САДОҚАТИ ЗАН
ё асрори ганҷи нуҳуфта
Ба унвони омӯзгори фарҳехта Сангимоҳ Абдуллоева ёддошт рӯи сафҳа овардан сароғоз осон менамояд, аммо бас мушкил аст. Бонуе, ки дар тобеоти ҳудуди Хатлон ва берун аз он ба ҳайсияти заҳматписанд ном бароварда, дар ҷабҳаи таълиму тарбия омӯзгор аст, боҷасорату ватандор аст, сокини ин диёр аст. Ин зани саропо ҳилму маърифат, покиву иффат ва дурдонае дар деҳи пурфайз ганҷи нуҳуфтаро мемонад.
Аввали солҳои 70 - уми садаи рафта дар миқёси ҷумҳурӣ нарасидани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ рӯшан эҳсос мешуд. Ангуштшумор буданд бонувоне, ки ба омӯзиши ин забонҳо майл мекарданд, хосса, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ. Сангимоҳ аз волидони бузургвораш таълиму тадриси воло омӯхта, дар маҳфилҳои макотиби миёнаи ба номи Пушкини ноҳияи Данғара ва ба номи Чкалови шаҳри Кӯлоб зимни баромадҳо (бо русӣ) шеър мехонду сомеонро тасхир мегардонд. Ин пешрафти ӯ аз нигоҳи тағояш Раҳим Санъат Асо -
шахси зиёӣ ва дилогоҳ дур намонд, ки ҳар бори хабаргирӣ таъкид мекард, ки баъди хатми дабистон ба донишгоҳе ҳуҷҷат супорад, истеъдодашро хор накунад.
Падараш Абдуллоҳи Абдураҳим дар шохаи низомӣ фаъолият дошту баъзан ҳафтаҳо рӯи ҷигарбандонашро ба серӣ дида наметавонист. Вазнинии рӯзгор бар дӯши модари муштипар бор буд. Духтараки хушзеҳн аз хати кашидаи модар берун по нагузошта, бо вуҷуди дастёрӣ ба корҳои хона савияи забондониашро ғаноӣ мебахшид.
Омӯзгорон аз рағбати беинтиҳо доштани Сангимоҳ ба илмомӯзӣ хушҳол буданд, ки оянда аз ҳамин ҷода нон мехӯрад. Толибилм аз ин хусус ба модар изҳори матлаб карда буд. Холаи Зубайда чанд забонро хуб медонист. Ӯ интихоби духтарашро писандида, дастон ба ниёиш кушуда, гуфта буд:
- Аз даргоҳи Илоҳӣ бахти сафедатро таманно дорам…
Духтари қобилу боғайрат Сангимоҳ Абдуллоева дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аъло мехонд. Дар семинару конфронс ва чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ ҳамчун раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва узви Шӯрои олимони донишгоҳ ширкати фаъол дошту аксаш тахтаи фахрии «Аълочиёни мо»- ро зеб мебахшид.
Сангимоҳ баъди хатми донишкада (1966–1971) дар андешаи омӯзишу идомаи таҳсилаш буд. Вале модар мужда расонд, ки духтарашро ба Абдуҷаббор Сайдалов ном ҷавон, ки соле аз вай боло мехонд, ба шавҳар медиҳанд, ҷиҳози арӯсиашро омода созад. Аз ин хабари ногаҳонӣ малул гашт, охир бо номзадаш боре ҳам рӯ надидааст. Тӯяшон бо расму оини тоҷикона гузашт.
Номи донишҷӯи аълохон вирди забонҳо буд. Чи аз донишкада ва чи аз созмони ҷавонони вилоят масъулон занг зада, хоҳиш мекарданд, ки духтари босавод ба марказ биояд. Аммо вазъи хонаводаро ба инобат гирифта, шавҳараш зид мебаромад.
Сангимоҳ аз модари бузургвораш панд омӯхта буд, ки шавҳар дар ҳама ҳолат қиблагоҳи зан аст.
Ҷойи афсӯс аст, ки бонуи хушзеҳн ва бофаросату дидадаро аз муҳити деҳ берун по нагузошт. Ин суолест, ки солҳо ин ҷонибро азият медиҳад. Зеро дар пойтахти кишварамон-Душанбеи гулбасар донишмандону фозилон ва донандагони забонҳои гуногун гирд омадаанд. Ин бор ҳароина аз тансиҳативу рӯзгораш ҷӯё шуда, пурсидам:
- Муаллимаи азиз, чаро аз муҳити деҳ берун нарафтед?
- Ин суолро бисёр шунидаам. Аксар вақт нӯгизабонӣ буданашро фаҳмида, хомӯшона ба роҳам меравам, - иқрор мекунад муаллима. - Ҷояш омадаст, ҳақиқатро мегӯям.
Гузаштагони падарии муаллима аз деҳоти Бедараи мавзеи Сарихосор ба таҳдашт кӯч баста, дар шаҳр зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Аҳли хонадони бобои модариаш дар Бухорои шариф мезистанд. Аъзои ин шаҷараи бузург дар пайкори зиндагӣ рӯйнатан камар баста, доди меҳнатро додаанд.
Муаллима панди модари бузургвораш ба гӯш, қасри пурэъҷози эҳтирому эҳтимоми шавҳарро пойбарҷо нигоҳ дошта тавонист. Албатта, тӯфонҳои нобаҳангоми печидаи рӯзгор ба сари ҳар фард меояд. Хонадони мавриди назар аз ин истисно набуд. Муддате бо бародараш Рустам (ёдаш ба хайр!) дар ноҳияи Фархор омӯзгор шуд. Ба шарофати модараш холаи Зубайда ва хушдоманаш момаи Малика мушкилоти хонавода ҳалли мусолиҳатомез дарёфт. Вафодориву арҷгузорӣ боис шуду муаллима аз иҳотаи мардуми якрӯву сарбаланди деҳаи Кадучӣ ба ҷое нарафт. Шарики шодиву сурур ва ғаму андуҳи ҳамсояҳо гашта, ҳаёташро бидуни эшон тасаввур намекунад.
Ӯ бо ҳамсари азизаш Абдуҷаббор дар мактаби миёнаи рақами 6 ба номи Энгелси Ҷамоати деҳоти Пахтаобод (ҳоло ба номи М. Вайсов) дарс мегуфт. Дар ҳар масъала аз ёри бовафояш Абдуҷаббор машварат мехост. Солҳои директории муаллима (1985–88) масъалаи таълиму тарбия боло рафта, атрофи дабистон таъмиру таҷдиди куллӣ дидааст.
Аз як деҳаи Кадучӣ 13 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба камол расидааст. Беҳуда нависанда Ҷалол Икромӣ Кадучиро «Шерози Тоҷикистон» ном набурдааст. Зумрае аз аъзои мактаби адабӣ ва фарҳангӣ (аз солҳои ҳаштодум бад-ин сӯ) дастпарварони муаллима Сангимоҳ Абдуллоева мебошанд. Ин бонуи хушсаводу кушодачеҳраро ба ҳар ҷамъомаду вохӯрӣ боиззат даъват менамоянд. Барои омӯзгор аз ин дида саодатмандии бештаре вуҷуд надорад.
Бе ягон шаку тардид хонаводаи мазкурро «оилаи забондон»-ҳо ном мебаранд. Муаллима дар паи омӯзиши забони халқи кабири рус танҳо набуд. Чунки баробари шавҳараш бародарбузурги ӯ Маннон Сайдалов ҳам факултаи русиро ба поён овардаву дар дабистони деҳа солҳои тӯлонӣ ба фарзандони меҳнаткашон дарс мегуфт. Бародарони муаллима Рустам ва Аслам низ аз ҳамин шоҳроҳ қадам гузошта, нозукиҳои ашъори ҷаззоби Л.Н. Толстой, А.С. Пушкин, М.Ю. Лермонтов, А. М. Горкий, С. Есенин, С. Маршак ва дигаронро хуб азбар карда буданд. Яъне аз доираи забони модарӣ фаро рафтан аломати тафаккури пешқадам ва ҷаҳонбинии фарох маҳсуб мешавад. Инсон бо гардиши айём аз дунёи ягона вораста ба олами дигаре мепайвандад. Ин лутфи худовандӣ на ба ҳар шахс муяссар мегардад.
Муаллима Сангимоҳ Абдуллоева дар тарбияи ҷигарбандонаш намуна буда, ононро ба роҳи ростину накукорӣ талқин менамояд. Орзуву ҳаваси забондонӣ буд, ки писари калонӣ Неъматулло аз раҳи модар гом бардошт ва факултаи забони русии ДДО Кӯлобро муваффақона хатм намуда, Вафо, Зафар ва Барно соҳиби хонаву дари обод ва идоматгари таҳсиланд.
Боре дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоири шаҳир ва журналисти дидвар устод Ғоиб Сафарзода ширкат доштам. Баъди маросими гулгузорӣ, зиёрати оромгоҳ ва суханрониҳо дар саҳни мактаб-интернат бо ёру дӯстон ва ҳамдиёрон суҳбат меоростем, ки аз миёни издиҳом соҳиби чеҳраи нуроние андешаманд сӯямон омад. Муаллимаро дида, аз шодӣ чӣ гуфтанамро надонистам. Гӯё ба ҳузураш ҳамоно сардори синф будаму назди тахта интизори пурсиши «вазифаи хонагӣ» меистодам.
Ҳазорон раҳ афсӯс мехӯрам, ки муаллима Сангимоҳ Абдуллоева аз деҳа дил наканд ва боз худро таскин мебахшам, ки тафаккури пешқадам миёни мардуми одӣ зарур аст, чӣ будани донишу фазилатро ба шогирдон меомӯзонад. Ин хуб аст, ки дар муҳити деҳ муносибати одамон қиёсан ба шаҳр табиӣ боқӣ мондааст. Муаллима дар бораи мардуми деҳ бо муҳаббат ва самимият ҳарф зада, пайвандони талабаҳояшро ном ба ном медонад. Дар муошират бо ҳар яке бо таҳаммул рафтор дошта, робитаи оила бо мактабро тавъам нигоҳ медорад. Мабодо пешрафти хонанда суст бошад, роҳҳо ва усулҳои гуногуни таъсиррасониро меҷӯяд. Лаҳни гуфтори муаллима дар мавриди ислоҳи талабаҳои қайсар гоҳе шиддат мепазирад. Зеро, хуб медонад, ки «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад».
Табиист, ки одамизод фақат дар меҳнат бузургӣ дармеёбад. Муаллима дар машғулиятҳои амалӣ ба шогирдон ҳамин нуктаро таъйид менамояд. Бешуморанд бонувони омӯзгоре, ки бо баҳонаи дарсу рӯзгордорӣ аз ҳалқаи одамон канор мераванд. Сангимоҳ Абдуллоева дар иҳотаи мардум буданро шарафмандӣ меҳисобад. Бар он мекӯшад, ки ҳамнафаси халқ бошад, чунки обрӯву мартабаро аз фарзандони омма дарёфтааст. Ҷомеа оинаест, ки неку бадро менамоёнад. Пас, месазад тавре пиндору гуфтору рафтор дошта бошем, ки ба қадри мавҷудияти Офаридгор бирасем.
Хислати ҳамидаву фазилати омӯзандаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангимоҳ Абдуллоеваро ҳамдиёрон дӯст дошта, иззаташро ба ҷой меоранд. Ҳамзамон, дар симои бонуи оқила маслиҳатгари беминнату ёрирасонро дида, ба ҳарфаш гӯш фаро мениҳанд. Муаллима Сангимоҳ Абдуллоева дар мактаб-интернати хонандагони болаёқати деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ аз фанни забони русӣ ба хонандагон дарс мегӯяд ва дар ҷамъомаду вохӯриҳо аз ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки дар самтҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, бо шукр ҳарф мезанад, нақши ин сиёсатмадори тавонмандро дар осоиши мардуми сайёра муқаддам мешуморад.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод,
адиб