Қобилова Баҳринисо Тӯйчиевна соли 1960 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи П. И. Чайковский (ҳозира ба номи З. Шаҳидӣ), ҳамон сол ба шуъбаи таърихӣ - назариявии Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский дохил шудааст. Пас аз хатми консерватория мувофиқи тақсимот ба ҳайси омӯзгор ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода роҳхат мегирад.
Таҳсили илм намудану ба ҳайси омӯзгор фаъолият оғозидан ва таҳсил дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои Баҳринисо Қобилова натиҷаи арзишманд эҳдо намудааст. Зеро риштаи меҳнаташ бо вазифаҳою ҷавобгариҳои ҷиддӣ дар назди ҷомеаи тоҷик тӯл кашида, бо заҳмати ӯ таҳлилҳои илмии таърихи фарҳангу санъати миллат рӯйи кор омадаанд. Фаъолияти ҳадафманд ва дурусташ ӯро дар зинаҳои лаборанти калони шуъбаи таърихи санъат, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, котиби илмии институт, муовини директори институт оид ба илм ва таълим аз моҳи январи соли 2017 то ин ҷониб ба ҳайси сарходими илмии шуъбаи таърихи санъати институт санҷидааст.
Баҳринисо Қобилова - зани донишманд, ботамкин, хушмуомила, хоксор ва дар ҳаёти оилавӣ - ҳамсари меҳрубон, модари мушфиқ. Зиндагии шахсии ин бону дар маҷрои бонизом аст, аз муваффақияти кориашон ҷойи ҳайрат нест. «Хушбахтии зан аз ҳаёти оилавӣ сарчашма мегирад. Агар муҳаббату осоиш дар оила побарҷо бошад, аъзои он озоду мустақил ва тавонманданд. Бешубҳа, илму эҷод ҳам аз эҳсоси ҳамдигарфаҳмию эҳтиром манша мегирад. Хушбахтам, ки аз ин инъомҳои сарнавишт бенасиб намондаам. Дар зиндагии шахсӣ маро шавҳару духтари меҳрубон ва хушдомани нозпарварам ҳамраҳӣ мекунанд. Ҳастии онҳо ба ман неру мебахшад ва ман аз меҳрубониву таваҷҷуҳи онҳо илҳом мегирам. Баъдан, кори илмиро дӯст медораму ба коргоҳам муҳаббат дорам».
Мавсуф аз зумраи бонувонест, ки таҳқиқу навбаёнии худро бо дарки паҳлуҳо ва самтҳои дастгирии давлату Ҳукумат дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои шаҳрҳои Москва, Минск, Челябинск, Тошкант, Бишкек, Иссиқкӯл ва ғайра вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фарҳанги мусиқии халқи тоҷик суханронӣ намуда, арзишҳои тамаддуни тоҷик ва дастовардҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Дар мизони фарҳангу тамаддуни ғайр озмудани таърихи санъати миллати тоҷик, ки басо рангин аст, на ба ҳар шахс муяссар мешавад. Барои ин танҳо нафаре сафарбар мегардад, ки эҳтироми гузаштагони фарҳангиро дуруст ба ҷо меорад ва зеҳну фаҳмиши аниқ дорад.
Баҳринисо Қобилова рисолаи номзадиашро соли 2005 дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва рушди санъати композиторӣ (оҳангсозӣ) дар Тоҷикистон» бо роҳбарии академик Раҳим Масов ва профессор Файзулло Кароматов, рисолаи докториашро соли 2016 дар мавзӯи «Таърихи фарҳанги муосири Тоҷикистон дар солҳои 1917 - 1957» бо роҳбарии академик Раҳим Масов ҳимоя намудааст.
Шоёни зикр аст, ки Баҳринисо Қобилова набераи Қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, раиси Комитети иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.
Баҳринисо Қобилова имрӯз миёни ҷамъият исбот намуд, ки қаҳрамонии Нусратулло Махсум на дар ҳуҷҷату забон аст, балки арзиши қаҳрамонии ӯ дар дилу дидаи миллат аст. Духтари Нусратулло Махсум - Хосият Махсумова, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон (модари Баҳринисо Қобилова), ки тӯли бист сол дар коллеҷи омӯзгорӣ ранҷ кашида буд ва имрӯз ин таълимгоҳ бо номи ин қаҳрамонзан аст.
- Аз он меболам, ки набераи чунин марди ватансоз ва адолатпарвар ҳастам. Вақте дар Москва таҳсил мекардам, раҳматии модарам ҳар замон мактуб менавиштанд, ки давлат туро барои кадри лаёқатманд шуданат ба хондан фиристод. Ту бояд дониши амиқ гирифта, сарбаландона баргардӣ ва чун фарзанди содиқ ба Ватан хизмат намоӣ. Тарбияи модарам дар самти саводомӯзии ман дар ҷойи аввал меистад ва сарфарозу розиям аз чунин гамхориҳои кардааш, - иброз дошт муаллима.
Баҳринисо Қобилова узви Шӯрои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, узви Созмони байналмилалӣ оид ба эҷодиёти мардумии ЮНЕСКО, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Арзишҳои фарҳангӣ» («Культурные ценности»), ки он дар шаҳри Санкт-Петербург чоп мегардад, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Музыкальное искусство Евразии» («Санъати мусиқии АвруОсиё») назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Санъатшиносӣ» мебошад.
Ӯ муаллифи 9 монография, беш аз 90 мақола роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аст, ки дар бисёр нашрияҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Матолиби мазкур масъалаҳои умдаи таърих, фарҳанг ва санъат, мусиқии анъанавӣ ва муосир, театр, ҳамчунин мушкилоти гендериро инъикос менамоянд.
«Таҳлилу бозомӯзии масъалаҳои таърихӣ дар алоҳидагӣ ба осонӣ ба даст намеоянд. Чун на ҳама мавод дар бойгонӣ мавҷуд аст. Бо вуҷуди душвор будани фаъолияти илмӣ ҳамаи мавзӯъҳои пайгиринамудаам бароям азизу ҷолибанд. Басо хушҳолам, ки дар илми тоҷик зарраи дигареро зам месозам», - мегӯяд доктори илмҳои таърих, санъатшинос Баҳринисо Қобилова, ки дар авҷи камолоти илмӣ аст.
Шодонаи ИБРОҲИМ,
журналист