Бонувони соҳибидрок раҳнамунгари инсоният ба сӯи камолоти зеҳнианд.
Эшон амсоли нуреанд, ки на танҳо имрӯз, балки ояндаро низ равшаниву гармӣ эҳдо месозанд. Муҳаббат Собирова аз зумраи бонувонест, ки шебу фарози зиёдеро дидаву дар кӯраи таҷрибаҳои зиндагӣ гудохта шуда, дар паи ободиву осоиштагии мардуми кишвар ранҷу талоши пайваста ба харҷ додааст.
Ин бонуи заҳматқарин ҳанӯз овони кӯдакӣ , замони шӯхиҳову сармастиҳои ҳамсолон, захме дар зиндагӣ хӯрдаву доғи ҷудоӣ аз падарро, ки тамоми ҳастиаш буд, чашидааст. Падареро, ки қисмати талх аз бари ӯву 12 нафар пайвандон, додаракону хоҳаракон даррабуд. Пас аз марги падар бори зиндагӣ бар дӯши модар афтод. Модар аз гаронии рӯзгор боке накард, лаб газид, танҳо чашмони маъюси ғамзада ва намнокаш баёнгари вазъи ботиниаш буданд. Ҳамин тавр дарёи зиндагӣ маҷрои дигар гирифт. Фарзандон ба воя расиданду ҳар яке аз паи касбу коре гашт.
- Орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридам. Чун мехостам ба ин васила сабаби марги падарро дарёбам. Бинобар ин, пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурдам, - иброз дошт Муҳаббат Собирова.
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро ба ҳайси табиби бемориҳои амрози даруна дар беморхонаи клиникии № 1 пойтахт оғоз кард. Духтараки ҳалиму ғамхор аз рӯзи нахуст бо дониши хубу муносибати некаш ба қалби дардмандон роҳ ёфт. Беморони зиёде барои табобат гирифтан ба ӯ муроҷиат мекарданд. Муҳаббат гӯё махсус барои табиб будан офарида шуда буд. Меҳри беандоза нисбат ба пешаи интихобкардааш аз чашми ҳампешагон пинҳон намонд, ҳатто устодаш, зани оқила Мария Яковлевна борҳо таъкидаш мекард: «Ту лоиқи ин касбӣ !».
Бо сабаби нооромиҳои солҳои 90 – уми асри ХХ хонаводаи Муҳаббат Собирова аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Панҷакент кӯч баст. Он ҷо ӯ дар беморхонаи шаҳраки Суғдиён ба кор шурӯъ кард. Ба беморхона беморон аз тамоми водии Зарафшон, ҳатто аз тумани Ургути Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳри гирифтани табобат меомаданд. Муҳаббати ҷавон ин ҷо низ маҳбубияти хосса пайдо намуд. Мардуми водӣ ҳурмату эҳтиромаш мекарданд. Борҳо дар ҳавои сарду гармии тоқатфарсо роҳу тангноҳои душворгузари кӯҳистонро убур карда, ба аёдати беморон мерафт.
Солҳо паи ҳам сипарӣ мегаштанд, бонуи заҳматқарин бехабар аз пешомадҳои тақдир ҳамоно дар хизмати мардум, паи табобати беморон заҳмат мекашид. Аммо, пас аз чанде ногаҳон худ бемор гашту ҳамчун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм аз фаъолият боз монд. Баъд аз соле дар хона нишастан меҳри касб дар дилаш ҷӯш зад ва ба назди муаллима Ҳулқия Қодирова, ки он замон роҳбарии омӯзишгоҳи тиббии шаҳрро бар дӯш дошт, омад ва хоҳиши сабақ омӯхтанро ба донишҷӯён иброз намуд. Ҳамин хел фаъолияти омӯзгории Муҳаббат оғоз ёфт.
Муаллима Собирова дергоҳ орзуи кушодани маркази ташхиси тиббиро дар дил мепарварид ва соли 2005 ба ин орзуяш расид.
- Бо дастгирии бародари калониам, Яздон Собиров, ки дар шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Россия соҳибкори муваффақ аст, маркази хизматрасонии тиббию ташхисиро созмон додем, - гуфт ӯ.
Соли 2007 аввалин маркази хизматрасонии тиббию ташхисии хусусӣ дар водии Зарафшон, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буд, дари худро боз намуд. Дар маросими ифтитоҳи он меҳмонон аз кишвар ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар марказ мутахассисони варзида ба кор ҷалб гаштанд. Мушкили мардум осон шуд. Онҳо акнун барои ташхису табобат роҳи дарозро тай зада ба маркази вилоят ва ё пойтахт намераванд.
Баъд аз ҳашт соли роҳбарӣ соли 2013 ӯро бо қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар роҳбари омӯзишгоҳи тиббии шаҳр таъйин карданд. То кунун муаллима роҳбарии муассисаи мазкурро бар дӯш дорад.
- Соли 2014 омӯзишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷ табдил дода шуд. Дар коллеҷи тиббӣ , ки донишҷӯён танҳо як ихтисоси «кори ҳамшираги» - ро меомӯхтанд, шуъбаҳои нав боз кардем, ки инҳо «кори момодоягӣ », «табобати дандон» ва «фармасевтӣ » мебошанд. Синфхонаҳо бунёд кардем. Шумораи донишҷӯёнро афзудем. Солҳои пеш дар як сол ба коллеҷ танҳо 235 донишҷӯ қабул мекардем, ҳоло шумораи онҳоро ба 460 нафар расондем. Теъдоди омӯзгорон аз 47 ба 102 расид, 108 нафар бо шартнома ба кор фаро гирифта шудааст.
Муаллима аз рӯзҳои нахусти фаъолият диққати бештарро ба сатҳу сифати таълим равона кард. Ба дараҷаи дониши омӯзгорон аҳамияти ҷиддӣ медод. Баҳри баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони ҷавон курсҳои гуногуни такмили ихтисос ташкил намуд. Шумораи пойгоҳҳои таълимӣ барои донишҷӯён низ афзуд.
- Донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, ки ин нишондоди асосии сифати таълим дар муассиса аст.
То соли 2020 коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар натиҷаи санҷиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба даҳгонаи беҳтарин коллеҷҳои ҷумҳурӣ шомил мегашт. Аммо чун ба низомномаи озмун тағйирот ворид намуданд ва яке аз бандҳои асосии талабот доштани бинои асосӣ шуд, коллеҷи тиббии мазкур аз озмун дар канор монд.
- Мушкилии асосии коллеҷ надоштани бинои асосист. Барои ёфтани роҳи ҳалли ин мушкилот ба муассисаҳои дахлдор муроҷиат кардему ваъда доданд, ки ёрӣ мерасонанд. Бар он боварам, ки аз мақомоти маҳал қитъаи замин ҷудо менамоянду бо ёрии мақомоти вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ коллеҷи мо соҳиби бинои асосӣ мегардад. Агар ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро ёбад, сохтани хобгоҳ баҳри донишҷӯён низ имконпазир мегардид, - гуфт муаллима.
Муҳаббатбону роҳбари пешсафу кордон ва бо азму иродаи қавӣ рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои муосири табобати инфаркти миокарди дил бо оризаи норасоии метаболӣ » сарбаландона дифоъ намуд.
Муҳаббат Собирова соҳиби оилаи обод, ду фарзанд ва се наберачаи дӯстрӯст. Фарзандонаш соҳибмаълумотанду дар самтҳои гуногун фаъолият доранд ва ҳиссаи худро дар пешрафту гул – гулшукуфии Меҳани азиз мегузоранд. Хизмати шоёни муаллима бо медали «Хизмати шоиста» ва нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шудаанд.
Шаҳноза АҲМАДЗОДА