ПАЙКАРАИ МИЛЛИИ
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Профессор Дилоро Искандарова, ки дар доираҳои илмӣ ҳамчун асосгузори мактаби илмии забоншиносии амалӣ дар кишвар шинохта шудааст, аз бонувони заҳматписандест, ки бо ҳамкасбону шогирдонаш қариб понздаҳ сол заҳмат кашида, «Пайкараи миллии забони тоҷикӣ »-ро бунёд кард. Ин пайкара барои таҳкими пояҳои забони тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ ва тарғиби он хизмат мекунад.
Даричаи ошноӣ
Искандарова Дилоро Муқаддасовна, доктори илми филология, профессор, устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аст. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А. Ждановро хатм карда, рисолаҳои номзадӣ ва докториашро дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе дифоъ кардааст. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 2009 мудири кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалии ДСРТ аст. Гарчанде мавзӯи таҳқиқоти донишманд яке аз забонҳои қадимаи қораи ҳинд – телугу аст, ӯ доир ба паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ ва ҷараёнҳои мухталифи забоншиносӣ таҳқиқот анҷом додааст, доманаи пажӯҳишаш густарда мебошад. Солҳои охир пажӯҳиши худро дар забоншиносии компютерӣ идома дода, пайкараи забони миллиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, роҳбари илмии лоиҳаи «Таҳияи «Пайкараи миллии забони тоҷикӣ » (www.talik-corpus.org) баргузида шуда, дар давоми се сол онро бунёд кард.
Дилоро Муқаддасовна, яке аз олимони пуркор буда, муаллифи қариб 200 китобу мақолаи илмӣ аст. Мақолаҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба нашр расида, китобҳояш дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва (2015), Париж (Paris Book Fair, 2016), Франкфурт (Frankfurte Buchmesse, 2016) ва ғайра муаррифӣ шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи докторӣ ва 22 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Хидмати шоёни муаллима бо медали «Хизмати шоиста» (2020), нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2009), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ФР (2009), унвони фахрии Корманди фахрии мактаби олии касбии Россия (2015), унвони фахрии «Асосгузори мактаби илмии забоншиносии амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015), сарфароз гардидааст.
Пайкараи забони тоҷикӣ
- Пайкараи миллии забони тоҷикӣ чист?, - мепурсем аз муаллима.
Дилоро Муқаддасовна чунин шарҳ доданд: - Дар замони муосир аксари мамлакатҳои аз ҷиҳати технология тараққикардаи ҷаҳон дорои пайкараи миллии забон (ё ҳатто якчанд пайкара) мебошанд, ки он маҷмӯаи матнҳои ба забони ҳамин миллат офаридашударо дар бар мегирад, ки дорои аҳамияти фарҳангианд. Пайкараи миллии забон як маълумотномаи беназири инноватсионӣ дар бораи забон мебошад, ки имкониятҳои фароҳамовардааш аз ҳама фарҳангҳо, ки бо заҳмати тамоми наслҳои забоншиносон ва луғатшиносон офарида шудааст, зиёд мебошанд.
Пайкара имкон медиҳад, ки таърих ва дурнамои рушди забонро пайгирӣ кунад, танҳо бо ёрии он таҳқиқоти кофии илмии луғат ва грамматикаи забон, инчунин муайян кардани равандҳои пайвастаи тағйирёбии забонии дар тӯли асрҳо гузаштаро таъмин кардан мумкин аст.
Мавҷудияти чунин пайкара нишондиҳандаи сатҳи баланди илмии мамлакат, дараҷаи тараққиёти технологияҳои иттилоотӣ ва тадқиқоти забоншиносии муосир аст.
Уфуқҳои нави забоншиносӣ
Вақте дар мавриди забоншиносӣ сухан меронем, аксарият сарфу наҳвро тасаввур мекунанд, ҳол он ки илми забоншиносӣ пеш рафта, дар дунё паҳлуҳои мухталифи забон мавриди пажӯҳиши олимон қарор гирифтаанд. Вожаҳои лингвистикаи компютерӣ , автоматикунонии таҳқиқоти лингвистӣ , этнолингвистика, психолингвистика, лингвотолерантология, медиалингвистика, забоншиносии ҳуқуқӣ , забоншиносии фарҳангӣ , забоншиносии муқоисавии компютерӣ ва ғайра имрӯзҳо шохаҳои гуногуни забоншиносӣ маҳсуб меёбанд.
Боиси тазаккур аст, ки кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ки ба он профессор Дилоро Искандарова роҳбарӣ мекунанд, дар ҷумҳурӣ ягона кафедраи лингвистӣ мебошад, ки дар тамоми соҳаҳои забоншиносии амалӣ тадқиқот мегузаронад, яъне он ҳамқадами замон аст.
- Аз соли 2011 кафедра ҳар сол мизҳои мудавварро таҳти унвони «Дурнамои рушди таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалии забоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд. Бо ҳамин ном, дар кафедра маҷаллаи илмӣ низ ба табъ мерасад, ки индекси ISSN-ро гирифтааст ва маводи илмии олимон, аспирантҳо, довталабон, донишҷӯёни кафедраро нашр мекунад – зикр намуд муаллима.
Тоҷикистон пешгом аст
Соли равон бо ташаббуси Дилоро Искандарова ва кафедрае, ки ба он роҳабрӣ мекунад, бори нахуст дар мавзӯи «Забоншиносии пайкаравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир мешавад, ки дар он олимон масъалаҳои забоншиносии пайкаравӣ (корпусӣ ) - ро, ки яке аз бахшҳои забоншиносии компютерист, мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
- Соли 2017 кафедра барои татбиқи лоиҳаи буҷетии давлатӣ «Таҳияи пайкараи миллии забони тоҷикӣ » (2019 - 2021) ариза пешниҳод карда, соли 2019 - ро бо татбиқи ин лоиҳа оғоз намуд. Аллакай дар моҳи декабри соли 2019, яъне соли аввали татбиқи лоиҳа сомонае ба фаъолият пардохт, ки дар он Пайкараи миллии забони тоҷикии иборат аз 9 миллион калима ҷойгир карда шудааст. Алҳол ҳаҷми корпус зиёда аз 22 миллион вожаро ташкил медиҳад.» –тазаккур дод Дилоро Искандаровна.
Феълан забоншиносон ва алоқамандони забон метавонанд ба Пайкараи забони тоҷикӣ (https://tajik-corpus.org/) ворид шуда, дилхоҳ вожаро дар саҳифаи «ҷустуҷӯ» ворид кунанд ва манобеи истифодаи онро пайдо намуда, мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Ҳамчунин, дар пайкара тарҷумаи русӣ ва англисии вожаҳо оварда шудааст.
Ба қавли донишманд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ , ба ҷуз Тоҷикистон, пайкараи забон танҳо дар Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон чунин пайкараҳоро надоранд. Масалан, дар Ӯзбекистони ҳамсоя танҳо моҳи октябри соли 2020 Консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020 - 2030 тасдиқ карда шуд. Ва дар доираи ин санад ташкили пайкараи миллии забони ӯзбекӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таҳрикдиҳанда - Сарвари давлат
Муаллима Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳрикдиҳанда барои бунёди Пайкараи миллии забони тоҷикӣ медонад. Зеро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ » 26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки ба олимон лозим аст, ки корҳои тадқиқотиро дар самтҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар вусъат диҳанд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми фаъол гузоранд. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат солҳои 2020 - 2040»-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ , дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд ва барои амалӣ намудани ин иқдом Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 - ро таҳия намудааст.
Ҳамқадами замон
- Шумо доир ба паҳлуҳои мухталифи забоншиносии муосир пажӯҳиш наҷом додаед. Сабаби ин бисёрсамтӣ дар чист?
- Талаботи замон, забоншиносии тоҷик бояд қафо намонад, ҳамқадами замон бошад.
- Таваҷҷуҳ ба ҷараёнҳои муосири забоншиносӣ аз ҷониби забоншиносони ҷавон эҳсос мешавад?
- Бале, шогирдони зиёде тарбия кардем, ки ҷараёнҳои нави забоншиносиро таҳқиқ менамоянд. Масалан, барои бунёди Пайкараи забони тоҷикӣ аксар ҷавонон ёрӣ расонданд.
- Барои такмили пайкараи забон чӣ зарур аст?
- Аз тамоми дӯстону устодон ва шогирдон, ки барои пур кардани пайкара ба мо дасти мадад расонданд, сипосгузорам. Аз муҳаққиқон ва адибон хоҳишам ин аст, ки ҳар қадар китоб, рисола, рӯзномаву моҳнома, фарҳанг ва навиштаҳои илмиву бадеии электронӣ дошта бошанд, ба ихтиёри мо гузоранд. Электронӣ , яъне на дар шакли PDF, балки дар шакли Word.
- Шумо нисбат ба сарнавишти забон ва забоншиносӣ дилсӯзед. Сарчашмаи ин муҳаббат аз куҷост?
- Меҳри забон ба ман меросист…
P.S.
Дилоро Искандарова духтари донишманди забардасти тоҷик, яке аз забоншиносони варзидаи ҷумҳурӣ , устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мукаррама Қосимова…
Одил НОЗИР