Ӯ аз хурдсолӣ дар баробари шавқу рағбаташ ба илмҳои дақиқ, инчунин қобилияти хуби аз бар намудани забонҳои хориҷиро дошт. Бахусус, русиро мисли лисони модариаш аз худ намуда буд.
Падараш агрономи хоҷагии давлатӣ буд, ҳар шом бо худ дафтари калонеро ба хона меовард. Баъди тановули хӯрок онро варақ мегардонд. Чизе менавишт, баъзе қайдҳояшро хат мезад.
Боре падар дар бораи корнамоии фаъолзанони хоҷагӣ ба ҳамсар нақли ҷолиб намуд. Дар ин миён исми бонуеро ба забон овард, ки дар хотираи духтараки зирак нақш баст.
- Ин бонуи фаъоли деҳаи Ревни ноҳияи Ишкошим, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Зебунисо Лутфиева буд, ки дар борааш бо забони русӣ иншо дар мавзӯи озод навишта будам. Тахминан дар синфи 6 ё 7 мехондам. Дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) байни хонандагон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар қатори хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ман низ аз фанни забони русӣ дар ин сабқат ширкат варзидам. Эҷодам дар васфи як бонуи одии меҳнаткаш, говдӯши пешқадами деҳотӣ аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт, - ёд меорад Моҳбегим Мирзоева.
Шавқу рағбат ва истеъдоду маҳорати забономӯзиаш буд, ки азми идомаи таҳсил дар ин самтро пеша намуд. Соли 1981 шомили Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардид. Аз он ки дар аксар навоҳии дурдасти кишвар нарасидани омӯзгорон, бахусус омӯзгорони забони русӣ мушкили асосӣ буд, пас аз хатми донишкада Моҳбегимро бо роҳхат ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Шаҳритус фиристоданд.
Солҳои аввали корӣ дар ин ноҳияи бағоят гарми кишвар зиндагӣ барои Моҳбегими кӯҳистонӣ мушкилӣ дошт. Баъди 2 соли омӯзгорӣ бо амри тақдир риштаи ҳаётро бо ҳампешааш пайваст. Онҳо аз ин издивоҷ соҳиби ду писар шуданд.
- Ҳамин минвол, ширинии умр гузашт. Зиндагӣ маҷрояшро дигар намуд. Шомили бахши иқтисоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корманди бонк шудам. Агарчи пас аз 10 соли омӯзгорӣ тағйири пеша намуда, ба кори бонкдорӣ пайваста бошам ҳам, ба омӯзгорӣ дилам кашол аст, - меафзояд ҳамсуҳбатам.
Моҳбегим Мирзоеваро эълони овехтаи девори паси хонааш водор сохт, ки ҳуҷҷатҳояшро ба созмони ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» супорад. Донишу малака ва забондониаш кор дод. Баъди суҳбати рӯ ба рӯ бо намояндагони созмон Моҳбегимро ба кор қабул намуданд. Ин созмон аз соли 1997 барои ҳимоя ва дастгирии модарону кӯдакон дар ноҳия ба фаъолият пардохта буд.
Яке аз лоиҳаҳои ин ташкилот амалӣ намудани барномаи додани қарзҳои хурд ба бонувон буд. Модароне, ки баъди даргириҳои шаҳрвандӣ хонаву дари худро аз даст дода буданд, имкони соҳиб шудани қарзҳои хурдро барои таъмини хонавода доштанд. Воқеан, дар солҳои аввал бо мардум дар ин самт кор кардан мушкил буд, зеро на ҳар кас мафҳуми қарз ва фарҳанги истифодаи пулро медонистанд. Аз он ки он давра хонаводаҳо мушкили иқтисодиашон хеле боло рафта буд, аксаран маблағҳои қарзиро пурра барои рӯзгор ва хариди ғизо сарф менамуданд.
- Ҳамин тавр, як фонди кумакрасон аз ҳисоби захираҳояш ба Ташкилоти амонатии қарзии хурд «Имон интернешнл» табдил ёфт. Ва имрӯз низ ба манфиати бонувон ва дастгирии онҳо дар самтҳои гуногуни зиндагиашон ин ташкилот фаъолияташро роҳандозӣ намудааст. Филиали бонки «Имон интернешл» ба мардуми корафтодаи се ноҳия - Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав амонат медиҳад, интиқоли маблағ ва дигар намудҳои хизматрасониро ба анҷом мерасонад. Қарзгирандагон аслан соҳибкорони инфиродиянд ва онҳо имкони аз 100 сомонӣ то 500 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанро доранд. Аз он ки Шаҳритус ноҳияи аграрист, шаҳрвандон барои пешбурди корҳои хоҷагӣ ва тиҷорати гову гӯсфанд аз хизматрасонии қарзии бонкӣ истифода мебаранд. Бештари теъдоди мизоҷон бонувон мебошанд, ки 67 дарсадро ташкил медиҳанд. Фаъолияти ташкилот дар асоси иҷозатнома ва шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, - иброз медорад бону Моҳбегим.
Алҳол, дар ноҳияи Шаҳритус 14 ташкилоти қарзӣ амал менамояд, ки ҳар кадоме дар доираи фаъолияти худ ба мизоҷон хизмати бонкӣ мерасонад.
Бону Моҳбегим мегӯяд, ки ТАҚХ «Имон интернешнл» бо фоизҳои дастрас, аз 14 то 28 ба мизоҷон қарз медиҳад. Масалан, қарзи таҳсилии «Чароғи маърифат» дар гирифтани маълумоти олӣ барои ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар бо нишондиҳандаҳои хуби хониш таҳсил мекунанд, тавассути пешниҳоди маблағгузории дарозмуддат бо фоизи имтиёзнок мусоидат менамояд. Ин барои ҷавонон дар самти омӯзиш, аз бар намудани илму дониш ва соҳибкасб шуданашон дастгириест. Ҳамчунин, маҳсулоти қарзии «Саломатӣ » барои табобати муштарӣ ва аъзои оилаи ӯ дода мешавад.
Ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии бонувон дар ин самт, инчунин, маҳсулоти қарзии «Ҳунарҳои мардумӣ » дар бонки мазкур роҳандозӣ шудааст. Тавассути ин намуди қарз бонувони хонашин ҳунарҳои мардумии тӯли асрҳо нуҳуфтаро, аз қабили матоъбофӣ , табақтарошӣ , созтарошӣ , қолинбофӣ , сабадбофӣ ва сохтани ҷавоҳиротро аз нав зинда намуда, анъанаҳои ниёгонро байни аҳолӣ омӯзонда идома медиҳанд.
- Тариқи маблағ кор кардан ё худ тиҷоратро чархондан, агарчи таърихи куҳан дошта бошад ҳам, дар замони соҳибистиқлолӣ ин усули корӣ аз нав ба таври замонавӣ роҳандозӣ шуд. Чун солҳои пешин дар ҳамкорӣ бо мизоҷ мушкил надорем, зеро аллакай дар бораи ҳамкорӣ бо бонк шаҳрвандон маълумоти амиқро касб намудаанд. Инчунин, пеш аз қарз додан ба мизоҷ дар мавриди истифодаи қарзҳои бонкӣ маслиҳат дода мешавад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Алҳол, 43 нафар корманди бонк барои 5 ҳазор мизоҷ хизмат мерасонад. Ҳар корманд тариқи суҳбати рӯ ба рӯ ба кор қабул шудааст ва, албатта, бо назардошти дониши иқтисодӣ ва доштани санъати суханварӣ бо мизоҷон.
- Аз омӯзгорӣ то бонкдорӣ зинаҳои ҳаётро гузаштам, вале имрӯз, ки роҳбарам, боз ҳам муаллимам. Чун устод мекӯшам, то сари ҳар мушкили кормандон омода бошам, - мегӯяд Моҳбегим Мирзоева, роҳбари филиали Ташкилоти амонатии қарзии хурд «Имон интернешнл» дар ноҳияи Шаҳритус.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Шаҳритус – Душанбе