Ба тақвими болои мизи кориям менигарам. Вуҷудам ба ларза меояд, дар ниҳонхонаи қалбам чизе метаркад. Қариб даҳ сол мегузарад, аз он даме, ки дар як лаҳза олитарин зани дар зиндагӣ дучоромада ва 39 солу 39 рӯзи зиндагии якҷоя бо ӯ доштаамро аз даст додам. Хотираҳои зиёде дорам, намедонам, кадоме аз онҳоро барои муштари қисса кунам. Бароям басо душвор ва таҳаммулнашаванда аст аз шахси наздик, ҳамдаму ҳамроз, муттакову мубарро абадӣ ҷудо шудан.
Чанд соли охир дуруст қалам ба даст нагирифтаам. Чун хома ба даст мегираму болои коғази сафед хам мешавам, фариштахӯи ман, Саидаи ман ҳамон замон пеши чашмонам падид меояд, ҳушу ёди маро сӯйи дигар мебарад, қаламу коғаз бесоҳиб мемонанд. Ман ба ӯ роз мегӯям, «Чаро рафтӣ , чаро ин қадар зуд рафтӣ ?» мегӯям. Вай бо табассум дасти навозиш ба сарам мебарад: «Медонам, азоби танҳоӣ зӯр аст, ранҷ мебарӣ . Чи илоҷ? Ҳукми тақдир чуну чаро надорад. Худатро эҳтиёт бикун. Ту ҳоло ба фарзандон, набераҳои дӯстрӯ, абераҳо лозим астӣ !»
Ӯ дигар чизе нагуфта орому ноаён дар дили торикӣ нопадид мешавад. Ва ман мемонам бо дидаҳои намноку қалби реш - реш…
Инак, аз он дафтари хотира ду лавҳаи зиндагиномаи Саидаи азизамро ба ту пешкаш мекунам, хонандаи азизи ман. Қазоват аз туст. Кӯшиш кардам сухани зиёдатӣ нагӯям.
1.
Соли 1992. Кишвар дар дами оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Бародар бо бародар, падар бо фарзанд дар ду тарафи сангар дар муқобили ҳамдигар қарор гирифта… Дар ҳамин айёми сарнавиштсоз роҳбарии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бар дӯш доштам. Ману аҳли хонавода дар минтақаи ҷангзадаи шаҳр – маҳаллаи Авул дар ошёнаи панҷуми бинои назарногир, таъмирталаб зиндагӣ мекардем.
Рӯзе раиси шаҳр Рустам Мирзоев, ки шиноси деринаам буд, маро ба ҳузур пазируфта, чунин гуфт:
- Дар микрорайони 84, дар канори канал бинои нуҳошёнаи истиқоматиро ба истифода додем. Вазъи зиндагии шуморо медонем. Мошини хизматиатонро силоҳбадастон бурданд, роҳатон дур. Аз ин рӯ, қарор додем аз ошёнаи дуюми ин бино барои шумо манзили чорҳуҷрагиро ҷудо намоем. Ордер тайёр. Марҳамат! – Вай ордерро ба ман дароз карда афзуд: - Ҳамроҳи келин рафта бинед. Агар ягон проблема бошад, ба ман хабар диҳед. Ба зудӣ ҳал мекунем.
Намедонам аз чӣ бошад, ки ин хабарро Саидабону оромона, андешаманд қабул кард. Натавонистам муайян кунам, ки хабар ӯро хурсанд кард ё… Ба ҳар ҳол дар чеҳраи ӯ осори шодмонии аз ҳад зиёдро эҳсос накардам. Гуфтамаш, ки омода шав, рафта хонаро мебинем. Агар мақбул нашавад, метавонем ордерро баргардонем ва фурсати дигарро интизор шавем.
Баъди як соат ману Саидабону ба қасабаи 84 омадем. Бинои нав аз дур ба назар зебо ва диданӣ менамуд. Аз рӯйи ордер манзили барои мо ҷудошударо зуд пайдо кардем. Ба ошёнаи дуюм баромада калидро бароварда дарро кушоданӣ шудам. Вале… аз дарун овозҳо ба гӯш расиданд ва ман гумон кардам, ки хато карда дари манзили каси дигарро кушода истодаам. Бори дигар ба ордер ва рақами хона нигаристам. Не, хато нарафтааст. Ҳамааш дуруст. Ҳоҷати дарро кушодан нашуд. Вай кайҳо во буд. Дарро тела дода ба дарун ворид шудем. Чанд нафар кӯдак ва зану марди ҷавон ба пешвози мо бархостанд. Одоби саломро ба ҷо оварда, аз ҷавонмард пурсидам:
- Мабодо мо хато карда бошем. Ин хонаи шумост?
Ҷавонмард сар хам карда базӯр ҷавоб дод:
- Ин хонаи мо нест.
- Пас, мо хато накардаем. Аз рӯйи ордер ин хона ба мо тааллуқ дорад.
- Бале, шумо хато накардед.
- Намегӯед, чӣ хел шуд, ки шумо ба ин хона роҳ ёфтед. Калидро ба шумо кӣ дод?
- Ба мо ҳеҷ кас калид надодааст. Мо худамон дарро шикаста даромадем.
- Кӣ ба шумо ҳуқуқ дод, ки манзили шахси дигарро худсарона аз худ намоед? Медонед, барои ин рафтор чӣ ҷазо муқаррар шудааст?
Саидабону оҳиста аз дастам дошта бо сар ишора кард, ки тунд нашавам…
Аз суҳбат маълум шуд, ки хонаи инҳо дар кӯчаи Қаротегин будааст. Баъди селбороне, ки ду рӯз пеш ба амал омада буд, ҳавлиашон таги об ва худашон дар кӯча мемонанд. Касе хабар медиҳад, ки дар маҳаллаи 84 як бинои нави нуҳошёна ба истифода дода шудааст. Ҳоло на ҳама соҳибманзилҳо ба он ҷо кӯч бастаанд. Раведу кадом манзиле, ки рост омад, дарро шикаста дароед. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки шуморо аз он ҷо пеш кунад…
- Мебахшед, муаллим, ман шуморо мешиносам. Аз гуноҳамон гузаред. Ду - се рӯз иҷозат диҳед, то аз ягон ҷо сарпаноҳе ёбем. Зуд хонаро холӣ мекунем.
Ман рӯ ба Саидабону овардам ва пурсидам:
- Чӣ кор мекунем? Интизор мешавем?
- Не! - гуфт бо қатъият Саидабону ва аввал ба чеҳраи ғамгину мушавваши бачаҳо, сипас ба зану шавҳари ҷавон нигариста такроран афзуд:
- Мо чиро интизор шавем? Рафтани инҳоро? Не!
Вай рӯ ба ман овард:
- Шукр, ки ману шумо дур ҳам бошад, дар як гӯшаи ҷангзадаи пойтахт сарпаноҳ дорем. Ин бечораҳо не. Ман ба чеҳраи маъсуми кӯдакони онҳо нигоҳ карда наметавонам. Агар гапи маро гиред, ордери хонаро ба ҳаминҳо диҳед. Аз ману шумо ҳадя! Тавонед, барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҳам ёрӣ расонед. Акнун, биёед, меравем!
Ман моту мабҳут шудам. Агар дар ҷойи Саидабону каси дигар, зани дигар мешуд, намедонам, чӣ мекард? Ман бори дигар сад бор шукр кардам, ки Худо чунин зани фариштахӯю фариштарафторро ба ман ҳадя кардааст.
Ордери хонаро ба дасти ҷавонмард додаму гуфтам:
- Насибат кунад, ҷӯра, ин хонаву дар!
2.
Охирҳои моҳи сентябр Саидабону баъди гузаштани даври навбатии табобат аз бемористон ба хона баргашт. Табъаш болида ва хотираш ҷамъ буд. Маълум, ки табобат беасар намондааст. Баъди ду рӯз, чоштгоҳӣ ба хотири хӯрокро бо ҳамроҳии бону тановул кардан ба манзили зист омадам. Саидабонуро дар беруни дар, бо зани бароям ношинос пайдо кардам. Вай бо он зан самимона хайрухуш кард ва мо вориди хона шудем.
- Ин занро нашинохтам, - сухан кардам баъди он ки бону косаи шӯрборо ба наздам гузошт.
- Бале, шумо намешиносед. Бо ин кас дар беморхона, дар як палата будем. Ҳамин рӯз ба хона ҷавобаш доданд. Ба ман сим зада гуфт, ки «Апа, ба шумо коре дорам. Ба хонаатон биёям, мумкин аст?» - гуфта пурсид. Ман «бемалол омадан гиред» - гӯён нишонии хонаро додам ва дере нагузашта ӯ ба ин ҷо омад. Аз ноҳияи Вахш омадааст. Ҷавонзани хушсухан, меҳрубон, ба ҳам зуд унс гирифтем. Китобхон будааст. Китоби наватонро илтимос кард. Ман чӣ ҳам мегуфтам. Додамаш. Шумо зид нестед?
- Ба сад дида розиям.
Саидабону суханашро тақвият дод.
- Бо хоҳише ба наздам омадааст. Гуфт, ки то ба Вахш роҳкиро надорам. Ба болои ин, ба назди бачаҳо бо дасти холӣ рафтан чандон хуб не, чаро ки онҳо парво надоранд, модар аз куҷо омад, аз беморхона ё аз бозор. Чун вориди ҳавлӣ шудӣ , аввал ба дастат нигоҳ мекунанд. «Чанд сомонӣ диҳам, хоҳар?» - гуфта пурсидам. «200 сомонӣ бошад, мешавад», - гуфт вай. Лекин ман он лаҳза бо худ чунин миқдор пулро надоштам. Шуморо нахостам нороҳат кунам. «Ман як лаҳза» гуфтаму хонаро ба ихтиёри меҳмон гузошта зуд ба ошёнаи чорум баромадам. Аз ҳамсоязан маблағи заруриро гирифта ба поён фуромадам. «Мана, хоҳарам, инро гиреду мушкилатонро ҳал намоед» - гӯён пулро ба дасташ додам. «Раҳмат, апаҷон. Шумо хавотир нашавед. Ман охири ҳафта худам қарзатонро бармегардонам. Боз як бори дигар сад ҷаҳон ташаккур» - гӯён аз ҷой бархост ва чунон ки шумо дидед, ман ӯро гусел кардам.
- Кори хуб кардӣ , Саидаҷон. Савобашро гирифтӣ . Аз рӯйи гапат зани баақлу бофаросат будааст. Қарзро дар рӯзи ваъдагӣ бармегардонад. Лекин ту омадани вайро интизор нашаву қарзи аз ҳамсоя гирифтаатро худи ҳамин соат баргардон. Ма, бигир, - инро гуфта ман аз ҳамён 200 сомониро гирифта ба ӯ дароз кардам ва Саида боз рӯ ба боло шуд…
Дар рӯзи ваъдагӣ касе дари манзили моро накӯфт. Боз ду ҳафтаи дигар сипарӣ шуд. Ҳафтаҳои дигар, моҳҳои дигар, солҳои дигар низ паси сар шуданд. Вале аз он зан на пай буду на ҳайдар, на хабару на дидор…
Саида дар ин солу моҳҳо ягон бор ӯро ба ёд наовард. Ман низ.
Лекин… рӯзе шӯхиям омаду ба Саидабону гуфтам:
- Хоҳархондат туро батамом фаромӯш кард.
Ӯ табассум кард ва гуфт:
- Монед ҳамин гапҳоро, дадеш. Бечора, ба сараш шояд ягон мушкилии дигар омада бошад. Мову шумо бо дусад сомонӣ на бой мешавему на камбағал.
Ато ҲАМДАМ