Бо ин бонуи донишманд дар макони кориаш - бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрдем. Рӯйи миз пур аз мақолаву навиштаҳо ва китобҳои таълифнамудааш буданд. Ширин Қурбонова ишора ба китобу дастхатҳо намуда, мегӯяд: «Ҳар сатри онҳо розҳои мананд». Ӯ ҳар навиштаро бонавбат чун дӯсти дерин бароямон муаррифӣ менамояд.
Китобҳои таълифнамудаи Ширин Қурбонова асосан ба мавзуъҳои таърихӣ иртибот доранд. Зеро худ ихтисосманди соҳа буда, шуғли дӯстдоштааш низ мутолиа ва ҷустуҷӯи маводи таърихист.
- Замони мактабхонӣ омӯзиши ҳамаи фанҳоро мепазируфтам. Ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса доштам. Бахусус, фанҳои химия, биология ва математикаро хуб медонистам. Истеъдоди баландам дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ миёни ҳамсабақон боиси тавсифи омӯзгорон гардида буд. Вале, одатан, духтарон бештар ба падар монанд будан мехоҳанд. Шояд аз он ки духтарон падардӯстдоранд, аз ин хотир аксар дар зиндагӣ пайроҳаи тайнамудаи қиблагоҳро интихоб менамоянд.
Падар дар давоми умр дар мартабаҳои баланди давлатӣ ифои вазифа намуда, соҳибэҳтиром миёни ёру дӯстон ва шогирдон гардид. Ӯ ифтихори хонадон ва бо фаъолияти намунавиаш идеали фарзандон буд. Дар интихоби пеша ба падар пайравӣ намудам. Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченкоро бо ихтисоси таърихдон ва чун ӯ бо дипломи аъло хатм кардам, - ифтихормандона мегӯяд муаллима.
Духтари вазир
Баъди хатми донишкада ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи КПСС дар донишкада ба фаъолият пардохт. Мавсуф бо роҳбарии доктори илми таърих, профессор Темур Каримов ба кори илмӣ шуруъ намуд. Пас аз ду сол устодаш аз олам даргузашт. Баъдан, бо далолати падар таҳти роҳбарии профессор Моёншо Назаршоев соли 1993 рисолаашро ҳимоя намуда, номзади илми таърих шуд. Сипас, дар соли 2020 бо азму талош ва ҷустуҷӯю пажуҳишҳо дар ин самт доктори илмҳои таърих гардид.
Замоне, ки падараш Исмоил Қурбонов вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ буд, ба гуфтаи ӯ ягон роҳе барояш ба осонӣ ҳамвор нагаштааст.
- Падар як суханашро то нафаси охирин ду накард, ки чунин мегуфт: «Ман ятим будам. То ба ин сатҳ расиданам, касе дастамро нагирифтааст. Ҳар ки шудам, аз меҳнату талошҳои худ ёфтам. Ва он касе қимати зиндагиро медонад ва қадри инсонро пос медорад, ки бо талошу заҳмати хеш ба ҷойе расидааст».
Воқеан, падар на танҳо фарзандон, балки нафаре аз хешу таборро дар ҷойи корашон ҷамъ накарданд, - иброз дошт Ширин Қурбонова.
Бо забони мардумӣ
Баъди солҳои тулонии фаъолият доштан дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ширин Қурбоноваро моҳи майи соли 2007 директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе таъин намуданд.
Бинои коллеҷи омӯзгорӣ аз соли 1967 таъмиру тармимро надидаву ҳолати ҳузнангезро дошт. Дару девори хобгоҳҳо, китобхона, синфхонаҳо ва ошхона гӯё ба замин мерехтанд. Донишҷӯён дар мизу курсиҳои шикаста дарс мехонданд.
Қариб 10 соли роҳбарӣ Ширин Қурбонова ҳар рӯз ба таъмиру азнавсозӣ банд буд. Солҳои пеш дар бозорҳо кӯрпаю болинҳои тайёри фурӯшӣ чандон зиёд набуд, ӯ бонувони фаррош ва муаллимаҳои ҳунармандро гирд оварда, дар якҷоягӣ бистарҳои хобгоҳи донишҷӯёнро наву озода карданд.
- Масали хуби мардумӣ: -«Нони гандумӣ надорӣ, забони мардумӣ ҳам надорӣ» роҳнамои мо гашт. Аз рӯи ҳамин мақоли қадим амал намудан барори корам шуд. Барои ободонӣ ва таъмиру тармими бинои куҳна маблағи зиёд зарур буд. Ба мақомоти шаҳр мактуб навишта, аз дару девори кафида ва мизу курсиҳои шикастаи коллеҷ тариқи аксҳо огаҳ намудам. Ба қавле якеро «ака», дигареро «додар» гуфта, бо хоҳишу дархост аз пайи ободкорӣ шудем. Хушбахтона, давутозу даркӯбиҳо натиҷа доданд ва маблағи муайян ба хазинаи коллеҷ ворид гашт. Ҳама синфхонаҳо бо асбобу аёнияти дарсии замонавӣ, мизу курсиҳои нав таъмин шуданд. Хобгоҳе, ки замоне волидон намехостанд фарзандонашон дар он зиндагӣ намоянд, акнун барои зист дар хобгоҳ навбат меистоданд. Зеро шароити хобгоҳ хубу роҳат шуд. Ба истифода додани бинои «Кошонаи ҳусн» дар назди коллеҷ анҷоми кор дар ин даргоҳ буд. Ҳамин тавр, соли 2017 ба нафақа баромадам, - иброз медорад бонуи кордон.
Гар зиндагӣ аз сар ояд…
Бознишастан барояш хушоянд набуд. Бо маслиҳати дӯстон ба кори ҳизбӣ пайваст, зеро ба неруи ақлӣ ва ҷасорату матонати ташкилотчигиаш эътимод дошт. Алҳол, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муовини раиси кумитаи «Хирадмандон» - и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон» дар раёсат фаъолият мебарад. Вақте муаллима ба ин даргоҳ ба кор омад, ҳамагӣ 3 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ амал мекард. Ҳоло дар академия беш аз 20 ташкилоти ибтидоӣ вуҷуд дорад.
Ширин Қурбонова ба соати девории ҳуҷраи кориаш назар медӯзад ва лаҳзае хомӯш мемонад. Шояд мусоҳибае, ки ин бонуи дилзинда бо мо дошт, барои варақгардон кардани хотироташ бамаврид буд.
- Шукри писаронам, ки дар ҷомеа мавқеи хешро ёфтаанд ва дар бари мананду бо набераҳо хотирам шод аст. Дӯстони зиёд дорам, шогирдонам эҳтиромамро ба ҷо меоранд. Сидқан аз пайи рисолат - хидмат ба халқу Ватан будам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
АНОҲИТО