- Сароянда, раққоса ва ҳунарпешаи боистеъдод Нозигул Юсуфоваро ҳунар мартаба афзуд, - мегӯяд роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ Мутриб Шоискандаров.
Ҷилои ҳунари духтараки хурдсоли болаёқат ҳанӯз айёми мактабхониаш, ҳангоме ки дар синфи шашум таҳсил мекард, ҳувайдо гардид. Рақси зебо ва суруди дилнишинаш дар озмуни «Канӣ духтарон» бо мавҷи кафкӯбии мухлисон ва баҳои баланди ҳакамон қадр шуд. Пас аз озмун мудири клуби деҳа Пӯлод Бахтиёров ба хонаашон ташриф овард: -Ман шогирди ҳақиқиамро имрӯз дидам, Нозигул истеъдоди баланди сарояндагӣ ва рақс дораду оянда санъаткори хуб мешавад. Ӯро ба духтархондӣ мегирам ва, агар иҷозат диҳед, бо ӯ бештар машқ мекунам, - ба волидони Нозигул муроҷиат намуд мудири клуб.
Ҳамин тавр Нозигул иштирокдори фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ дар мактаб ва клуби деҳа гардид. Мехост ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шавад, вале хатми мактаб ба оғози нооромиҳо дар кишвар рост омад. Нозигул тасмим гирифт, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев супорад.
Соли 1998 дар озмуни вилоятии ҳаваскорони санъат мудирияти Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шахсияти Нозигул, ки маҳорати баланди сурудхонӣ ва рақсро нишон дода, ба холи аз ҳама баланди доварон сазовор гардид, истеъдоди ҷавонро дарёфт намуданду ӯро ба театр даъват карданд. Ҳангоме ки санъаткори ҷавон аз имтиҳони шурои бадеӣ гузашт, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова гуфт: -Дилпурам ва бовар дорам, ки насли ҷавони ҳунарманд ба мисли Нозигул парчамбардори санъатварони Бадахшон хоҳад буд.
Қадам гузоштани Нозигул ба остонаи театр ба даврае рост омад, ки барқ дар шаҳр аз рӯи реҷа дода мешуду ҳунармандон зимистон дар ҳуҷраҳои сарду нимторики театр кору эҷод мекарданд. Иддае аз ҳунармандони варзида, бо сабаби ба синни бознишаст расидан, аз кор рафтанд. Нафароне ба далели маоши кам ва мавҷуд набудани шароити эҷодӣ театрро тарк гуфтанду мудирияти театр кӯшиш менамуд халои бавуҷудомадаро аз ҳисоби ҳунармандони ҷавон пур кунад. Вале камёфт будани мутахассисони ҷавон аз як сӯ, аз тарафи дигар вазъи ногувори молиявии театр ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҳунар боис шуданд, ки ҳалли мушкилоти камбуди мутахассисон дар ин муассиса ба душворӣ рӯ ба рӯ гардад.
Нозигул дар чунин шароит 8 сол иҷоранишини ҳуҷраи танги таҳхонаи театр гардид. Дар ин давра, дар баробари кори пурсамари эҷодӣ лаҳзаҳое мешуданд, ки ҳунарманди ҷавон гоҳе вазифаи посбон ва фарроши театрро низ иҷро мекард. Агар посбон барои кори заруре муддате берун мешуд, аз Нозигул хоҳиш мекард, ки посбон бошад. Гоҳе ҳам субҳи барвақт бо майлу хоҳиши худ ин духтари деҳотӣ ҷоруб ба даст мегирифту то омадани фаррош толори театрро тоза мерӯфт. Қалби пур аз меҳр ба касбу ҳунар ва санъат ва боварӣ ба ояндаи сазовору шоиста имкон доданд, ки ӯ бидуни варшикастагии равонӣ мушкилоти муваққатиро паси сар намояд.
Дар баробари ширкати фаъол дар барномаҳои консертӣ дар студияи актёрии назди театр, ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаи актёрӣ таъсис ёфта буд, мехонд, дар нақшҳои лаҳзавӣ дар намоишномаҳо бозӣ мекард. Вақте таҳияи драмаи «Исмоили Сомонӣ»-и Сафар Муҳаммади Айюбӣ ба миён омаду он бояд ба озмуни «Парасту» пешкаш мешуд, коргардони шинохта Баҳодур Миралибеков актёрони беҳтаринро ҷалб намуд. Нақши Исмоили Сомониро ба ҳунарпешаи ҷавони боистеъдод, хатмкардаи омӯзишгоҳи олии театрии шаҳри Москва Умед Хусравов, ки бо тақозои замон дар сохторҳои низомӣ фаъолият мекард, бовар намуду бо ин васила ӯро ба театр баргардонд.
Дар офаридани нақши асосии занона интихоби коргардон бар сари Нозигул афтод.
- Чаро барои нақши Ширин маҳз Нозигулро пазируфтед, - пурсидам боре аз коргардон.
-Ҳарчанд Нозигул то ба ҳол дар нақшҳои эпизодӣ бозӣ намудааст, театршиносон гуфтанд, ки аз уҳдаи иҷрои нақшҳои асосӣ ҳам ба хубӣ мебарояд. Агарчи дар шароити танги иҷтимоӣ зиндагӣ дорад, шиква намекунаду бо ғайрати беше ба кори эҷодӣ дода мешавад. Аён аст, ки ба касбу ҳунараш садоқати беандоза дорад ва мутмаин будам, ки нақшро хуб бозӣ мекунад, - гуфт коргардон.
-Баҳодур аз зумраи он коргардонҳои дорои касбияти баланд аст, ки ҳунарпешаро дар саҳна водор месозад, то маҳорату малакаи эҷодиашро пурра кушояду ба маърази тамошобин гузорад. Болу пар бахшидан ба малакаи актёрии Нозигул низ ба ӯ муяссар гашт, - ба ёд меорад Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳингул Назаршоева.
То намоиши аввал актёри ҷавон Нозигул хеле заҳмат кашид. Вале ин имтиҳони сахту сангин дар ташаккули ҳунараш мусоидат кард. Заҳмати онҳо бесамар намонд. Дар озмуни «Парасту» ( 1999) «Исмоили Сомонӣ» беҳтарин намоишнома дониста шуд. Минбаъда Нозигул дар бисёр асарҳои драмавӣ нақшҳои ҷолибу хотирмон рӯйи саҳна овард. Ноҳид аз «Шоҳ Носири Хусрав», судя аз «Калила ва Димна», Сияҳпӯш аз «Даври орифин», Матилда аз «Хатоии Афлотун», чекист аз «Дурахши ахтар», Нозанин аз «Лаъли Бадахшон» дар дили тамошобинон маъво гирифтанд. Дар драмаи мусиқии «Ширинтар аз афсона» ҳунарпеша дар нақши Моҳпайкар бозӣ намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» гардид. Офелия аз «Ҳамлет»-и Виллиам Шекспир дар иҷрои Нозигул дар «Парасту-2019» ба ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» мушарраф шуд.
Н.Юсуфова дар сафарҳои ҳунарии хориҷи кишвар санъати тоҷикро муаррифӣ намудааст. Дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон нақши Париро бозӣ кард. Доварони озмун намоишномаи «Парӣ»-ро ба ҷоизаи «Тарлан» сазовор донистанд.
Воқеоти зиндагӣ баъзан ба афсона бадал мегардад. Дар ҷараёни омода намудани намоишнома Исмоили Сомонии саҳна, яъне Умед Хусравов ба канизаш Ширин, яъне Нозигул дил басту байнашон тарҳи дӯстӣ афканда шуд, ки пасон ба муҳаббат ва хонадоршавӣ анҷомид.
- Хушдоманам, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова ба ман дар мавриди интихоби оҳангу суруд ва шеваи хондани он кор мебарад. Хусурам, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бовар Хусравов, ки яке аз беҳтарин ровиёни радиои вилоятӣ буд, ба ман дарси риторика, тарзи дурусту бурро ва нишонрас қироат намудани матнҳоро меомӯзад. Аз онҳо сипосгузорам, ки дар камолоти касбиам саҳми сазовор доранд, - баён медорад Нозигул. -Ҳатто вақте келини Майсара шудам, ба хондани сурудҳояш ҷуръат намекардам, то даме ки худашон гуфтанд: - Суруди дигарон дар иҷрои ҳунарманди асил вақте аз дил хонда мешавад, умри дубора меёбад ва хондани сурудҳоямро ба ту бовар мекунам, - иброз намуд Нозигул
Хизмати шоистаи Нозигул Юсуфова бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр шуд.
Соли 2020 дар ҳаёти сокинони вилоят, бахусус аҳли фарҳанг воқеаи хотирмон рух дод. Бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театри вилоятии замонавӣ бо ҳазор ҷойи нишаст дар Хоруғ қомат афрохт. Маросими ифтитоҳ бо суруди «Пешво»-и Нозигул Юсуфова оғоз ёфт. Дар интиҳо Сарвари давлат ба назди ҳунармандон омаданд. Ҳангоми муаррифиашон раиси вилоят дар ростои Нозигул Юсуфова афзуд, ки ин кас келини Майсара Дилдорова ҳастанд.
–Шумо бояд сурудҳои Майсараро хонед, - гуфтанд Сарвари давлат ва аз бону Майсара пурсон шуданд.
-Майсарабону дар толор ҳузур доранд, - посух дод Нозигул ва ба хушдоманаш, ки зери ниқоби зиддисептикӣ фарқ кардани чеҳрааш душвор буд, ишора кард. Сарвари давлат бо нишони эҳтироми сарояндаи маҳбуб ва аҳли фарҳанг аз саҳна поин шуд. Ҳозирин бори дигар ба истиқболи Сарвари маорифпарвари фарҳангдӯст бо мавҷи кафкӯбӣ аз ҷой бархостанд.
- Театри нави замонавӣ туҳфаи бебаҳои Сарвари давлат аст ва он мо-фарҳангиёнро водор месозад, ки бо ғайрати бештару масъулияти зиёд кору эҷод кунем, - баён медорад Н.Юсуфова.- Ҳунарпеша барои бою ғанӣ гардондани репертуари худ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то бо сурудҳои пурмазмуну шево ва нақшҳои хубаш дар саҳна ба дили мухлисон роҳ ёбад.
- Шумо сарояндаи хуб ва нақшофари боистеъдод ҳастед. Ба кадоме аз ин ҳунарҳо авлавият медиҳед?- мепурсам аз ҳунарпеша.
- Вақтҳои охир бештар ба нақшофарӣ моилам ва мехоҳам дар ин ҷода дастболо шавам, ҷавонон дар симои сароянда назири базморои тарабхонаҳо, ки фақат бо шеваи эстрадӣ сурудҳои саргармкунанда мехонанд ва дар симои актёр фақат масхарабозро мебинанд, ки бояд онҳоро бихандонанд. Бовар дорам, дар эҳёи театр ҳамчун ҷойи муқаддас ва макони афкору андешаву тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ муваффақ мешавем ва талошҳои аҳли фарҳанг дар ин ҷода самар меоранд, - хулоса бурд ҳунарпеша.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ