«Агар вақтро ба ақиб баргардондан даст диҳад, ман бедудилагӣ пешаи омӯзгориро ихтиёр мекардам», - мегӯяд Саодат Тайғунова, ки 35 соли умрашро ба тарбияи фарзандони халқ бахшидааст.
Ифтихорманд аз фаъолияти хеш асту дар интихоби пеша раҳ ба хато набурда. Беш аз чору ним ҳазор шогирдро дар синфҳои ибтидоӣ таълиму тарбия дода, дари илму маърифатро рӯяшон боз намудааст. Устоди аввалини фарзандони хеш аст, ки то синфи 4 баробари фарзандони мардум ба онҳо сабақ додаву аммо заррае аз модар буданаш дарак надода.
Агарчи муаллими ба таълим сахтгиру дақиқ буд, ба гоҳи комгориҳои шогирдон ҳалиму меҳрубону шафиқ мегардид. Нагузошт, ки фарзандонаш ӯро дар мактаб «модар» гӯён хитоб андозанд, «дар хона модарам, аммо дар мактаб бароятон ман муаллима», - мегуфт ҳар лаҳза. Се фарзандаш ҳам эркатулфори падару модар набуд. Ҳамроҳ бо ҳамсари омӯзгораш нони муаллимӣ шикаставу фарзандонро ба камол расондаанд, то мустақилона парвози баланд омӯзанду бо заҳмат обутоб ёбанд. Ин буд, ки фарзандон нахуст маълумоти миёнаи касбӣ гирифта, бо заҳмати хеш соҳиби маълумоти олӣ гаштанд. Имрӯзҳо фарзандони муаллима дар ҷомеа мавқею мақом ёфта, дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа менамоянд.
- Модари марҳумам дар МТМУ № 20-и ноҳияи дурдасти Шуғнон муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон буданду медали Хизматн шоистаро зимни ифтитоҳи мактаби мазкур аз дасти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтанд ва аз ин басо мефахриданд. Шогирдони зиёде доштанд, ки баъди хатми мактаб зуд – зуд ба аёдаташ меомаданду ба модарам меҳру самимияти беандоза доштанд. Мани хурдсол бо ҳавас суҳбати онҳоро назора бурда, шуълаи муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ дар дилам аланга мезад. Бо андаке бузург шудан раҳ гирифтам сӯи пойтахт, то хонаму орзуи бузургамро пиёда созам. Ҳамин тавр, хонда омӯзгор шудам ва ба мактаб, ба кӯдакон дил додам, - самимона, бо садои пасти ларзон гуфт муаллима.
Ӯ соли 1987 факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгориро поён бурда, тули се сол аз фанни забони русӣ дар синфи ибтидоии мактаб-интернати махсуси мусиқии он айём ба номи Малика Собирова фаъолият бурдааст.
- Дмитрий Янинин, собиқ директори мактаб, он овон тариқи радиоузел ба дарсҳои мо гӯш меандохт. Муҳлати озмоиши омӯзгорони навкор се сол давом мекард ва баъди ин мустақилона ба фаъолият мепардохтанд. Чанде нагузашта буд, ки директор маро наздаш даъват намуду гуфт, ки шумо кӯдаконро ба дарс ҷалб карда метавонед ва дар оянда омӯзгори ҳирфаӣ хоҳед шуд. Аз суханони ӯ сахт мутаассир гаштам ва тамоми умр кӯшидам, ки ба ин боварӣ сазовор бошам, - мегӯяд муаллима.
Баъди се соли фаъолият дар мактаби мазкур Саодат Тайғунова дар мактабҳои № 15 ва 38-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурда, баъдан тули 5 сол ҳамчун директори мактаби ибтидоӣ ва мудири кӯдакистон заҳмат кашидааст. Солҳои 2012 - 2016 директори МТМУ № 58-и шаҳри Душанбе буд. Муддате барои барқарор намудани саломатӣ аз таълиму тарбияи шогирдон дур гашта, дигарбора ба зинаи роҳбарӣ барнагашт. Баъдан ба ҳайси омӯзгори забони давлатӣ дар синфҳои русӣ ва омӯзгори забони русӣ дар синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои №№ 56, 44, 1 ва гимназияи хусусии «Ҳиммат» фаъолият намудааст.
Алҳол, қариби ду сол аст, ки Саодат Тайғунова дар филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ба ҳайси мудири кафедраи томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ фаъолият дорад.
- Раванди пешбурди фаъолият дар муассиса – ин баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва сайқал додани сатҳи дониш ва малакаи омӯзгорони шаҳри Душанбе мебошад. Бо назардошти талаботи мавҷуда ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос тасдиқ гашта, то 1650 омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос мегузарад. Аз ҷониби вазорат ва шарикони рушд барои мустаҳкам кардани заминаи моддӣ-техникии муассиса корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Хушбахтона, Муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар ҷумҳурӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. 3 кабинети дарсии мо низ дорои тахтаи электронист, ки омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз онҳо самаранок истифода мебаранд, - иброз дошт ӯ.
Ҳоло ҷараёни доир намудани дарсҳо ба тарики маҷозӣ (онлайн) бо марказҳои минтақавии методӣ идома дорад, ки онҳо метавонанд ба воситаи планшет ва платформаҳои рақамӣ аз дастовардхои якдигар бохабар шаванд. Ҳайати омӯзгорони донишкада ва филиалҳои он ба тариқи онлайн аз курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра баҳраманд мегарданд. Моҳе қабл намояндагони вилояти Ивановои Россия ва Беларус ба кормандони донишкада ва филиалҳо тули 12 рӯз дар курсҳои такмили ихтисос аз навгониву навовариҳои соҳа маълумот доданд. Дар ҷараёни машғулиятҳо, ки омӯзгорон аз дарсҳои мактабӣ озод мегарданд, тули 18 рӯз аз ҷониби ҳайати профессорон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба бо курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Дар филиали донишкада 44 нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки аксари онҳо бонувон буда, теъдоде ба ҳайси ҳамкор аз макотиби олии шаҳри Душанбе ҷалб мегарданд. 4 профессор, 8 нафар номзади илм ва 16 омӯзгори калон тибқи басти вазифаҳо дар филиали донишкада имрӯзҳо фаъолият доранд.
- Ман меболам, ки касби хубу оилаи хушбахт дорам. Ҳамарӯза даҳҳо шогирдонам бо меҳр салом мегӯянд, ки сарафрозам. Хушбахтона, ғамхории Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, қадру манзалати омӯзгор хеле зиёд аст. Чунин эҳтиром ба омӯзгор дар замири ҳар як шаҳрванд бояд маъво дошта бошад, то омӯзгор орӣ аз ташвишҳои рӯзгор ва камбудҳои иқтисодӣ дар сар андешаи таълиму тарбияи насли наврасро парварда, бо тамоми ҳастӣ, бо дасту дили пок хидматгузори фарзандони халқ бошаду сазовори боварии ҳамагон, - афзуд муаллима.
Омина ХОҶАЕВА