2 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовиниони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамони озмун, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва ғолиби "Шоҳҷоиза"-и озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2020 Раънои Насриддин сухан карданд.
Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Соли сеюм аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар