафрӯхта, то охирин леси таҳи табақ ҳаққи чор - панҷ касро лучонд. Бо ҳамин қаҳру ғазабе, ки чеҳраашро сурхонду сару дасту пояшро ларзонду пилки чашмонашро ба пар-пар ҷӯшонд, боз ҳам ба дуо тавфиқи бандагӣ хосту сару ҷони зиндаи фарзандонро…
Кампири хиҷолаткашидаи зиқу ҷалқаби рангбурдаву ранговардаи коҳидаруҳро, ба хайр, ҷавоби хонаравӣ доду Ҷумъаро фармуд: «Ту чени зӯррасут дарза бубанд.» Ва бо алами дардноки шикофанда бунгак кашид: «Гандумаки пухтаро дарав мекардумеее…Ман доғам ё Дӯст!»
Дарав рахшандатар аз интизор даргир шуд. Пирамард то намози аср очаи даравгариро нишон дод. Тоати бандагӣ ба ҷо оварду табақи фатирмаскаро пеш кашид. Боз ҳам Ҷумъа ба чени тавон хӯрду ӯ то леси ахир. То намози хуфтан дарзаҳо баста шуданду хав теппаи фарозида.
Домулло Мурод акнун алами тоқагӣ, бе Соиби дастасои паҳлавонаш, Соибе, ки аз рӯзи шинохт навбати молбониву чӯбшиканиву ҳезумкашониву дараву побели ҳамдеҳагони бебачаву пиру ниёзмандро дар гардан дошт, мисли гиребони куртаву ҷомааш. Бачаи чорафзори дастмарду поймарди майдонзебу маъракаорояш. Кунун ба эҳсосе расид, ки бисёр афсурдаву бемадору дилшикаста аст. Паноҳ аз Ҷумъаи ятим оби ғами дидагон бурун ҷар карду нолиши аловии дарунакӣ дам дод.
Дар фаромадгоҳи деҳа кампираш роҳ мепоист. Ӯро дидан замон, пиракӣ гуфтӣ, ки ҷон гирифт, ҳоли хуш вонамуду умед рахшонд: «Кампирҷон, акнун бихӯру бихоб! Нони яксолата Худованд дод. Бе дастёр бошем ҳам, аз Худои худ намонем.» Бад-ин руҳфизоӣ пирамард боз ҳам худро шери майдон гумориду сутуни дили шикастаи кампираш.
Шаб ба дарозо қад ёзонд. Домуллоро хоби қаҳрӣ аз дурҳо, ба қавли худаш, каллаҷикак дошту мегурехт. Ва пайғом дошт: чашми хобро дидӣ, саломаш бигӯ……Марям дами рӯз дари ҳавлии падарро бо шаст кушода бо рухсораи барқ - барқу кирдори боди ҷондамон шитобзадаи ғайриинтизора худро ба пеши пои қиблагоҳ андохт. Гиристу гиристу гирист: ашки зан дар сари мижгон маҳтали пуфе. Наёрист то муддате забон кушояд. Падар ҳайратзада рӯяшро бардошт аз замину бонг сар дод:«Ай духтар, талхама накафон, чӣ бало расида, ку бугу! Дига ҷони ғаму ғурбати дунёра надорум. Бигу, чӣ гап дорӣ, дар пичаҳакот мурум!».
Марям тоб хӯрд, чунон ки сар аз пилишки сӯзан гузаронда. Чашмони сурхидаашро ба падар дӯхт. Шуъла гирифт чароғ воре. Ба рӯву риши падар часпонд худро. Падар дарҳол модари ҷо ба ҷо гӯӣ сангбастаро ҳушдор дод:«Э кампири ҳушрафтаи ҷонбарбод, ку бигӣ духтарта, чӣ боду бухоре мехӯраш, девонаам кард охӣ!».
Марям ҷасту сар ба бағали модар андохт. Чанде ӯро ҳам бӯсиду бӯид. Яке овоз сар дод: «Очааа!!! Соиби мо зиндааа!»
Бобои Мурод саропо чун чанори туфонхӯрдае ларзиду чанг ба тавбаи гиребонгир андохту худро аз парешонӣ ба ҷамъ овард:
- Э духтар, дар овозут ҷонум, ту чӣ мегӯӣ? Ку бифаҳмон! - садо барангехт…
Марям кабки хушгуфторӣ парвоз дод: «Падар, бахудову бахудову бахудо акаам зинда баргашта. Боз арӯс овардаст дар бараш. Ай хоки Гирмон! Ҳозир мардаки хабарёр гуфт, ки Соибро бо чашмони сараш дар маркази ноҳия дидааст. Сари синааш ситораборон. Дасташ ба дасти маҳтобрӯе аз қавми немис. Мардаки хабарёр боз гуфт, ки як дунё мардуми калону майда ҳалқа задагӣ дар гирдаш буд. Маҷлиси калони ҳукуматӣ мешудаст барош. Аспу зину бори нуқракӯбаш пешкаш намуданд».
Марям дил аз ҳадия холӣ карду хест аз ҷой ва фармуд: «Падарҷон, хезед, бо очам миён бандед аз ҳафт ҷо, дову дасти тӯй бигире, чодари арӯсиам, ки дар сандуқ тозаву рахаш ношикаста аст, овардамаш. Кашед онро дар меҳмонхона. Қасабаи нуқракории арӯсиамро ҳам гирифтам, пойандозаш.
Марями чун дӯлонаи шукуфта дар бари кӯҳ ғарқи гул Ҷумъаро ҳамроҳ гирифту мурғи даштӣ шуд ба дидори акаи дубораҷони сӯхтаву бирёншуда дар фироқаш. Раҳи ба раҳ, деҳи ба деҳ ва бо ҳар кӣ пешорӯ баромада, ранги таблзанон пайки бозгашти ҷигарбанд заду ҷаҳт ба тӯю маъракаи домулло Мурод навохт.
Яке буд, ки дар баромадгоҳи кушодаи деҳае бо номи Алисурхун издиҳоме ба чашм тофт, ки садои суруду чанги арғуштхез омадан дошт ва тандиси аспи сафеде дурахшон бо шаҳсаворе.
Тану ҷони Марямро эҳсоси бардамидае такон доду аз пешрафт боз дошт. Ёрои по кашиданаш намонд. Нишаст, ки дами рустро ҳот кунад. Ҷумъа ба фарёд омад, ки чӣ шудааст ба амма.
Дилам гурумб - гурумб задан дорад, бачам, садои пои акаҷонамро чену чоқ мекунад. Биист, поҳом дига гапма намегиран.
Чабира (гурӯҳи мардум) наздик расиду Марям ҷигарбандро ба яқин бишнохт. Ғайрате ба ҷӯш омад дар пайкараш. Хез заду дав гирифт ба ҷониби издиҳом. Яке аз болои асп савора худро ба зер афканду паррон Марямро чун кӯдаки навруста ба канор гирифт. Ҳар ду ҳушпарида ашки ғамолуди солҳо дамхӯрдаро сар доданд. Гиристанд ба фарёд, бо ҷозибаи ҷодуии нуҳунимсола ҷудоӣ, ба шукри сафедӣ задани «хати сиёҳ», ба эътибори чеҳру сару пову китфу бозуи дубора рахшандаи сутуни хонадони падар.
Суруду чак-чаку дастафшониву пойкӯбиву фарёдҳои муборакбоди анбуҳи гуселгарон, ту гуфтӣ, ки ба як ногаҳ дарёи Хингобро таҳ кашид. Қанҷиғасавори аврупоипӯши ба сурат гулмоҳии дарраобҳои Вахё; хушрӯву сиҳиқаду ороста ба кокули заррини афшон парид аз болои асп ба зер, аҳли назарро бо ашки резони худ ба ҳайрати ангуштхоиву лавгазӣ расонд. Сари пар худро ба болои ҷуфти акаву хоҳари ҷонбаҷони азҳушрафта андохт – алови даргирон. Марям сар бардошту ба муҷарради чашмрас ба оғӯшаш кашид. Хуб бӯсиду бӯяш кашид, мисле ки модар ширхорашро.
Бад-ин гирифторӣ хестанд ҳарсе аз ҷой, худу издиҳомро сари ҳуш баргардонда. Ҷумъа ба шарикаш ишорати «пеш биёр» кард. Марям парғулаи сари китфашро кушоду буғчае рӯ овард. Аз дарунаш чизе ялтастӣ бурун кашид ва ба сари зарринмӯйи арӯс шинонд – қасабаи зарандуди баюгонӣ (арӯсӣ) тоҷвараш карду ҳам бӯсаборонаш рехт аз дигар.
Фрида, ба рағми интизори Соиб, таличаеро аз овезаи китфаш кушоду қуттичаеро аз он бурун овард ва аз дарунаш ангуштареро ба ангушти апаи Марям андохт – нигинаш тиллои сафеди холис чун нишоне аз паёми соҳибдилону рӯшандилону покизагон ва озодшудагони Берлини сиёҳи гитлерӣ.
Издиҳоми яхбаставу шӯхбаста, ҳамакнун, чашму ҳисси бедорӣ кушод. Нафаре аз миёна бархосту бонг барафрӯхт: «Ҳой мардуми ховшапида, шаҳбаророн аст. Сар диёр намоед! Думбаку дойраву рубобу шаҳнавоза кабку кафтари фарёдӣ кунед. Ҳой очаи шаҳ! Сартарошонай, теғ намегузарад!
Тафсид базми сари роҳ. Соибқаҳрамон Марямапаро ба рӯи синаи аз ордену медал ҷарангосиаш бароварду ба зини асп шинонд. Ӯ аз паҳлуи росту немисдухтари дар ҳавои навозишу лутфу хушдилии тоҷикона ғӯтида ва ҳамзамон фурӯҳишт аз қоши зини андуҳу гиряи ҷудоӣ ва хандаҳои дар нуҳуфт аз гиря сӯзонтари андудаи азияту озору уқубати ҷанги гузашта аз паҳлуи чап лагоми аспи масту хиромон мунҷик карда, рӯй оварданд сӯи барзани падари интизори ҳазор бор диданиву бӯсидании Соиби нуҳсола бедарак дар овардгоҳи оташфишонӣ.
Домулло Мурод, баъди парвози Марями ба шавқи дидори бародар шоҳини парроншуда, ҷунбиши ҷавонмардона ангехту сари кампири карахт ҷурз задаашро шаку мол доду ба чашми кушодааш расонд. Оби сард пошид ба рӯи танаш, сари ҷону ҷасадаш шинонду ба гап даровардаш: «Кампирҷон, бипару бигир. Худо аз хазинаи раҳматаш бачаи навмон фиристод.» Ва амр фармуд, «Хезу миён банд аз ҳафт ҷой!»
Модар чилингас (ба як дам хез задан) рӯи по хест. Фараву дармон дарёфт, ки гуфтӣ ҷавонзани сисолаи аловдаста шуда. Куртаву колои тӯёна ба бар кард. Доман гирди миён баст, дасту остин барчид, занону духтарони қарину ҳамсояро ба хелу басти кулчаву чапотиву гирдаву қадмолу ҳалвову озуқу бурсоқиву қадқади тӯӣ фаро хонд.
Сипас, ду - се нафар занону духтарони мандонами ҳунарварро ба ороиши ҳуҷраи бахти арӯсӣ вобаста кард. Ҷурзу ҷиғели куҳнаву лошро ба чоҳ андохт. Раҳу рӯву саҳну боғи ҳавлиро рӯбучину обшӯй кард: мисли оинаи барқад дурахшонид.
Домулло Мурод аз ин сӯ хотирҷамъ гашту рӯ ба он сӯ - ба кӯи муқбили гумгашта –Юсуфписари бозовари нури чашмон. Чанде асо заду ногоҳ партофт асоро! Ғайрате ҷӯшид дар танаш то рагу мағзу устухон:» Соиби азизро бо қомати хамидаву асодастӣ оғӯштан набоястӣ –дили бачам зиқ наёрад. Арӯсаш набинад, ки падар марди кӯзпушти лоғармиёни фартутест. Бачаи қаҳрамонма кашу канори қаҳрамонӣ зебанда.»
Пирмард қомат фарозиду зӯрмандиву бароростагӣ, мисли футуҳоти динарӯзӣ дар користони гандумдаравӣ. Қадамаш бардам-бардам, нафасаш озодаи беғам, зарабони дилаш мураттаб, сараш бедард, панҷ ҳавоси танаш - осиёи гардон, шавқи дидораш ба чени такаллуфи ҳазрати Яъқуби Канъонӣ –раҳи бод гирифт.
Воқеан, ҳама мардуми аз дашту кӯҳу калот ҳумбида (ҷунбиши анбуҳ) ба истиқболи намои афсонавӣ ба чашмони сари худ, гӯи ки диданд саҳнаи оғуштани Яъқубу Юсуфро.
Соиб, ба дидане ки дид, қиблагоҳро, давиду дар пеши пош чорзону зад. Сар ба хоки пош совид. Падар –кундадарахти боду сӯзишхӯрдаи дар ҳасрати борону сабзиш, бо дастону лабону бари рӯи тирик - тирик парида, гиребон фушурда дар мунҷик, рӯ аз осмон намеканд.
Мардуми хамбида ҳатто аз тарақҳои ғору дара, монанди чағоразори чеҳра барафрӯхта дар нишеми офтобборони пуштаи сабз, бе ҳанги пову фаҳми сар гардиданд. Ҳар кӣ гардан мекашиду қад меёзонд бо ангуштони по, телатунбак меандохт, то бубинад манзараи мулоқоти падару писарро, ки дар таърихи ҳазору ан солаи ин буму бар ҳодисае бад-ин шигифтиву сикаи мардонагӣ кас надидаву нашнидаву нағунҷонда ба димоғ. Садои сурноӣ бархоста, аз нав, гуфтӣ, сари кӯҳро об мекунад, рӯшаниро ба фурсате боз медорад аз гардиш ва осиёи даврро аз чархиш…
Мирзо НАБОТ
(Давом дорад)