Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, он ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир шудааст. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон дар давоми сол, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тозаеро боз намуд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар кишвар ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат ва фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар сартосари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад.
Ин ид дар баробари Садаю Наврӯзу Тиргон яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии тоҷикон, ки онро кишоварзон дар давраи баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ барои ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парвардаи хеш таҷлил менамуданд. Қатъи назар аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Меҳргон ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои бостонӣ ва инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун ба ҳам овардааст.
Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб ибрози назар намудаанд. Тибқи навиштаҳои онон Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони тамаддуни ниёгони мост. Дар осори бузургон: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунию Умари Хайём, Фаррухию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷӯшон аз расму оин, шукӯҳу шаҳомат ва иззату шуҳрати он маълумоти арзишманде медиҳанд.
Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории милодӣ рост меояд. Аз он замон ҳамасола ниёгон ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии офтоб, коҳиши нумуи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он 6 рӯз идома меёфтааст.
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи марди деҳқон мебошад. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардум дар ин рӯз пироҳани идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи Ҷашни Меҳргонро низ бо матои ранги арғувонӣ густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй: монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.
Яке аз оинҳои ҷашни миллӣ ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият аз соли гузашта мебошад. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз Меҳргон то Меҳргон фаъолияти пурсамар намуда, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, олимони академия ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 навъи нави зироатҳои серҳосили кишоварзиро барои омӯзишу минтақабобгардонӣ супурданд. Ҳоло татбиқи дастовардҳои илмӣ васеъ гардида, кишти навъҳои зироатҳои офаридаи олимон мутаносибан аз 45 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро фаро мегирад.
Дар зерташкилотҳои академияи мазкур зиёда аз 2,5 ҳазор тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва зиёда аз 150 ҳазор воя ваксинаю доруҳои химиотерапевтии байторӣ истеҳсол ва ба хоҷагидорон дастрас гардид.
Олимон дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 30 патенту шаҳодатномаҳои ихтироот шудаанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба масоили ҳалталаби рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси олимони Академия зиёда аз 40 семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ гузаронда шуд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҳар гуна ҷашну санаҳои муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик диҳад. Дар пеш, ки фасли зимистон аст, барои фароҳам овардани захираи маводи ғизоии мавриди зарурӣ аз ҳоло омодагӣ доштани мо ба мақсад мувофиқ мебошад. Бинобар ин, амалӣ гардондани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани Иди Меҳргон басо рамзист.
Ёқубҷон УРОҚОВ,
корманди АИК Тоҷикистон