Ҳанӯз аз овони таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ бо заковату ҳушмандӣ ва зиракиву қобилиятҳои нотакрори хеш муаллимаи нахустинашро ба ҳайрат оварда буд. Омӯзгор дар симои шогирди қобилаш шахсиятеро тасаввур мекард, ки замоне бо корномаи шоёну андешаҳои созандааш зеҳнҳоро такон хоҳад дод. Зодмандон бошанд, ба гумони зарфиятҳои ақлониву тавонмандиҳои ҷисмониаш, итминон доштанд, ки духтари хонавода дар оянда корманди ниҳоди қудратӣ мешавад.
Муқаддас омӯзгори фанни забони русӣ Олга Сайидамироваро, ки духтарони деҳа бо рафтору одоби муошират ва фарҳанги либоспӯшиаш ҳавас мехӯрданд, роҳнамову идеали худ донист.
- Айни дар мактабу кӯча падид омадани ӯ, ки ҳатто ба садои қадамҳои хушхиромаш дилбастагӣ доштем, духтаронро эҳсоси бузурге фаро гирифта, монои вай муаллимаи беҳтарини замони худ шудан мехостем. Ин буд, ки фориғ аз мактаб ҳам бо дугонаҳо дар саҳни ҳавлии хонаи мо ҷамъ шуда, ҷойи лӯхтаксозиву дигар бозиҳои дӯстдоштанӣ ба дарсҳо омодагӣ мегирифтем, - овони бачагиро ба хотир меорад Муқаддас. - Ҳар яки мо дар навбати нақши муаллимаро бозидан, мекӯшидем бо нутқи буррову маҳорати суханронӣ ба сони муаллимаи хушсалиқа дарс гуфта тавонем.
Дар пайи амалӣ намудани орзуҳои дилангези наврасӣ ба факултети забон ва адабиёти руси Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дохил шуда, баъди хатми он бо роҳхат ба шаҳри Бохтари имрӯза омад. Аз соли 1989 дар МТМУ № 12 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ба фаъолият пардохт. Дар айни ҷӯшу хурӯши корӣ ба шарофати бозомӯзиву сайқали маҳорати касбӣ ва ташкили синфхонаи фанниву асбобу ашёи аёнӣ, миёни шогирдону омӯзгорон маҳбубият пайдо кард. Аммо нобасомониҳо сар заданду ҳама орзуҳои дар дилҳо парвардаашро барбод доданд.
Дар қатори садҳо муҳоҷирони иҷборӣ ӯ ҳам аз маркази вилоят кӯч баста, дар Сарбанд - имрӯза шаҳри Левакант зиндагӣ ихтиёр намуд. Бо амри тақдир як тан аз ҳампешагон Муқаддасро барои писари худ хостгорӣ кард, баъди издивоҷ то соли 2002 дар МТМУ № 2-и ин шаҳр аз фанни забони русӣ дарс гуфт. Баъдан, бо даъвати устодон фаъолияти омӯзгориашро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома бахшида, аз омӯзгори одӣ то вазифаҳои мудири аспирантура, раиси бонувони донишгоҳ, мудири кафедраи курси амалии забони русӣ, муовини декан оид ба тарбияи факултети информатика расид, аз соли 2019 декани факултети забон ва адабиёти руси донишгоҳ мебошад.
Мо - омӯзгороне, ки аз асари ҷанги таҳмилӣ дар дилҳо захмҳо бардоштаем, баъди ба даст овардани сулҳу оромӣ ва саодати зиндагӣ, аз ин ба баъд, тарбияи ҳомиёни ояндаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва насли саҳмгузор дар рушду ободии Ватанро рисолати худ медонем, - мегӯяд Муқаддас Рустамзода. - Ба хотири баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фаъолгардонии нақши бонувон дар корҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тадрису касбу ҳунаромӯзӣ ва фарогирии занону духтарон ба ҷойи кору ҷобаҷогузории онон ба вазифаҳои роҳбарӣ иқдомҳои ояндасозеро рӯи даст гирифтанд.
Ба андешаи муаллима дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки иддае аз асолатбохтагон хориҷ аз кишвар истода, кӯшиши ангехтани фитнаи навбатиро доранд, зарур меояд, то дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ кӯшишҳо ба харҷ диҳем.
- Тақозои замон аст, ки имрӯз донишҷӯдухтарон чун модарони оянда ва тарбиятгарони башарият оид ба арзишҳои муҳиме, ба вижа Парчами давлатӣ маълумоти кофӣ дошта, бо донишу маҳорати андӯхтаашон тавонанд дар замири наслҳои оянда меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳисси ифтихор аз муқаддасоти миллату давлатдориро парварда бошанд. Зеро тарбияву ташаккули афкори инсони комил аз муҳити солиму созандаи хонавода, сатҳи саводу ҷаҳонбинӣ ва соҳибмаърифат будани модарон вобастагӣ дорад. Чун дар замони кунунӣ васоили тарбияи насли оянда низ ба навгониҳо ниёз дошта, ҳамакнун, ҷойи афсонаҳои ҳезумкашу бузаки ҷингилапо бояд ба кӯдакон аз достонҳои ифодагари муборизаҳои қаҳрамононаи фарзандони барӯманди миллат қиссапардозӣ кард, ки ба хотири боло бардоштани Парчами давлат ва ҳифзи забону фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллии хеш ҷонбозиҳо нишон додаанд.
Бо дарки фазилату ҳикматҳои тарбияи арзишҳо дар замири наслҳои оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, бунёди муассисаҳои бузурги илмиву маънавӣ ба бозтоби асолати миллати хеш иқдом намуда, як силсила асарҳои илмиву таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат- ҳастии миллат» ва ғайраро пешкаши доираи васеи хонандагон гардондаанд. Бознашр ва тақдими асари безаволи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинон, аз туҳфаҳои арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки хонандаро ба таърихи воқеии миллат, муборизаҳои қаҳрамонони роҳи озодии ин сарзамин ва корномаҳои мондагори ниёгон баҳри пойдории миллати тоҷик ошно месозад ва бо таҷассуми ҳадафҳои олии инсонӣ дар ниҳоди наслҳои имрӯзу оянда эҳсоси некиву накукорӣ, ҷавонмардиву фарзонагӣ ва садоқату вафодорӣ ба Ватанро бедор менамояд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН