Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз 21 то 25 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе озмуни наврасони боистеъдодро таҳти унвони “Рассоми наврас” доир менамояд. Дар озмун наврасон аз синни 7 то 18-сола метавонанд ширкат варзанд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ), рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии наврасони боистеъдод, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани ҷавонони боистеъдод ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва наврасону ҷавонон, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳ