Боре ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Истиқлол омадам ва бо директор Лобар Мадумарова пиромуни аҳамияти Квотаи президентӣ барои ҷалби бештари духтарони ноҳияҳои дурдаст ба мактабҳои олӣ суҳбат оростам.
Ӯ гуфт: - Ман зодаи шаҳраки Адрасмон. Соли 2007 мактаби миёнаро хатм кардаму бо Квотаи президентӣ ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шудам. Баъд солҳо дар мактаб-интернати ноҳияи Ашт мураббӣ будам. Соли 2014 бо аҳли оила ба шаҳри Истиқлол кӯчидем ва ман омӯзгориро давом додам. Аз соли 2018 директори ин муассисаам. Воқеан, дар мактаби мо аз 38 омӯзгор 29 нафар бонувонанд. Омӯзгор Раҷабмоҳ Умарова ҳам донишгоҳро тариқи квота хатм кардааст ва яке аз беҳтарин муаллимони шаҳр аст.
Бо омӯзгори забони русӣ Раҷабмоҳ Умарова баъди анҷоми дарси тарбиявияш суҳбат кардем. Ӯ ёдрас шуд, ки 20 сол пеш, соли 2001, аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба факултаи забон ва адабиёти рус дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардааст. Чанд сол дар зодгоҳаш ба хонандагон сабақ дода, таҷриба андӯхтааст.
-Соли 2011 ба шаҳри Истиқлол, бо ҳамсар ва ду фарзандам кӯч бастем ва аз моҳи сентябри ҳамон сол то имрӯз дар МТМУ №2 фаъолияти омӯзгорӣ мебарам. Дараҷаи тахассусиам олист. Шогирдонам дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Чанд нафарашон дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсили худро давом дода истодаанд, - гуфт Раҷабмоҳ Умарова.
Ӯ омӯзгори эҷодкор аст ва мақолаву дастурҳои таълимиву тарбиявӣ навиштааст, ки аз онон дигар ҳамкасбонаш баҳра мебаранд. Соли 2011 дар озмуни «Омӯзгори сол»-и шаҳр иштирок карда, пирӯз шуд ва ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт. Барои ҷалби ҳар чи бештари хонандагон як бинои собиқ анборро таъмиру тармим карда, кабинети забони русӣ созмон дод, ки бо ҳама аёният ва таҷҳизоти таълимӣ таъмин аст, ки аксар маҳсули дастони худи муаллима мебошанд. Дар ин синфхона маҳфилҳои забони русӣ мегузаронад. Хонандагон бо завқ дар машғулиятҳо ширкат меварзанд, ҳар ҳафта ройгон ду соат дарси иловагӣ мегузаронад. Ифтихор дорад, ки шогирдонаш – Мавлуда ва Мафтуна касби ӯро интихоб кардаанду дар мактаб аз фанни забони русӣ дарс медиҳанд.
Ҳамчун роҳбари синф низ комёб аст. Соли 2018 хонандагоне, ки роҳбари синфашон буд, 80 дарсад ба мактабҳои олӣ, аз ҷумла 5 нафар ба донишгоҳҳои Россия дохил шуд, ду нафар ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафт.
Раҷабмоҳ варзишро гарави саломатӣ медонад ва ба ҳамкорону шогирдон низ ин ҳақиқати бебаҳсро талқин месозад. Аз ҳисоби бонувони мактаб дастаи волейбол таъсис додааст, ки қариб ҳар сол онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ пирӯз мегарданд.
Пухтупаз, дастархонороиро дӯст медорад ва ба аҳли хонадон беҳтарин таомҳоро пешниҳод месозад. Дар озмунҳои вилоятии таомҳои миллӣ ва дастархонороӣ солҳои 2019 ва 2020 иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст.
- Баробари таомҳои миллӣ пухтани ғизоҳои русиро низ меписандам, зеро бибии модариам рус ҳастанд ва аз ӯвуу модарам пухтани таомҳои русиро нағз омӯхтаам. Дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ба таомҳо ва нонҳои миллии пухтаи ман, аз қабили палав, қурутоби тунук, оши бадӯғ, атола, ширбиринҷ, нонҳои баҳалво, хомсӯз баҳои хуб медиҳанд.
Раҷабмоҳ Умарова дар ободонии маҳаллаи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Истиқлол нақши намоён дорад. Дар солҳои вакилияш тавонист бо дастгирии раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода дархости интихобкунандагон - масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва кашондани партовҳоро ҳал намояд.
Омӯзгори муваффақ, вакили мардумӣ Раҷабмоҳ Умарова бар он ақида аст, ки комёбии як бону дар зиндагӣ аз муҳити хонаводагӣ маншаъ мегирад. Ӯ аз падараш Мирзоҳайдари Умарзод - шоир ва рӯзноманигор, раиси Анҷумани «Пайванд» дар вилояти Суғд, роҳбари маҳфили адабии «Насими Истиқлол» дар шаҳри Истиқлол ва модараш Умарова Зоя Мирзоевна – собиқ хизматчии давлатӣ ва омӯзгори фанни риёзӣ сипосгузор аст, ки ӯро тарбия карда, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳояш мусоидат намудаанд. Дар пайравии онон ӯву ҳамсараш низ дар таълиму тарбияи фарзандони хеш ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Духтарашон Нилуфар донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия асту Абдусамад дар мактаб аълохон мебошад.
- Ман аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки барои татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии бонувони тоҷик, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, тадбирҳои муфиду ғайриодӣ андешида, амалӣ мекунанд. Яке аз чунин иқдомҳои нек ҷудо кардани квота барои духтарони навоҳии дурдаст аст, ки аз ҷумла, банда низ аз он баҳравар гардидам. Ба ибораи дигар маҳз Квотаи президентӣ орзуямро болу пар бахшид.
Ҷ. СУҒдӢ,
шаҳри Истиқлол