«Дар театр гаҳвора доштам, ки ҳини тамрин фарзандонамро мехобондам. Боре дар вақти намоиши «Раиси 13 - ум» саҳнаи ман наздик шуда буд, ки духтарам Меҳрангез аз хоб бедор шуда, ба гиря даромад. Мутаассифона, касе дар наздаш набуд, ҳама дар толор намоишро тамошо мекарданд. Ман бояд ба саҳна барояму нақшамро бибозам. Намедонам ба саҳна бароям ё не. Он вақт фаҳмидам, ки гуфтаи бузургон «Санъат қурбониро металабад» беҳуда набудааст. Бо вуҷуди гиряи духтарам, бояд нақшамро иҷро кунам ва дар назди тамошобин тавре вонамуд созам, ки гӯиё ҳеҷ воқеа рух надодааст.»
Ҳунарпешае, ки қаблтар аз як зумра ҳамтоёни хеш аз Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро ҳанӯз дар соли 1988 сарфароз гашта буд,-суханони болоро ёд овард.
Вохӯрии мо дар назди бинои театр сурат гирифт. Аз дур чеҳраи нуронии бонуи хушрӯе бо ҳусну ҷамоли тоҷикона дидагонамро тасхир намуд. Зани хушқомат, бо абрӯвони боло, мӯяҳои сияҳи дароз, чеҳраи болида самти ман даст боло кард. Чун наздиктар шуд, ба саломам бо муҳаббат алейк гуфт.
Нахустин рӯзи қадам ба дабистон гузоштанаш, хеле хуб дар хотираш нақш баста. Қиблагоҳаш Сафар Табаров, ки аз омӯзгорони варзидаву номӣ буд, аз дасташ гирифта назди Хосият Кабирова бурд, то барояш сабақ диҳад.
Амина дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор, дар хонаводаи серфарзанд ба воя расидааст. Таърихи ба дунёи ҳастӣ по ниҳодани ӯ ба 25 - уми декабри соли 1958 рост меояд.
Амина ҳанӯз дар аҳди мактабхонӣ орзу мепарварид, ки ҳунарманд хоҳад шуд. Соли 1974 ба истиқболи Рӯзи модарон - 8 март, порчае аз намоишномаи «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдуллоро ба саҳна гузоштанд ва Амина нақши Пошохонро бо шавқу шӯру шодии беинтиҳо бозид. Ҳамаро қоил кард.
Амина як нома нигошту ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева фиристад. Бо гузораи чанд фурсат аз муаллима, ки Амина интизорашро надошт, посух расид. Мактуби мазкурро мудири мактаб дар ҷамъомади пагоҳирӯзии хонандагон бо садои баланд қироат намуда, ҳамагонро аз орзуи Амина хабардор кард.
Соли 1976, шаҳри Душанбе. Дар он сол муддаиёни риштаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба 500 нафар мерасид. Соли 1976 дар назди донишкадаи мазкур гурӯҳи махсуси шуъбаи актёрӣ барои Театри драмавии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт. Ва аз миёни 500 довталаб 22 нафар: 6 духтар ва 16 писар пазируфта шуданд, ки ҳамроҳи онҳо Амина низ буд. Амина Табарова аснои таҳсил аз он масрур мешуд, ки ба онҳо устодони номӣ Борис Владимирович Бибиков, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, профессор Низом Нурҷонов, санъатшинос Малика Ҷӯрабекова, коргардони номвар Хушназар Майбалиев, профессор Аслиддин Низомов ва дигарон сабақ медоданду асрори саҳнаро меомӯхтанд.
Амина аз оғози таҳсил ба сифати як духтараки лаёқатманди деҳотӣ бо ҳунари табииаш ҳама ҳамтоёну ҳамсабақонашро мафтун карда буд. Ӯ дар этюдҳо ва баъдан намоишҳои хурд нақшофарӣ ва ҳунарашро сайқалу суфта мекард. То кори дипломӣ, курси онҳо дар як қатор намоишҳо, минҷумла «Пулдон»-и адиби фаронсавӣ Эжен Лабиш дар таҳияи Малика Ҷӯрабекова, «Хостгорӣ» ва «Ҷашн»-и Чехов нақш офарид. Кори дипломияшон «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ буд, ки дар таҳияи Ҳоҷиқул Раҳматуллоев рӯйи саҳна омад.
Бо ҳамин шева соли 1980 вай бо ҷамъи ҳамсабақонаш аз курси актёрии донишкада фориғ шуду унвони ҳунарпешаи театру синаморо касб кард. Амина Табарова аз он аҳду овон харита-харита хотироти хушояд дорад. Якеро ёдовард шуд, ки соли 1979, қабл аз фарҷоми таҳсил, як гурӯҳ ҳамсабақон ба аёдати Борис Владимирович Бибиков рафтанд. Вақте аз дасти устод ҳар тан як сурат барои хотира гирифт, Бибиков дар пушти ҳадияи додааш ба Амина чунин навишта буд:
«Счастливого пути в несчастной профессии! Желаю всего лучшего, что может дать вам работа». 1979.
Инак, 18 тозаҳунарпешаи хатмкардаи соли 1980 мебоист ба Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб ба кор пазируфта мешуд. Аммо, роҳбарияти вақти театр ва шуъбаи фарҳанги вилоят исроркорона аз қабули онҳо даст кашиданд, чаро ки 18 нафарро бо шароити корӣ, хона ё хобгоҳ таъмин кардан рост меомад. Вазорати фарҳанг онҳоро ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа - Бохтари имрӯза фиристод. Амина дар ин театр тули се сол ҳунар намуду розу ниёзу сиру асрори саҳнаро омӯхт ва дар асарҳои барҷаста нақшҳои марказиву таърихӣ офарид. Гулноз аз намоиши «Набераи боғбон», зани генерал аз «Хонума Элвира», Ванда аз «Виҷдон», модари Афзал аз «Модар нигарон буд», ҳамсоязан аз «Маликаи ғашён», Надежда Павловна аз «Супориши махсус», Ямзе аз «Манифести чанор», Шарофатхола аз «Имтиҳон», Наталя Степановна ва Мерчуткина аз «Хостгорӣ» ва дигарон аз беҳтаринҳои ин феҳрист мебошанд.
Соли 1983 Амина ба Кӯлоб кӯч баст ва бо театри дӯстдоштааш пайвасту дар намоиши «Хусрав ва Ширин» нақши марказиро бозид.
«Вақте ки ба театри шаҳри Кӯлоб даъват шудам, то хона гирифтан дар меҳмонхона мезистам. Сурайё Қосимова ба наздам омада гуфт: - Мо дар ҳамин ҷо бошему ту дар меҳмонхона зиндагӣ кунӣ? То хона гирифтан дар хонаи ман меистӣ.
Адолат Комилова мегуфт, ки дар хонаи ман бош. Чи хуб аст, ки мисли Сурайёву Садбарг Қосимоваҳо ва Адолат Комилова дӯстони хуб дорам ва ҳамин ҳунармандони асил барои баланд бардоштани санъату фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ҷавонон дасти мадад дароз мекарданд. Бо Сурайё дар намоишҳои «Найрангҳои Скапен»-и Молер ва «Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ нақш офаридем.
Издивоҷи Амина ба соли 1985 бо Анвар Ахмедов рост омад ва се ҷигаргӯшаро ба воя расонданд. Вай дар театр то соли 1999 нақшҳо офарид. Аз соли 1999 то 2005 дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб, мактаби мусиқӣ ва коллеҷи ба номи Кароматулло Қурбонов ба сифати омӯзгор фаъолият бурда, аз соли 2005 то 2009 сармутахассиси шуъбаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, алоқа бо созмонҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ифои вазифа намуд.
Амина Табарова баробари офаридани даҳҳо нақшҳои марказӣ дар саҳнаи театрҳо, дар синамо низ неру санҷида, нақшҳои зеринро бозид:
Хешовандони Ал - Бухорӣ дар филми «Ал-Бухорӣ ( 1994), аммаи Шоҳин дар «Шоҳин» (2006), Моҳбону дар «Гиреҳ дар гулу» (2010), модар аз «Убури сангин» (2009), Сайламо аз «Зарандуд» (2012), Гулчеҳра Маннонова аз «Як ҷаҳон аз ману ту» (2013), Гулҷамол аз «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» (2014), муовини раиси ноҳия аз «Бо як гул баҳор намешавад» (2016), Бибии Соро аз «Бозии тақдир» (2018), Бибӣ аз «Кохи Нур» (2019), модар аз «Роҳ» (2019) ва ҳамсари табиб аз «Охирин сайди Сайёд» аз беҳтарин нақшҳои бозидаи ӯ дар синамои миллӣ ба шумор мераванд.
Бохабар аз он, ки Амина Табарова фарзанди театр асту ин даргоҳи ҳунарро чун хонаи падар дӯст медораду аз тамоми ҳастии он бохабар аст, аз соли 2009 ӯро ба симати директори театр пазируфтанд. Дар давраи роҳбарии Амина Табарова, яъне то соли 2017 дар феҳристи намоишҳои театр 27 асари дигар падид омад, ки ҳама самари заҳматҳои хастанопазири ин бонуи ҳунар буд.
Лутфуллои АЗИЗ,
шаҳри Кӯлоб