Аз қадим мақоле миёни мардум роиҷ аст, ки волидони арӯсу домодро «чор пиру чор тадбир» мегӯянд, то бо чорагарӣ оилаҳои ҷавонро аз парокандагӣ эмин доранд. Ва падару модарон бо дарки масъулияти баланд муваззафанд, ки рисолати бузурги худро дар ин самт анҷом диҳанд.
Имрӯзҳо дар кишвар нишондоди омори талоқ миёни навхонадорон рӯ ба афзоиш аст, ки ин боиси нигаронист. Омилҳо зиёданд, аммо вазъи ногузири иқтисодӣ, мушкилии манзил, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра танҳо як паҳлуи масъалаанд. Аслан, тарбия ва хулқу атвори неки навхонадорон ин ҷо нақши калидӣ мебозад. Дар солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, бо вуҷуди азоби гуруснагӣ ва бенавоӣ, меҳру муҳаббат, самимияту шафқат ва ҳусни тафоҳуми миёни хонаводаҳо побарҷо буд. Ба ҷуз оилаҳое, ки мардони хонавода дар ҷанг ҳалок мешуданд, парокандагии оилаҳо аз низои миёни ҳамсарон набуд.
Нанговар аст, ки дар замони орому осоишта ҳамсарон бо ҳам нифоқ меангезанд, эҳтироми «чор пир» - ро ба ҷо намеоранд, андарзи онҳоро афсона ва тадбирҳояшонро андешаҳои шаху куҳнашуда меҳисобанд. Бо андаке сарзаниши калонсолон чун борут метарканду қаҳру ғазаби худро ба сари ҳамдигар мерезанд. Бахусус, наварӯсонро зарур аст, ки аз кӯҳ ҳам вазнинтар, босабру ботаҳаммул бошанд. Сабр гарчи талх аст, валекин бари ширин дорад, гуфтаанд.
Боре аз бонуе, ки беш аз 50 сол бо ҳамсараш зиндагии хушбахтона дошт, мепурсанд, ки сабаби хушбахтии шумо дар маҳорати ошпазӣ буд, сарвату ҳусну зебоӣ ё фарзандони нек ё омили дигаре? Пиразан гуфт: «Расидан ба хушбахтӣ дар дасти зан аст, ки метавонад аз хонааш биҳиште созад ё акси онро. Кадбонуҳои беҳамтое ҳастанд, ки боз ҳам шавҳарон аз муомилаи онҳо гила доранд. Занҳои доро ва дар ҳусн беҳамторо ҳам дидам, ки хушбахт нестанд. Занҳое ҳам ҳастанд, ки 10 писар ба дунё оварда, боз ҳам маҳрум аз муҳаббати шавҳаранд.
Аз ӯ суол мекунанд, ки пас шумо ба чӣ шева сазовори муҳаббати ҳамсар гаштед? Гуфт: «Ба вақти асабонии шавҳар бо тамоми эҳтиром сукутро ихтиёр мекардам, он гуна, ки ҳарчи мегӯяд, дуруст мегӯяд, то ки ором шавад. Баъдан, ба оромӣ «дуруст гуфтед», мегӯяму пайи корҳои манзил мешавам. Мард дар ин ҳолат ниёз ба андешаву оромӣ дорад. Ҳаргиз бо ӯ қаҳрӣ намешавам, зеро ин амал ӯро ба одат оварда, бештар сахтгиру носозгораш менамояд. Баъди 2 – 3 соат пиёлаи қаҳва ва ё афшураи меваро наздаш оварда мегӯям: «Бифармоед». Ба ростӣ, ӯ ниёз ба чунин муомила дорад ва ба сухан меоғозам, гӯё чизе байнамон нагузаштааст. Ӯ мепурсад, магар ман асабониям. Мегӯям на, ӯ низ аз дуруштрафтории худ нороҳат гашта, суханони нарму зебо мегӯяд».
Дафъатан мепурсанд, иззати нафсу обрӯи шумо чӣ мешаванд? Кампир мегӯяд: «Иззату обрӯи ман дар ризои шавҳарам ва дар хушрафторӣ ва муомилаи нек байни мост».
Хуллас, «сабр кун, бачам», гуфтани падару модари чи арӯс ва чи домодро саҳл мапиндоред, зеро он қадами аввал барои расидан ба ҳусни тафоҳуми миёни зану шавҳари ҷавон ва аъзои хонавода аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки сабр калиди саодату саломатӣ ва давои мусибат аст. Ба қавли шоир Ғиёсуддин Мирзиёуддин:
Сабр кун, то расӣ ба коми дил,
Сабр кун, то ҳал шавад мушкил…
СИМИН