Боғи сабзи зиндагонӣ бо Шумо хушранг бод!
Рӯятон чун сафҳаҳои бе хати ожанг бод!
Қимату қадри Шумо аз илму аз фарҳанг бод!
Ҳуснорои Шумо шарму ҳаёву нанг бод!
Роҳи армони Шумо бе хору хас, бе санг бод!
Бар Шумо бо ин таманно Соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин соли зани тоҷик бод!
Бенасиб асло намонед аз вафои зиндагӣ,
Дар амони хеш бошед аз ҷафои зиндагӣ,
Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ,
То хирад бошад Шуморо раҳнамои зиндагӣ,
Бар Шумо бо ин таманно Соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин соли зани тоҷик бод!
Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои Шумо,
То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо,
Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо,
Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно Соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин соли зани тоҷик бод!
Абдусаттори РАҲМОН,
шаҳри Ваҳдат