Поси шаб, ҳама ҷо сокит, мардум дар хоби нозанду дар осмон ситораҳо медурахшанд. Насимаро ҳеҷ хоб намебарад, ки намебарад. Ба ин паҳлу ва он паҳлу гашта, чашмонашро мепӯшад то хобаш бубарад, вале бенатиҷа. Дар майнааш фақат як фикр чарх мезад, кай рӯз мешавад, ки ӯ қадам ба даргоҳи мактаб гузорад. Хоҳару додарон ва падару модараш роҳат хоб буданду аз бедорхобии ӯ бехабар.
Насима аз хурдӣ байни ҳамсолон ва фарзандони хона бо хушгуфторӣ, лаёқати фавқулода фарқ мекард. Духтари шӯхи кунҷков буд, ҳама чизро мепурсиду донистан мехост. Аз ҳама зиёдтар ба модараш мегуфт, ки кай маро ба мактаб мебаред, ҳатто дар чорсолагӣ майли хондан дошт. Аз калонсолони хона ин кадом ҳарф аст гуфта мепурсиду ададҳоро бо ангуштонаш ҷамъ мекард, ки камтарин кӯдакон ин рафторро доранд. Вақти кӯдакӣ ва наврасии ӯ ба нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ рост омад. Ана дар ҳамон айём ҳам ӯ ба худ мегуфт: ба мактаб мераваду хонда, омӯзгор мешавад. Ба одамони каҷрафтор роҳи дурустро меомӯзонад.
Рӯзе, ки ӯ нахустин қадами худро ба даргоҳи дабистон гузошт, дар хотираш нақш бастааст. Ӯ аз зумраи кӯдакони хушбахти кишвар буд, ки пас аз чанд моҳи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба мактаб рафт. Мавзӯи дарси нахустин ҳам сулҳ буд. Аз синфи якум то ба хатм намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо баҳои хубу аъло хонд, дар корҳои беруназсинфӣ ва ҷамъиятӣ фаъол буд. Маҳз тавассути қобилияти фавқулода ба гирифтани Квотаи президентӣ даст ёфт ва тибқи он соли 2008 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд ва онро соли 2012 хатм намуд.
Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ узви фаъоли китобхонаи марказии шаҳри Бохтар буд. Бо кормандони махзани дониш қарин шуд. Боре як нафар корманд аснои суҳбат ба ӯ гуфт, ки шавқу рағбати зиёд ба китобхонию китобхона дорад, метавонад ним баст дар ин муассиса кор кунад. Ин пешниҳод барои Насима писанд омад. Давоми ду соли дар ин ҷо фаъолият доштан, адабиёти зиёдро аз осори нависандагони ватанию хориҷӣ мутолиа намуд.
Баъди хатми донишгоҳ ба мактаби деҳа ба кор омад. Омӯзгорон шогирди арзандаи худро бо самимият пазируфтанд. Ӯ баробари аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтан, ба рӯзномаи ноҳиявӣ «Баҳористон» ҳамкорӣ ба роҳ монд. Ҳамон ормонҳои худро барои иттиҳоду ҳамбастагии мардум тавассути рӯзнома пешкаши хонандагон намуд. Соли 2013 мақолааш таҳти унвони «Сулҳ баҳорест баҳор оварад» барои хонандагони сершумор писанд омад. Ӯ дар ин мақола ба далелҳои таърихӣ ва воқеӣ такя намуда, хонандаро ба дӯстӣ ва рафоқати инсонӣ талқин менамуд.
Соли 2014 ӯ ба магистратураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши адабиётшиносӣ дохил шуда, онро муваффақона хатм намуд. Бо пешниҳоди устодон дар ҳамин муассиса ба кор пардохт. Насима алъон аспиранти соли дувуми пажӯҳишгоҳи мазкур мебошад.
Ба ҳайси ходими илмӣ дар шуъбаи адабиёти муосир ҳамроҳи устодон корҳои муҳими илмию тадқиқотӣ мебарад.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибор ва ҷойгоҳи илмро дар тараққиёти ҷомеа хуб дарк менамоянд. Ташаббуси навбатиашон дар бораи эълон гардидан Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар ин раванд нақши бузург мегузорад. Ин таъбир барои мо - ҷавонон роҳи васеъ кушод, ки гузаштаи миллатамонро хуб омӯзем, пажӯҳишҳои муҳим анҷом бидиҳем, то илм дар истеҳсолот ҷойгоҳи муҳим пайдо намояд, - иброз медорад муаллима.
Насима Қосимӣ ҳамчун зодаи Истиқлол кӯшиш ба харҷ дорад, то дониш ва имкониятҳои зеҳнии худро барои таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди адабиёти тоҷик ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ равона созад.
А. ШОХОНОВ,
рӯзноманигор