Агар дар зиндагї толеи бад домангират бошаду бахти баргашта насиб, ќисмати нонавишта мебарадат ба њар кўю дар, пастхамиву љар, новобаста аз он, ки кї њастиву чї. Дар адли хиёлу андешањои лолагуни доѓдори худ фурў нишаста будам, ки рашњаи зањрогини њавасњои пучи кадом як чалфаси ноќобил руњу танамро печид, бардаи худ кард. Хаму печи хиёлоти рангаи љавониям дар як он мисли риштаи солњо барфу борон дидаи љомаи куњан ќарс-ќарс канду мурд, бо чашмони њўйю дањони воз. Дар як фурља шопаланги савдоие гаштам, ки њафт сулама њеваи чарбу нарм карданам надошт. Њарчанд тамѓаи гарданкаш бар сарам бор карданд, худро бегуноњ мешуморам. Дилам бисёр мехоњад сањнаи онрўзаи њаётро дигаргун созам, аммо, «гузашта баргашт надорад».
Вой бар ту! Вой ба њолат!,… устод. Лоаќал наандешидї, ки чор фарзанд дорї! Духтари зеботарини дења зани ту аст. Зани вафодору вафокеш, шоистаи њурмату иззат,… хонаву дари њалол, зиндагии осуда… Агар бо зан, ё хоњари ту ман чунин рафтор мекардам?
- Хез аз љот! Саркаш, бо ин кибру ѓурур то куљо меравї? Мисли дигарњо як механдидї тамом, осмон омада ба замин намечаспид.
- Не, албатта, вале устод гўянд њаќќи падарї дорад. Кадом падар бо духтараш чунин суханњоро раво мебинад? Ё барои шумо ин корњо роиљ аст?
- Мањмадоно, аз њад гузарондї! Баро берун, ман бо ту наѓзакак чаќ - чаќ кунам.
Рўй лаблабуи сурху чашм зард, ханда ба лабњои тунуки пуркидаи ќоќшул ќантар, ки баста буд, фањмидам, ки муаллим сархуш аст.
Бо хандаву истењзо як-як хонандањоро ба тахтаи синф даъват намуда, имкони лаб кушода љавоб гардондан намедод. Шумо бесавод, нодон, гўлу гаранг. Имсол мактабро хатм карда куљо меравед? Колхоз? Љои шумо анбору ќатори љўяњои пахта. Хонед намешавад. Мо њам њамин мактабро тамом кардем. Аъло мехондем. Бо ќувваи худамон донишгоњро тамом кардем. Эње-е боз чї хел тамом кардем. Њама донишљўён маро рў-рўи даст мегардонданд. Духтарњо ку њамааш аз они ман буд. Њар духтар-њар духтар буд, ки рўйю тан моњ барин ялаќќос мезад. Русдухтарњо ба ман часпида гирифта буданд. Шабу рўз аз барам дур намешуданд. Њоло њам аз чойхонаи Роњат то боѓи Ленин пиёда равам агар, њама маро мешиносанд. Аз бўсобўсу баѓал гирифтан безор мешавам. Ана инро хондан мегану инро зиндагї. Шумо чї? Њиљ чї. Тарафтон сахт нигоњ кунан агар, дар эзортон тар мекунен.
Талабањо гўш ба ќимор устод њишта гирифт. Гуфтораш пањну парешони бўйнок аз дањони шаробу сигоромехта мерехт. Лањзае чанд монда буд, ки худро зӯртарини Душанбешањр эълон кунад. Ман, ки андешаи ба дарс љавоб гуфтан доштам, худ ба худ гуфтам: дар замини дигар осмони дигар нест.
Њаваси њамкурсдухтарон хотирашро шодоб гардонид, ки ба мадњу мазоќи толибањои синф оѓоз бахшид.
Ку Амирова як хута нишон буте, ку! Аз сараш, аз байнаш, аз куљоеш, ки сар мекунї иљозат. Сафарова марњамат. Ку худта як буљунбон бинем, кайф кунем, ку. Њаъ, бачањо Малика, Маликаљон шидай, њаъ. Э, дар њаму ќаду бастут бароя љонум. Хайр, бигир, ку. Нашид? Намешава? Надонам ба кадом љурм ё биму тарс буд, ки њама хандиданд. Вуљуди маро њисси бадбиниву ниќор пахш кардаву њеваи ифшояш надоштам. Мисли гунањгоре сар ба сукут бурда интизори лањзаи кафондани дил ќарор доштам. Худи муаллим ёриям дод.
- Ња, Хардумка, чї њама механдаду ту намехандї?
- Хандаовар нест, муаллим.
- Иїй. Њоло гапњои мо барои ту гап нест, бугў. Мо ин ќадар љон канему ту як хандаро дареѓ медорї? И сї нафар њиљ чиз, устод њиљ, фаќат як ту донову боаќл будиву бас. Ё бо Маликахон ягон…
- Як ба афту башараатон нигоњ кунед! Шарму њаё доред! Оё дар шаъни муаллим чунин суханњо мезебанд?
- Њаъ, фањмидам. Фањмидам, ки дар ин синф кї бо кї ба чї корњо машѓуланд. Таълим куљо? Тарбия куљо? Кор фаќат ишќу ошиќї, њаъ. Як талаба китоба дар даст намегирад, тамом, ки кардед, кї гунањгор? Муаллим.
- Вой бар ту! Вой ба њолат!… Лоаќал наандешидї, ки муаллимиву бо шогирдонат суњбат дорї! Ишќу ошиќї… Ишќу ошиќї. Хайр чї? Ќадри зар заргар шиносад, ќадри гавњар гавњарї.
Духтари зебову ќадрас шудааст, Малика. Гўи бори аввал мебинамаш. Ќади сарви рости баланд, рўйи чун моњ гирду сафед, мўйњои сиёњи дарози яккабоф, пеши бари пурра зери куртаи нави атлас, гардани баланду чашму лабњои хандон ўро ба зебосанаме шабењ гардонида, ки аз тамошояш сер намешавї. Дар диду нигоњњои ширинаш судаи ѓаму андуњ, эњсоси биму ноумедї њувайдо нест. Бо ѓуруру виќор ба гирду атроф назар медўзад. Бо ќираи чашм ба ман нигаристу ранги рўйяш таѓйир ёфт. Дарк намудам, ки аќаллан як тарафдор пайдо кардам. Ё шояд ин нигоњњо оѓози ишќу ошиќианд. Ё ин, ки сањви маро сарзаниш мекунад. Худ ба худ ба андешае рафтам, ки гўсола ба рўзгор гове гардад.
Муаллим бо дабдаву ѓулѓула аз дастам дошта ба дафтари фанниаш бурд. Фанаш њам хонданбобу дўстдоштанї набуд. Муаллими фанни тайёрии ибтидоии њарбї.
Дафтари аввал дару тирезаи калони шишагї дошта, рўшану тоза ба назар мехўрд. Дафтари дуюм дару панљараи оњанин дошт. Дар ќисмати болоии дафтари аввал тирезае буд, ки аз он каме рўшанї медаромад. Рўи фарш њафт ќабат ниќобњои зидди газ чангзеркарда мехобид. Танаи деворњоро асбобњои аёнї ва автоматњои чўбини ранга оро медод. Пас аз чанде Маликаро њам тела зада – тела зада вориди дафтар карду панљараву дарро ќулф зада рафт.
Дар дафтари торику чангзеркарда ману Малика танњо мондем. Соате чанд гузашта буд, ки устод бо кадом муаллими дигар дарро кушода дар дафтари аввал нишастанд. Аз чаќ-чаќи пиёла ва суњбатњояшон маълум буд, ки нўшонўш доранд. Чанд шеър њам гуфтанду ситоиши мардиву љавонмардї њам карданд. Дар охир «думѓоза»- и кадом паршикастаро ситоиш намуда суњбатро ба ваќти дигар боќї гузошта хайрбод намуданд.
Пай бурдам, ки моро фаромўш сохтанд, ё то бегоњ дар ин мањкамаи тору бўйнок нигоњ медоранд. Ё љазоямон чунин бояд бошад. Даву ѓељи хонандањо кам шуд, сукуту оромї њукмфармо гашт, то њадде, ки тапиши дилњо баланду нафаскашиамон шунаво буд. Як панља рўшание,ки аз мӯрича ба сару тани Малика меборид, асбобу анљомњои гирду атрофашро њам намоён менамуд. Аз халтаи ниќобњои зидди газ ду љойи шишт омода намудам. Хондамаш, то ба роњат нишинад.
Куртаи атлас нозук аст, медарад, љавобам дод.
- Чанд ваќт рост меистем?
- Барорам, набарорам, њайрон мондаам.
- Ту касеро бўсидаї?- Не, кўтоњ љавоб гуфтам.
- Барои чї?
- Надонам.
- Ман медонам. – гуфт. - Барои он ки то њол касеро дўст надоштаї.
- Медорам, аммо аз гуфтан шармам меояд.
- Киро?
-Фаќат љангам накун, ки дигар фараи гап шунидан надорам.
- Киро?
- Туро. Гўё чизеро намефањмї?
- Ту, ки нагўйи ман аз куљо фањмам?
- Ина гуфтам.
- Биё, наздик. Маро бўсидан намехоњї?
- Мехоњам. Бўсидан, бўйидан. Бўйидан, бўсидан.
Ё Худоё, хомўшї чи њад забони гўёву шево дорад. Лабу дањон, чашмон, абрў, забон, рўй, китфон, дастон - тамоми аъзои баданат гап мезананд. Руњат гап мезанад. Ѓами дил мебарорад, ором мегирад, осоиш меёбад. Дўстдоштаатро оѓўш мегириву мебўї, руњу танат меравад ба раќс таг-таги дарахтон, байни гулу буттањо зери навои найи найнавози нобинои гузари поён.
Субњи солењон устод дастонамро аз гирди гардани Малика, ки сахт оѓўш гирифта будам, рањо карда аз хоб бедорам намуд. Узри зиёд, ки фаромўштон кардааст. Рањоямон кард, то озод бошем. Рањоямон карду људо гаштем. Субњи гармсели оташзабонро бад бинам њам, шаби бўйидану бўсидани дилдодаи дўстдоштаам рўз шуд.
Дигар наметавонам, ки дар сањрои сердолу дарахти пурмеваи ишќу ошиќї саманди бодпои нигоњи масту махмурамро ќамчин занам. Дигар забони гўёву дарозамро миќрози оташини офтоби сўзони рўз бурид, ки кудрати вожае њам ифшо кардан надорам. Дигар як љуволи холиеро мемонам, ки сару тан надорад, њеваи фикр рондан, чи гуфтану чи мондан дар майнаам роњ намеёбад.
Аммо он шаби ширини рўзи љавониамро њич гоњ фаромўш намесозам. Шабе, ки тамоми шабњои њаётамро рўшан сохтаву маро ба ояндаи пур шебу фароз ошно гардонд. Шаберо, ки дўсташ медорам. Шабе, ки аввалин бор дўстдоштаамро бўсидам. Тамоми њушу ёд ќуввату ќудратамро љамъ намудам, то бўса аз лабонаш ситонам, аммо лабњоям хам хӯрду рост шуд, ларзиду тарсид, рафт бари рўяш маъво гирифт. Бўсаи обдори бомаззаи ширину дилкаше шуд, ки як умр фаромўшаш нахоњам кард.
Дўст шудем, аз дўст наздиктар. Афсона гаштем вирди забони хурду калон. Калонњо сано мегуфтанд, ки љавонмардона духтарро њимоя кардам. Љавонон њасад мебурданд,ки дар њама љо таърифу тавсифи ман меравад. Њамсинфон, ки моро шоистаи њамдигар медонистанд, пайвандамонро табрик гуфтанд. Мо якљо шудем. Доимо бо њам дар мактабу берун аз он. Лоиќи њамдигар, «љуфти арзанда» васф мекарданд дар ѓоибу њозирамон. Мактаб њам дар як дав ба охир расид. Бо њам будан… Аз њам будан…
Ёд монду хотира,аз шаби торику бўсањои ширини даврони љавонї.
Бобољони Садриддин