Шогирдони омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон Гулазор Баҳронбекова ду сол пайи ҳам аз озмуни ҷумҳуриявӣ бо ҷоиза баргаштанд.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ маросими истиқболи барандаи ҷоизаи навбатӣ ва омӯзгори фан бо ширкати омӯзгорону талабагон, сокинони деҳа ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир шуд. Ба бовари роҳбари муассисаи таълимӣ Кайхусрав Асматбеков, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ омили муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия буда, онҳо талош меварзанд, то дар доираи таваҷҷуҳи давлат қарор доштани соҳаи маориф дар кишвар ҳар як дастоварди таълимии муассисаро ба таври сазовор тарғиб ва қадр намоянд.
Дар ҷамъомад аз заҳмати омӯзгори боилму маърифат, масъулиятшинос ва соҳибтаҷриба, ки дар тарбияи шогирдони болаёқат ва таҳкими дастовардҳои муассисаи таълимӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар саҳми арзанда гузошт, суханони гарму самимӣ гуфта шуданд. Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Г. Баҳронбекова бештар аз 30 соли фаъолияти касбиашро ба таълиму тарбия дар мактаби деҳа бахшидааст. Биология илм дар бораи ҳаёт аст ва омӯзгор ба шогирдон дарси ҳаёт меомӯзад. Ӯ ба шогирдон бо чашмони дигар нигаристан ба табиати гирду атрофро меомӯзонад ва мефаҳмонад, ки инсон чун шарифтарин мавҷудоти зинда дар баробари муроқиби саломатии худ будану риоя намудани тарзи ҳаёти солим, дар ҳифзи олами набототу ҳайвонот масъул асту ин рисолаташро бояд шарафмандона ба ҷо орад.
Муаллима бо дониши аъло, суханони муъҷазу фаҳмо ва усули шавқовар мавзӯъро дар зеҳн ва қалби талабагон ҷо мекунад. Дар ҷараёни саволу ҷавоб шароит фароҳам месозад, ки ҳама баробар дар дарк намудани моҳияти мавзӯъ ва кушодани паҳлуҳои гуногуни он ширкати фаъол дошта бошанд. Бо хушбаёнӣ ва маҳорати баланд талабагонро ба олами асрори нозукиҳои мавзӯи фанни табиӣ ворид месозаду ҳамзамон дарсро устокорона барои тақвият бахшидани омӯзиши забони илмии тоҷикӣ истифода мебарад ва ин аст, ки шогирдони муаллима босавод ва сухандону суханваранд. Ӯ ба афкору андешаи талабагон болу пар бахшидану омода намуданашон ба фикри мустақилона ва дар ниҳоди ҳар як шогирд дарёфтану бедор намудан ва равнақ додани қобилияти эҷодкориро барои омӯзгор муҳим мешуморад. Шогирдон дарсҳои таҷрибавии муаллимаро бесаброна интизор мешаванд ва бо ёрии омӯзгор ҷудо намудани крахмал, шира ва дигар моддаҳои биологиро аз таркиби рустаниҳо ёд мегиранд. Муаллима мефаҳмонад, ки олами наботот низ мисли инсон хусусияти нумӯ ёфтану фано гардиданро дорост.
Рустаниҳо на фақат табиатро зиннат мебахшанд, балки дар тоза намудани ҳавои сайёра ёварони асосӣ ва беминнати инсон ҳастанду бояд ҳифз шаванд. Муаллима нақл мекунад, ки ҳанӯз чанд даҳсола қабл дар гирду атрофи ин деҳаи аз ҳама баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Сучон нахчир ва ё суғурро дидан ҳодисаи муқаррарӣ ҳисоб меёфт. Ҳоло зери таъсири омилҳои инсонӣ макони зисти чунин ҷонварони ваҳшӣ дар пуштакӯҳҳои баланд маҳдуд гардидааст. Ҳамчунин, бинобар пур шудани бозори истеъмолӣ бо молҳои воридотӣ ва дигар сабабҳо баъзе аз намудҳои ҷойдории олами наботот дар ҳолати азбайнравӣ қарор доранд.
- Модар ва бибиҷонам дар дилам шавқ ба рустанипарвариро бедор карданд. Онҳо бо гулҳои хонагӣ чун ба мавҷудоти зинда хеле ғамхорона ва боэҳтиётона муносибат мекунанд. Ҳар гоҳе дар маросимҳо гиёҳҳои хушбӯй дуд мекарданд ва ҳам дар муолиҷа истифода мебурданд, дар бораи хусусияти шифоии ин гиёҳҳо мепурсидам. Вале дар синфи чорум нахустин бор бо ҳидояти муаллима дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни табиатшиносӣ ширкат варзидаму омӯзиши илми табииро равияи хеш қарор додам. Ба шарофати дарсҳои шавқовари муаллимаи азизу меҳрубон, забондон ва соҳибилму ботаҷриба биология дар мактабамон яке аз фанҳои дӯстдоштаи талабагон гардидааст. Ба ман чун яке аз хонандагони соҳибистеъдоди мактаб шарафи баранда шудан дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ва ба ҳайси намояндаи хонандагони макотиби вилоят ширкат варзидан дар озмуни ҷумҳуриявӣ насиб гардида, шарафмандам, ки бо ҷоиза баргаштам, - баён дошт хонандаи мактаб Бибисултон Қурбонмамадова.
Ба гуфтаи Гулбибӣ Мародбекова, модари соҳибҷоиза, оила дар таълиму тарбияи фарзанд нақши муҳим дорад, вале дар парвариши ниҳолакҳои боғи дониш ва боилму маърифат гардонданашон саҳми омӯзгор бағоят бузург асту ӯ дастоварди духтарашро натиҷаи заҳматҳои зиёди муаллимаи азизу меҳрубон, хушбаён ва сахтгиру меҳнатқаринашон медонад ва аз номи волидон ба омӯзгорони мактаб изҳори сипос менамояд.
Шогирди дигари муаллима Суҳайло Шербекова, ки соли гузашта бо медали биринҷӣ аз озмуни ҷумҳуриявӣ баргашта, айни ҳол дар Донишгоҳи тиббии Санкт - Петербурги Федератсияи Россия таҳсил дорад, барандаи ҷоиза ва муаллимаи азизашро бо барқияи табрикотӣ шодбош гуфт.
Гулазор Баҳронбековаро дар деҳа на фақат чун омӯзори асилу дилдодаи касб, балки чун бонуи ташкилотчӣ , тарбиятгару маслиҳатдеҳи мардум ва модари мушфиқу меҳрубон мешиносанд.
Барои муаллима ва шавҳари меҳрубонаш Аҳмад Мазамбеков, ки собиқаи бештар аз сисолаи касбиашро ба фаъолият дар сохторҳои маориф ва мактаб бахшидааст, омӯзгорӣ пешаи авлодист. Мактаб номи Охон Сулаймонро дорад, исме, ки ба хонаводаашон пайванди ногусастанӣ дорад ва онҳоро водор месозад, бо масъулияти баланд ва эҳтироми махсус ба анъанаи тарбиятгару маърифатпарвар будан содиқ монанд. Охон Сулаймон яке аз машъалбардорони маърифат дар Бадахшон ва нахустин омӯзгори деҳа бо таъсиси нахустин мактаб - интернат дар Хоруғ дар соли 1923 роҳбари он таъйин гардиду умрашро ба таълиму тарбияи кӯдакони бепарастор ва аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазири ҷомеа бахшид. Дар деҳа бошад, дар солҳои маҳви бесаводӣ манзили истиқоматиашро ба ихтиёри мактаби нахустин гузошту ҳоло дар ҷойи он муассисаи таҳсилотии замонавӣ қомат рост намудааст, ки дар он фарзандони сокинони се деҳот - Рожу Шиврож ва Сипинз таълим мегиранд.
Намояндагони ноҳияи Шуғнон бо дарёфти 15 медал дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба натиҷаи баландтарин дар байни макотиби шаҳру навоҳии вилоят соҳиб шуданд. Ба гуфтаи масъулони соҳаи маориф дар ин комёбӣ саҳми омӯзгорони болаёқату соҳибтаҷриба ва содиқ ба пешаи хеш ба мисли муаллима Г. Баҳронбекова бузург аст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
деҳаи Рож, ноҳияи Шуғнони ВМКБ