Солҳост, ки аҳли оилаи Шоазимовҳо бо адиби шинохта Темур Зулфиқоров риштаи дӯстӣ пайвастаанд. Ӯ борҳо меҳмони ин хонавода шудаву якҷоя базму шомҳои эҷодӣ ташкил намудаанд. Дар яке аз чунин шомҳои ёдмон ҳамсафари ҳаётии адиб Ирина Ванг гиторро ба шӯр оварда, суруди форамеро зам - зама кард. Ангуштони нозуки модар рӯи тугмаҳои фортепиано моҳирона «шино» доштанд. Фазои хонаро садои ҷаззоби мусиқӣ фарогир шуд. Духтараки болобаланду нозукандом, ки дар гӯшае истода ин ҳамаро назорат мебурд, маҳин ба рақс даромад. Ҳаракатҳои зебову шинамаш дар як зум ҳозиронро мафтун кард. Ҳама шефтаи ҳунари волояш гаштанд. Он лаҳзаҳо духтари ягонаи хонадон Рафоат гӯё ахтаракеро мемонд, дар амвоҷи қуллаҳои баланди садои бекарони мусиқӣ партавфишонӣ дошт. Маҳз он дақиқаҳо шояд Темур Зулфиқоров тавонист ахтареро дар ӯ бубинад ва «ситораи ояндаи синамо» буданро баҳраш паёмад диҳад.
Падар доктори илми фалсафа, профессор, модар номзади илми фалсафа, маданиятшинос, фортепианонавоз. Рафоат Шоазимова дар оилае ба камол расидааст, ки меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷои аввал қарор доранд. Ҳине духтараки донову закӣ ба синни шаш қадам ниҳод, волидон ӯро ба мактаби мусиқӣ ва баҳри аз худ кардани нозукиҳои санъати рақс ба ансамбли «Падида» раҳнамун сохтанд. Дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар озмуну чорабиниҳои гуногун ширкат меварзид ва ҷойҳои намоёнро сазовор мегашт. Пас аз хатми мактаб Рафоат ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов супурд. Алҳол донишҷӯи соли сеюм аст.
- Мусиқӣ санъатест, ки қобилияти маънавиву равонии касро такмил ва рақс ифшогари дунёи ботинӣ буда, хурсандиву табъи хуш эҳдо менамояд. Дар консерватория бештар машғулиятҳои пианисти шинохта, Дилбар Ҳакимоваро меписандам. Чун дар баробари омӯзиши мусиқӣ муаллима ба шогирдон маслиҳату машварат медиҳад ва дастгириамон менамояд, - иброз дошт Рафоат Шоазимова.
Модарбузург
Модарбузург Лилия Искандарова баҳраш ҷаҳоне буд. Дунёи кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ бо ӯ ранги дигаре дошт. Ҳарчанд Лилиябону аз рӯи ихтисос табиб - ҷарроҳи бемориҳои онкологист, нисбат ба ҳунар шавқу рағбати беандоза дошт. Бинобар ин гоҳҳо ҳамроҳи Рафоати хурдсол саҳнаҳои гуногун сохта, онро ба аҳли хонавода пешкаш менамуд. Бонуи хушгуҳар шеъру достон ва суруди зиёд аз бар медонист. Аз таҷрибаҳои зиндагӣ ва дидаву шунида баҳри набера қиссаҳо мехонд.
- Аввалин нақшамро дар саҳнаҳои кӯдакиам бозидаам, ки онро ҳамроҳи бибиам омода менамудем. Пас аз оне, ки бародарам Румӣ Шоазимов донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии кинематографияи Россия ба номи С.А. Герасимов гардид, филми телевизионие ба навор гирифт. Дар он ҳунармандон Мунира Дадабаева ва Баҳодур Миралибеков нақши асосиро мебозиданд. Дар филми мазкур ман ҳамчун фарзанди ин ду қаҳрамон нақш офарида будам, - мегӯяд ӯ.
Синамо
Соли 2016 Рафоат дар филми драмавии «Хоби ҳамдуна» нақши хурди бе сухан - авбошдухтарро бозид. Баъд аз чаҳор сол, дар филми мазҳакавии «Хаёлпарастони деҳотӣ » дар нақши қаҳрамони асосӣ - Рухшона - Земфира-Дуня - Сара нақш офарид.
- Нақшро тибқи қарордоди пешакӣ бояд ҳунарпешаи москвагӣ Екатерина Догилева иҷро мекард. Аммо ӯ аз серкорӣ ба Тоҷикистон омада натавонист. Барои сабти «Хаёлпарастони деҳотӣ » бошад ҷавондухтари тахминан 18 – 20 - солаи фортепианонавоз, ки зебо мерақсад, зарур буд. Темур Зулфиқоров, муаллифи сенарияи филм, ба бародарам Румӣ (коргардони филм) пешниҳод намуд, ки маро ба нақши асосӣ бипазирад, - афзуд Рафоат.
Аммо Румӣ Шоазимов аз он ҷиҳат хавф дошт, ки хоҳар ҳунарпешаи касбӣ несту иҷрои нақши марказии филм метавонад баҳраш душворие эҷод созад. Баъд аз андешкаҳои зиёд бародар ба умқи чашмони Рафоат нигариста гуфт: «Ба ту бовар мекунам!». Он лаҳзаҳо ба дил бурд, «бояд ба боварии бародар сазовор шуда, масъулияти бар дӯш гузоштаро бо тамоми ҳастӣ иҷро намояд.»
Бо дастуру ҳидояти коргардон қабл аз оғози наворбардории филм Рафоат асари «Работа актёра над собой»- и Константин Станиславский ва «О технике актёра» – и Михаил Чеховро мутолиа намуд. Бо ин роҳ ба андозае вуруди дунёи назарияи санъати ҳунармандӣ гашт. Дунёи беохири ҳунар ӯро ба коми худ кашид, шефтаву шайдои он шуд. Аз нозукиҳои ин санъат огаҳӣ ёфт. Соатҳои зиёд назди оинаи барқад истода тамрин мекард.
Тими корӣ
- Шабе пеш аз оғози сабти филм хоб аз чашмонам парид, ҳиссиёти хурсандиву андаке тарс фарогирам буд. Саҳар, ҳине ба ҷои сабт ҳозир шудем, худамро озод эҳсос намекардам. Дастгоҳи наворбардорӣ фаъол ва сабт оғоз шуд. Бори аввал бо гурӯҳи корӣ якҷоя будам. Румӣ дилбардориам медоду мегуфт:«Ҳамааш хуб, офарин!».То андозае болидарӯҳ гаштам, ки рӯзҳои минбаъда бесаброна сабтро интизорӣ мекашидам, - изҳор дошт ҳунарпеша.
Дар филм қариб 70 нафар ҳунарманд нақш офарид. Тими корӣ хеле дӯстона бо ҳам муносибат дошт. Гоҳ ҷиддиву гоҳ бо ҳазлу шӯхӣ заҳмат мекашиданд. Аъзои гурӯҳ ҳунарпешаи ҷавонро дастгирӣ менамуданд ва ин баҳраш неруи тоза мебахшид.
- Бештар бо Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманде, ки нақши падарро мебозид, ҳамсуҳбат мешудам. Ӯ дар баробари ҳунарманди хуб будан, нафари комилест. Ҳангоме бо баъзе мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, аз маслиҳатҳояш баҳраманд мегаштам. Бо Бароҳат Шукурова низ, ки нақши модарро мебозид, муносибати дӯстона доштем, ки ин боиси табиӣ баромадани филм гардид.
Симиганҷ
«Хаёлпарастони деҳотӣ » дар дараи зебоманзари Ромит, мавзеи Симиганҷ наворбардорӣ шудааст. Гирду атроф кӯҳҳои сарбаафлок, дар поён дарёчаи шӯхи кӯҳӣ беқарору бошитоб даргузар. Офтоб аз дуриҳои дур гӯё сар аз даричаи осмон баровардаасту поёни рӯз бо оҳистагӣ майл ҷониби уфуқ мекунад.
- Қаҳрамоне, ки образашро офаридам, духтараки одиест, ки қалби ҳассосу пур зи орзуҳо дорад. Ӯ аз шоҳкориҳои беамсоли табиат, олами гирду атроф баҳра мегирад. Ман низ то андозае мехостам аз дунёи зебои ӯ бохабар бошам ва амсолаш дар баҳри осмони бекарон шино намудани абрҳои сафед, афтидани барги дарахтонро дар рӯи роҳ назорат мебурдам. Бӯи алафи навдаравидашуда ба машом мезад, шунидани садои дарёчаро меписандам. Аз ин ҳама лаззат мебурдам, илҳомам меафзуд.
Asti International Film Festival
Ҳама ранҷу талошҳои ҳунарпешаи ҷавон Рафоат Шоазимова дар офаридани нақши Рухшона – Земфира – Дуня - Сара натиҷаи хуб ба бор овард. Соли равон дар кинофестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» («Отцы и дети») дар шаҳри Орлаи Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи интихоби мардум гардид, ҳамчунин, дар озмуни байналмилалии Asti International Film Festival, ки дар Италия доир шуд, ҳунару маҳорати ӯро бо ҷоизаи «Ҳунарпешаи беҳтарин» қадр намуданд.
- Аҳли оила тариқи онлайн рафти озмунро тамошо доштем. Аз байни ҳунармандони машҳури дунё ғайричашмдошт ғолибам эълон намуданд. Шодиямонро ҳадду канор набуд. Аз хурсандӣ қатраҳои ашк бари рӯям ғел хӯрданд. Ифтихорманд аз онам, ки заррае бошад ҳам санъати кинои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоям, - хушҳолона афзуд дар фарҷом Рафоат Шоазимова.
ШАҲНОЗ