Мавлуда Шарифова рӯзноманигор, соли 1954 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (1976) ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1980).
18 сол дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») муовини муҳаррир, 15 сол дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»-и шаҳри Хуҷанд сармуҳаррир ва ҳамзамон аз соли 1998 то соли 2009 раиси бахши Иттифоқи журналистон дар вилояти Суғд буд.
Муаллифи панҷ китоби публитсистӣ ва беш аз сесад мақолаву очерк. барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2003), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (2018). Алҳол корманди маҷаллаи «Паёми Суғд». Оиладор, модари ду фарзанди баркамол.
Инъикосгари ҷараёни Иҷлосияи 16 - уми Шурои Олӣ ва вохӯрии нахустини Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод». Дар арафаи Рӯзи Президент суҳбате доштем бо ин хоманигор.
- Мавлудабону, дар оғоз мехоҳем каме он рӯзҳои воқеан барои миллати мо вазнини оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ёд оред.
- Ҳарчанд ёди он рӯзҳо дардовар аст, алоқадри ҳол чанд хотироти худро арза медорам. Ҳанӯз шаҳди деринтизори истиқлоли комил начашида, Тоҷикистон ба гирдоби сиёсатбозиҳо кашида шуд ва дар марказу ҷануби ҷумҳурӣ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман паҳн кард. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф қисмат шуда, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Оташи ҷанг тару хушкро месӯзонд, ғубори тарс, ваҳшату нафрат, қатлу куштор, кинаву адоват ҷомеаро ба воҳима афканда буд. Бародар гиребони бародар мегирифт, фарзанд ба сари падар тир мезаду синаи модарро чок мекард. Дар ҷӯйбори гирдаш сабз ҷойи об хуноба равон буд. Душманони миллат ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ кашида, мехостанд афкору андешаи тозаву созандаро аз беху бунёдаш решакан созанд. Теъдоди зиёди мардум аз водии Вахш ҷониби Данғараву Ховалингу Панҷакенту Хуҷанд, Душанбеву Ғарму Дарвоз ва берун аз хоки Тоҷикистон гурезаву дарбадар гаштанд. Тоҷикистон фирористон шуд.
- Дар шимоли кишвар нисбатан оромӣ ҳукм меронд…
- Гарчанде дар шимоли Тоҷикистон садои тиру туфанг ба гӯш намерасид, мардум ором набуданд. Ба қавли Саъдии бузургвор «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор». Вазъи иқтисодӣ ниҳоят бад буд. Нон ва дигар анвои озуқа намерасид. Ёдам меояд, ки чӣ тавр он солҳо мо бо роҳбари раиси ҳамонвақтаи кумитаи занони вилоят Муҳаббат Нозимова аз мардум сарулибос ва анвои хӯрок ҷамъ оварда, ба назди гурезагони иҷборӣ, ки дар деҳаи Овчӣ-Қалъача ҷойгир шуда буданд, рафта, ба онҳо ҳамсуҳбат гардидем. Нақли онҳо ҷигарҳоро хун ва дилҳоро маҷруҳ мекард:
«Мо хонаҳои обод, боғҳои пурмеваи худро, ки айни пухтан буданд, партофта, бо як либоси дар бар доштаамон гурехтем. Чунки гурӯҳҳои мухолифи силоҳбадаст ба хонаҳоямон зада даромада, бе пурсиш мардҳоро мекуштанд, ба номуси духтарон таҷовуз мекарданд, ба шиками занони ҳомила корд мезаданд. Тифлаконро ба оташ мепартофтанд, манзилгоҳҳо, хонаҳо, коргоҳҳоро вайрону валангор мекарданд, амволи халқу давлатро ба яғмо мебурданд», – бо ашки шашқатор мегуфтанд онҳо. Аз шунидани ин суханони дарднок, дидани ҳоли табоҳи мардону занон, кӯдакони маъсуми гуруснаву ташна, ки дар умқи чашмонашон парандаи яъсу андуҳ лона гузошта буд, нола дар гулу мепечиду сиришки дидагон рухсораҳоямонро мешуст…
- Умеде аз пирӯзии ақлу хирад ва тантанаи сулҳу ваҳдат мавҷуд буд?
- Ҳазорон шукр, ки ақли солим ғолиб омаду оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд рӯ ба хомӯш шудан овард. Дар ин иҷлосия ба бахти мардуми тоҷик фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Таърих собит сохт, ки нахустин дастоварди бузурги миллат ин дар вазъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Раҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҷавонмарде ба сарварии миллат баргузида шуд, ки хилқаташ, тору пуди ҳастиаш аз ҷасорату диловариву тавонмандӣ, фазилати давлатдорӣ, олиҳиммативу фаросату заковати фитрӣ, муҳаббати сӯзон ба халқу Меҳан сиришта шудааст. Аввалин сухани Сарвари давлат: «Ман ба шумо сулҳ меоварам, агар он ба қимати ҷони ман ҳам бошад… Мо бояд бо ҳам ёру бародар бошем…» паёми рӯшану мунавваре буд, ки ба дилҳои хаставу навмедгашта ҷони дубора, нафаси тоза ато кард.
- Дар инъикоси воқеии иҷлосияи 16 - ум нақши расонаҳои вилоятӣ, аз ҷумла телевизиони вилоят ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» назар ба расонаҳои пойтахт бештару назаррастар буд. Назари Шумо дар ин маврид чист?
- Ман он солҳо дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият доштам. Рӯзҳои баргузории иҷлосияи тақдирсоз дар радифи садҳо нафар журналистони ватаниву хориҷӣ хеле бо масъулияти баланд кори иҷлосияро инъикос мекардем ва ҳар шумораи рӯзномаи моро хонандагон бесаброна интизор мешуданд. Мусоҳибаҳои ҳамкасбонам Ҳадятулло Тӯйчизода, Ҳасан Шариф, Додоҷон Раҷабӣ, Ҳасани Порсо (равонашон шод бод), Файзуллохоҷа Атохоҷаев, Мирзоғанӣ Валиев, Аюби Кенҷа, ки мухбирони парлумонӣ маҳсуб мешуданд, бо иштирокчиёни иҷлосия Абдумаҷид Достиев, Ҳабибулло Табаров, Адолат Раҳмонова ва бисёр дигарон дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шуда, аз масъулият, дониши баланд ва маҳорати хуби касбии онҳо шаҳодат медоданд. Махсусан, суратгузориш ва суратхабарҳои аксбардорони варзида Маҳмудҷон Бобоҷонов, Шариф Муҳаммадҷонов ва Исроилҷон Рабиев, ки имрӯз, мутаассифона, дар қайди ҳаёт нестанд, хеле ҷолиб буданд.
- Аз нахустин мулоқоти Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони рӯзнома чӣ таассуроте бардошта будед?
- Воқеаи муҳимтарини он рӯзҳо мулоқоти рӯзноманигорони «Ҳақиқати Ленинобод» бо Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки санаи 6-уми декабри соли 1992, баъди анҷоми кори иҷлосия бо ташаббуси он кас ба вуқуъ пайваст. Дар ин мулоқот ба Сарвари давлат роҷеъ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини моддиву техникии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои худро иброз доштем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дилпур кунонданд, ки душвориҳо бо фароҳам омадани сулҳу субот, албатта, ҳалли худро меёбанд. Ин мулоқот рӯзноманигорони моро, ки мисли ҳамаи мардум азоби нодорию навбати нонпойӣ мекашиданд, хусусан, аз ояндаи миллату мамлакат дар ташвиш буданд, хеле руҳбаланд кард.
- Шумо ҳамчун рӯзноманигор борҳо дар мулоқоту вохӯриҳою суҳбатҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштед. Симои ин шахсияти воқеан сиёсии ҷаҳониро чӣ гуна тасвир карда метавонед?
- Якумин чизе, ки дар зеҳни ман нишастааст, тарзи суханронии самимӣ, бепарда, аз таҳти дили Пешвои миллат аст, ки аз ҳамон рӯзи Сарвари давлат шуданашон то ҳол дигар нашудааст, ба қавли шоир «Эй ман фидои он, ки дилаш бо забон якест!»
Дуюм, муносибати ҷавонмардона бо бонувон, махсусан ба модар. Дар як мулоқоташон, ба фикрам, соли 2001 буд, гуфта буданд, ки падарро албатта, эҳтиром мекунанд, аммо меҳри модар дигар аст ва қиссаеро ба ёд оварданд, ки маҳз бо пофишории модар он кас таҳсили илмро идома додаанд. Зан зан асту зан мемонад, яъне зан хоҳ сиёсатмадори бузург, хоҳ шоиру олими бузург бошад, вай зан аст: тимсоли нафосат, раҳму шафқат, малоҳату заковат. Ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам ана ҳамин ҷиҳатҳои нодиру нотакрори бонувонро эҳсос карда, пуштибонӣ аз онҳоро таъкид месозанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони аслии рушди ҳамаҷонибаи бонувони тоҷик мебошанд ва мо ҳам тарафдори ҳамешагии сиёсати хирадмандонаи Пешво мебошем. Рӯзи Президент фархунда бод!
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд