- Қиблагоҳӣ сағира ба воя расида буд, доим аз оинаи нилгун ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ятимон дида ашки шодӣ мерехту иброз медошт, ки дар Тоҷикистон дигар ятим нест, зеро ҳамаи онҳо кунун пушту паноҳ доранд.
Падарам бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кардану якрӯ буданро ба фарзандон талқин менамуданд: «Бачам, нони ҳалол файзу футуҳ дорад». Модарам бо ҳазор зарбулмасалу мақол моро ба ояндаи нек ҳидоят мекарданд, ки имрӯз ин масъулияти бузург бар дӯши мо уфтодааст, - мегӯяд Дилбар Бобоева.
Анъанаи фаромӯшшудаи шаҳр…
Ба суроғи муаллима Дилбар Бобоева рафтем. Пайроҳаи муассисаи таълимӣ аз байни хонаҳо мегузашт. Гурӯҳ - гурӯҳ хонандагон маълум, ки аз мактаб баромадаанд, ҳар яке бо лафзи ширин ба мо салом медоданд. Бароямон аҷиб буд, ки ин анъана дар шаҳр қариб фаромӯш шуда буд. Аз ин рафтори хонандагон аллакай дар тасаввурамон муаллимаро сохтем, ӯ як бонуи хело самимиву хоксор ва оқил бояд бошад. Дарвоқеъ, ӯ чунин буда.
Дилбар Бобоева роҳбари МТМУ №126-и ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба уҳда дорад. Бонуест боиродаву ботамкин. Аз суҳбаташ пайдост, ки дилбохтаи пешаи омӯзгористу аз интихоби касб розӣ. Бо дили бузурги модарона тамоми хонандагони мактабро дар қатори фарзандонаш мондаву меҳр бахшидааст.
Замоне, ки муаллимаро роҳбари мактаб таъин карданд, дар ин муассиса раванди дарсҳо бо забони ӯзбекӣ буд. Норасоии китобҳову кадрҳо зиёд ба чашм мерасид. Пас аз як санҷиш: хонандае дар озмуни дастрасӣ ба Квотаи президентӣ иштирок намуда, аз ҳама фанҳо холи баланд мегираду аз забони тоҷикӣ як хол. Ва бо розигии комитети падару модарон, мактаби мазкур аз тамоили ӯзбекӣ ба тоҷикӣ табдил дода шуд. Муаллима Дилбар Бобоева аз дастгириҳову ҳамкориҳои мардуми маҳал хурсандона ёдовар мешавад. Дар соли аввали роҳбарии ӯ хонандагон дар 3 баст таҳсил мекарданд. Бо ёрии мардуми маҳал 6 синфхонаи иловагӣ сохтанд, ки мушкилоти хонандагону устодон сабук шуд. Ҳамчунин, 700 метр роҳравҳо бетонпӯш шуданду нуқтаҳои оби нӯшокӣ зиёд гардиданд.
Натиҷа
Соли 2017 шумораи хонандагон аз 938 ба 1615 нафар расид. Муаллима бо як ҳисси ифтихор аз дастоварду муваффақиятҳои муассисааш ба мо гуфт:
- Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгори сол интихоб шудани муаллимаи мо боиси сарафрозии ҳайати омӯзгорони мактаб аст Ҳамчунин, шумораи дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олӣ бамаротиб афзуд. Аз ин хело шод ҳастему ифтихор дорем.
Як нафар хонандаи мо, ки аз оилаи камбизоат буд, тариқи Квотаи президентӣ сазовори номи донишҷӯ гардид,- бо эҳсос баён медорад Дилбар Бобоева.
Ӯ ба олмониҳо ҳам дарс гуфтааст
Дилбар бонуи бумии Хатлонзамин аст. Дорандаи ду маълумоти олӣ, яке забон ва адабиёти рус, дигар иқтисодчӣ. Соли 1990 корро аз мактаби хатмкардаи хеш шуруъ намудааст. Миёни устодон мақом дошт, чун шогирди аълохон буду донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» ба фаъолият пардохт, то дар беҳтар намудани ҳаёти кӯдакони маҳал саҳм бигирад.
- Ёдам ҳаст, солҳои 1993–1994 ин ташкилот ба хонандагон хӯроки гарм медод. Як рӯз ба мактаб як кӯдаки 5–6-сола дар пояш калушҳои калон – калони дарида омад. Ва иқрор шуд, ки модараш ба мактаб равонаш кардаасту дар хонаашон хӯрданӣ надоранду гурусна аст. Мехоҳад ба синфи як қабул шавад, то ҳар рӯз хӯроки гарм бихӯрад. Ҳамин лаҳза ашки чашмонамро дошта натавонистаму ӯро ба оғӯш гирифтам.
Гуфтам, майлаш, ту ҳар рӯз ба мактаб биё. Ин манзара то ҳол дар хотирам ҳаст. Имрӯз ба ин оромиву осудагӣ менигараму ҳазорон бор шукр мегӯям, ки фарзандони мо дар руҳияи солим ба камол расида истодаанд, - иброз дошт муаллима.
Боре бо барномаи ташкилот муаллима ба Олмон сафар кард ва муддати 6 моҳ аз фанни забони русӣ бо куртаи чакан ба олмониҳо дарс гуфт. Иброз дошт, ки дар мамлакати зебову тараққикарда будам, аммо Ватанро сахт пазмон шудам. Ҳангоми баргаштан гӯиё аз нав эҳё шуда бошам.
Модар оинаи оила аст
Муаллима оилаи солим доранду соҳиби келину набераанд. Ва Дилбар Бобоева дар бобати оилаҳои ҷавон чунин гуфтанд:
- Вақте байни аъзои оилаҳои ҷавон нофаҳмӣ мешавад, бисёре аз модарони гиромии мо духтаронашонро насиҳат намекунанд, ки бачам зиндагӣ бекамбудӣ намешавад, сабр кун, кӯшиш намо, худатро ба оилаи онҳо мутобиқ соз. Саҳар арӯс бояд пеш аз ҳама хезад, наҳорӣ пазад, дастархон орояд, рӯбучин кунад. Ин масъулияти ҳар зан аст, ки дар баробари кори давлат мо бояд кори оиларо низ сомон диҳем, зеро мо модарем, оинаи оила модар аст.
Наргис табарова,
мураббия