МЕҲРОБИ МЕҲР
Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам!
Ҷон ба ҷон, тан ба танам, ҷон Ватанам!
Бахши дидори ту аз дидаи тар
Ба раҳат об занам, ҷон Ватанам!
Як каф армони туро гарм кунам
Ман ба ҳаври даҳанам, ҷон Ватанам!
Эй ҷавонсолтарин кӯҳистон,
Сарзамини куҳанам, ҷон Ватанам!
Аз дилам зилзилаат мегузарад,
Шикан андар шиканам, ҷон Ватанам!
Рӯ ба меҳроби ту оям ба намоз,
Мӯбадам ё шаманам, ҷон Ватанам!
Бо ту дар хоби гарон ҳам бедор
Сухан андар суханам, ҷон Ватанам!
ИШҚИ ВАТАН
Эй ҷони ҷони ман, ҷонам фидои ту,
Эй ишқ, эй ватан, ҷонам фидои ту.
Эй реши решагӣ, сӯзи ҳамешагӣ,
Эй меҳри бесухан, ҷонам фидои ту.
Тӯфони хуни ман, туғёни хуни ман,
Эй набзи зистан, ҷонам фидои ту.
Эй оташи дилам, аз обу аз гилам
Сӯзон забона зан, ҷонам фидои ту.
Буду набуди ман, эй ишқ, эй ватан,
Дар ҷанги тан ба тан ҷонам фидои ту.
Хокам кунӣ агар, покам кунӣ дигар,
Бе гӯру бе кафан ҷонам фидои ту!
ШАБАТ ХУШ БОД!
Нигори сояравшанҳо, шабат хуш бод!
Ту, эй танҳотарин танҳо, шабат хуш бод!
Ба сони осмони соф аз борон
Ҳавои чеҳраат бикшо, шабат хуш бод!
Бигӯ бо ахтари дури худ армонат,
Ба моҳи нав дуо бахшо, шабат хуш бод!
Ба як оҳи аламноки дили чокат
Намеарзад ғами дунё, шабат хуш бод!
Кирои чакраи ашкат надорад ҳеҷ
Ягон шабнам, ягон дарё, шабат хуш бод!
Чи бок озурдадил аз орзуи дил
Агар бошӣ, макун парво, шабат хуш бод!
Бимон, хушбахт бедорат кунад хуршед
Дигар фардову пасфардо, шабат хуш бод!