- Омӯзгори воқеӣ инсони ҷаҳонбиниаш васеъ аст. Ӯ бояд сифатҳои беҳтарини руҳии ҳар кӯдакро муайян созад, ононро ба лаззат бурдан аз китобхонӣ ва дониш андӯхтан ташвиқ созад ва фазои мактабро барои хонанда ба макони арзишманде табдил диҳад, - мегӯяд омӯзгор Файзигул Шералиева.
Пешаи омӯзгориро ӯ ҳанӯз аз овони наврасӣ дар дил мепарварид. Падар, ки зиёӣ буд, интихоби ӌигарбандашро пазируфту барои ноилу сазовор буданаш ба ин ном раҳнамо шуд. Маслиҳату машварати волидон ба шуълаи оташаки меҳри духтарак алангаву тобиши дигар бахшиданд, суханони падар ҳамеша дар қалбаш садо медоданд: «Духтарам, омӯзгор бояд фарҳангиву боадаб бошад, вай объекти тақлид аст, бинобар ин намунаи дурусти чеҳраи устодро нишон додан лозим аст».
Эътироф дорем, ки кори омӯзгорӣ саҳл нест, ӯ ба рушди руҳи инсон, ташаккули хислат, тарбияи инсони воқеӣ сару кор мегирад. Барои иҷрои кори муваффақонааш ҳар бегоҳ муаллим дарсҳоро барои рӯзи дигар ба нақша мегирад. Вай маводро барои пешниҳоду фаҳмо шуданаш бодиққат омода месозад. Пешаи ӯ сарчашмаи эҷодиёти номаҳдуд аст.
Чунин хислатҳои волоро дар чеҳраи Файзигул Шералиева метавон дид. Ӯ муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, ҳамзамон, роҳбарии МТМУ № 3-юмро ба дӯш дорад. Файзигул пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1997 корро аз МТМУ № 31-уми шаҳри Душанбе шуруъ кард. Кордониву масъулиятшиносияшро ба назар гирифта ӯро ба сифати сармутахассиси мудири бахши ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур ба кор хонданд. Ӯ кӯшиш мекард, ки аз иҷрои ду вазифаи ба зиммадоштааш ба хубӣ барояд. Барои ба мардум аз наздик ошно гаштан ӯ зинаҳои гуногуни корро тай задааст.
Соли 2001 Файзигул Шералиева аз ҳавзаи №14-уми ноҳияи Шоҳмансур вакил интихоб гардид. Мекӯшид дар бартараф намудани мушкиливу камбудиҳои сокинон саҳм бигирад. Файзигул чанде дар идораи шуғли аҳолӣ низ кор кардааст. Ва имрӯз ҳама он зинаҳои тайшуда, дар соҳаҳои гуногун дар касби омӯзгориаш кор меоянд. Бар он ақида устувор аст, ки хонандаро бояд дарк карда тавонӣ, донӣ, ки ӯ дар кадом шароит тарбия ёфта истодаву дар кадом муҳит рӯз мебарад. Ҳар як омӯзгор бояд равоншиноси хуб бошад, бояд донад, ки чӣ гуна вазъиятро пайгирӣ ва чӣ гуна ба хонанда ёрӣ расондан мумкин аст.
Педагоги машҳур Ушинский мегӯяд, ки муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад. Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад. Дар партави ин ақида бону Файзигул баён доштанд, ки муаллими хуб шогирди боистеъдод аст. Вай пайваста ба худомӯзӣ бояд шуғл варзад. Агар муаллим ӌӯянда набошад, рӯзе дар назди як хонандаи кунҷков мавқеашро гум мекунад.
Аҳли омӯзгорони МТМУ №3-юм барои соҳибмаълумот гардондани шогирдон заҳмат кашида, баҳри дар оянда муваффақ шуданашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Натиҷаи заҳматҳои омӯзгорон бе натиҷа намонд. Соли гузашта шогирдон дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи якум гардиданд. Шаҳобиддини Муҳаммад дар озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал шуд. Ҳамчунин, 8 нафар хонандаи мактаби мазкур дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат ба даври шаҳрӣ гирифт.
Дар мактаб 1726 хонанда дар ду баст таҳсил мекунад, ки ба онҳо 65 нафар омӯзгор дарс мегӯяд, аз ҷумла 60 нафар бону.
- Барои хонандагони ятими кул, маъюбон мактаб китобҳоро ба таври ройгон медиҳад. Ҳамчунин, аз ҳисоби ташкилоти иттифоқи касабаи мактаб ятимони кулро бо сарулибоси мактабӣ таъмин менамоем. Кӯшиш мекунем, ки хонандагони ятим ё маъюб худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накунанд, - иброз дошт бону Файзигул.
Номбурда дар баробари омӯзгори ботаҷриба будан, модари ғамхору меҳрубон аст ва се нафар фарзандашро тарбия дорад. Ба ақидаи муаллима, волидон сарфи назар аз кор, бояд барои фарзандон вақт ҷудо намоянд, зеро тарбият масъулияти бузургтар аст. Фарзандро ба роҳи рост ҳидоят кардану аз аҳволаш пурсидан, аз мушкилиҳояш бохабар будан амрест воҷиб.
Ҳайати омӯзгорон раҳбари хешро эҳтиром қоиланд. Аз рӯи маслиҳату машварати муаллима бо хонандагон кор мебаранд. Роҳбари мактаб низ бар он назар аст, ки сарвар бояд дурбин бошаду ҳолати ҳар як коргарро дарк карда тавонад. Ҳамеша бо лафзи ширин муомила бояд кард, зеро руҳияи муаллим, агар хира гардад, шавқу завқи дарсгузарӣ гум мешавад ва дар натиҷа таъсираш ба хонандагон мерасад.
Аз суҳбати муаллима чунин бардошт кардем, ки ӯ фидоии пешаи омӯзгорист. Ва аз интихоби пеша ба ҳиӌ ваӌҳ пушаймон нест.
Ба ақидаи аввалин созандаи маҷаллаҳои педагогӣ, омӯзгори олмонӣ Дистервег: «Аввалан, худи муаллим бояд фанни худро самимона дӯст дорад. Раванди пешниҳоди мавод бояд ҳаяҷоновар, гуногунранг ва зинда бошад. Ва дар ниҳоят, ситоиш ва ташвиқи доимии ҳама гуна муваффақиятҳои хонандагон ташвиқ карда шавад».
Фарзона ВОСЕЕВА