Тоҷмаҳал бо як нигоҳ дили Мирзо Турсунзодаро рабуд. Сар то по мафтуни он гашт. Ошиқона ба ин кохи бегазанд, ба тоҷи заррини ёдгориҳои бостонии Ҳиндустон нигарист. Гӯё аз замири сангҳои сарди мармар дар дилаш оташаке барафрӯхт.
Мирзо Турсунзода дар шаҳри Агра, шаҳре, ки дар соҳили рӯди Ҷамна воқеъ гашта, дар аҳди шаҳриёрии Акбар хеле обод ва нашъунамо ёфта буд ва Тоҷмаҳал дар синаи он чун машъале медурахшад, қадам мезад ва аз тамошои Тоҷмаҳал сер намешуд. Тоҷмаҳалро амсоли мурғи ҳудое дарёфт, ки омодаи парвоз ба самои бекарон аст.
Суханони Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар лавҳи хотираш зинда шуданд, ки ӯ Тоҷмаҳалро маҳзари олами зебоӣ, орзуву ормон, тантанаи ишқ ва дарду ҳиҷрони инсонӣ дониста, санъати меъмории онро «ҷону рӯҳи форсӣ дар пайкари Ҳинд» номидааст.
Ин абёти шоир дар васфи Тоҷмаҳал зодаи таассуроти амиқу рангин ва шефтагии ӯ аз нигоҳи аввалин ба ин қасри афсонавист:
Дар лаби рӯди Ҷамна дидам ман,
Қасри монанди моҳ нурафкан.
Ёдгории қадим – мақбарае,
Пурҳашам, дилпазир манзарае,
Ҳар касе, ки ба ӯ назар андохт,
Соате чашми худ мунаввар сохт.
Шоир ба андеша мерафт:
Ишқи Мумтоз Маҳал чи неруе, чи сеҳре, чи эъҷозе дошта, ки Шоҳиҷаҳон ба хотири он ин кохи муҳташам ва сар ба осмонро бунёд кардааст? Ку он ёдгорие, ки бо Тоҷмаҳал баробар шуда тавонад? Тоҷмаҳал беҳамтост ва дар зери чархи гардун яктост. Дасти инсон ва хиради волои он ба хотири ишқи инсонӣ қасри муҳташаме бунёд карда, ки гузашти айём дар баробари он оҷизу нотавон аст.
Доктор Б. Н. Луния бо шефтагии тамом навиштааст: «Тоҷмаҳал зеботарин ва дилработарин гули санъат, олитарин ёдгорӣ баҳри арҷгузорӣ ба ишқу муҳаббат ва ҳамдилию вафодорӣ дар олами инсонист. Дар бунёди он фарҳанги зебоипарастӣ бо ҳунари волои меъморию бинокорӣ омезиш ёфта, бо як нигоҳ олитарин дастоварди бунёдкорӣ, комилтарин ақлу заковати илмӣ, муҳимтарин дастовардҳои техникӣ ва дилрабоию фатонати нотакрореро пеши назари бинандагон ҷилвагар месозад».
Ҳар касе, ки дида ба Тоҷмаҳал медӯзад, бидуни ихтиёр ин саволро бар забон меоварад:
Мумтоз Маҳал зодаи куҷост ва ӯ чи асроре дошт, ки ишқаш дар қалби Шоҳиҷаҳон шӯру шарар ангехтааст ва ба ифтихораш ин кохи бегазанд қомат афрохтааст?
Мумтоз Маҳал парвардаи сарзамини Хуросон ва адабу фарҳанги он аст. Бобояш Эътимод-ул-давла Мирзо Ғиёсбек дар аҳди шоҳ Таҳмос фармонравоии Марвро ба уҳда доштааст, аммо бо сабабе мавриди хашми шоҳ гашта, аз мансаб сабукдӯш ва молу мулкаш мусодира мегардад.
Мирзо Ғиёсбеки озурдахотир рӯ ба Ҳинд меорад ва дар шаҳри Агра мавриди истиқболи гарми шоҳ Акбар ва маснади хидмати давлатӣ мешавад.
Соли 1605 дар Агра маросими тоҷгузории шоҳзода Ҷаҳонгир доир мешавад ва ӯ ба духтари Мирзо Ғиёсбек Нуриҷаҳон издивоҷ менамояд ва аз ин арӯсӣ писаре ба дунё меояд. Ин писар бо мурури замон бар тахт менишинад ва Мумтоз Маҳалро ҳамсари худ мехонад.
Ин зани донишманду хирадманд дар умури давлатӣ ҳамеша имдодрасони шавҳар будааст. Ӯ ҳатто аснои сафарҳо ва лашкаркашиҳо шавҳарашро ҳамроҳӣ намуда, ёрои аз ӯ ҷудоиро надоштааст.
Шоҳиҷаҳон соли 1629 дар Дакан лашкар мекашад, зеро дар он ҷо Хон Ҷаҳон Лодӣ бар зидди салтанати ӯ бархоста буд.
Мумтоз бо вуҷуди он ки дуҷон буд, бо шавҳараш ба Дакан рафт. Дар аснои сафар дар Бурҳонпур дар ҳарами шоҳ муддати ҳамл фаро мерасад. Модар ба дунё омадани фарзанди чаҳордаҳумашро интизор буд. То ин дам ӯ дар муддати 17 соли хонадорӣ 8 писару 5 духтар ба дунё оварда буд.
Мутаассифона, таваллуди тифли нав боиси марги модар мегардад. Мумтозро дар Бурҳонпур ба хок супурданд ва пас аз шаш моҳ ҷасадро бо тобути хосае ба Агра оварданд ва дар яке аз боғҳои хуррами соҳили дарёи Ҷамна дафн намуданд.
Марги Мумтоз дар дили Шоҳиҷаҳон ҷароҳати хуншоре боқӣ гузошт. Аз оташи дарду ҳиҷрон пайкараш месӯхт. Сар то по оташ буд.
Ягона савдояш, ягона ормонаш ёди Мумтоз буд. Мумтозе, ки ишқаш чун хуршед дилу ҷонашро, ҳастиашро нуру сафо бахшида, аммо зуд дар уфуқ нопадид гашт.
Дар фарҷом Шоҳиҷаҳон ба натиҷае мерасад, ки бояд бо ҳар василае номи Мумтоз, ёди Мумтоз, ишқи ӯву ишқи Мумтоз абадӣ гардад.
Дар лавҳи хаёлаш тарҳи кохи ёдгор, кохи ишқ, кохи ҳиҷрони ҷонсӯз, кохи нотакроре падид меояд. Баҳри бунёди Тоҷмаҳал озмуни байналмилалӣ эълон менамоянд. Пас аз баррасии амиқ тарҳи меъмори забардаст Исои Шерозӣ писандида мешавад.
Соли 1630 ба сохтмони Тоҷмаҳал шурӯъ менамоянд ва он баъд аз сипарӣ гардидани 20 сол, соли 1650 анҷом меёбад. Дар сохтмони он беш аз 20 ҳазор коргар, меъморон ва устоҳои моҳиру забардаст аз сарзаминҳои Ҳиндустон, Самарқанду Бухоро, Балуҷистону Бағдод, Итолиёю Фаронса, Сурия ва кишварҳои дигар рӯзону шабон арақи ҷабин мерехтанд.
Оқибат, Тоҷмаҳал бо баландии 74 метр ва дорои чор гунбади бузург қомат афрохт.
Мирзо Турсунзода Тоҷмаҳалро муъҷизаи дасти инсон ва меҳнати басо сангини халқи заҳматкаш медонист ва бо итминон мегуфт:
Дасти инсон ба бурҷи ин кишвар,
Машъал афрӯхтаст аз мармар.
Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал,
Номи онро гузошт Тоҷмаҳал.
Шоҳиҷаҳон тамоми шукӯҳу шаҳомати давлат, шаҳриёриву орзуву ормонашро танҳо дар дурахши мармари Тоҷмаҳал медид.
Тоҷмаҳал асосан аз мармари сафед сохта шуда, инчунин, дар бунёди он даҳҳо сангҳои нодир, амсоли зумуррад, ақиқ, қаҳрабо, лаъли Бадахшон истифода шудаанд.
Беҳтарин дастовард ва нафистарину дилангезтарин анъанаҳои меъмории ҳиндӣ, исломӣ ва форсӣ – тоҷикӣ дар пайкараи Тоҷмаҳал ба ҳам омезиш ёфта, онро шуҳраи офоқ гардондаанд.
Баъди анҷоми Тоҷмаҳал ҷасади Мумтоз Маҳалро дар синаи он ҷой медиҳанд ва ин мақбараи беназир макони абадии ӯ мегардад.
Шоҳиҷаҳон орзу мепарварид, ки дар он сӯи дарёи Ҷамна шабеҳи Тоҷмаҳал барои худ аз санги мармари сиёҳ мақбарае бино кунад ва ҳар ду мақбараро бо пули аз мармари сиёҳу сафед бунёдшуда ба ҳам бипайвандад. Аммо пирию нотавонӣ ва дар охир табаддулоти давлатӣ монеи ин нақша мегардад.
Аврангзеб – писари бехираду тиҳимағзи Шоҳиҷаҳон тахти падарро вожгун месозад ва худи ӯро пойбанди зиндон мегардонад.
Шоҳиҷаҳон илтиҷо менамояд, ки ӯро ба зиндони қалъаи Агра ҷойгузин созанд, то тавонад аз тирезаи ҳуҷраи он Тоҷмаҳалро наззора намояд ва дили дардмандашро тасалло бахшад. Тоҷмаҳал ҳастии ӯ, маънии ҳаёти ӯ ва охирин таскини дили пурҳасраташ буд. Вай худро бидуни Тоҷмаҳал моҳии берун аз об медонист. Замоне, ки бемор ва бистарӣ мегардад, хоҳиш менамояд оинаеро тавре гузоранд, ки акси Тоҷмаҳал бар он афтад ва аз наззораи он ғофил намонад. Шоҳиҷаҳон муддати ҳашт соли зиндонӣ ҳаргиз дида аз Тоҷмаҳал барнакандааст.
Дар ин ҷаҳон танҳо ӯ буду Тоҷмаҳал. Бо Тоҷмаҳал роз мегуфт, ашк мерехт, хуни дил мехӯрд. Ҳоли табоҳашро танҳо Тоҷмаҳал медонисту бас. Ба Тоҷмаҳал менигарист ва дар ҷилои он акси рухи Мумтозро медид.
Мумтоз… Чи номи дилнавоз. Номи аслиаш, номи айёми наврасиаш Арҷмандбону Бегим буд. Худи Шоҳиҷаҳон дар бачагӣ Хуррам ном дошт. Хуррами 16-сола ба Арҷмандбонуи зебову дилрабо, ки табассуми гуворое ҳамеша дар лабонаш гул мекард, ошиқ мешавад. Оҳ, чи дарди ҷонкоҳе будааст ошиқӣ.
Аз рӯи расму русуми деринаи дарбор мебоист мунаҷҷимон аз рӯи ситорагон рӯзи тӯйи арӯсиро муайян мекарданд. Чун ба ин кор иқдом намуданд, мунаҷҷимон аз рӯи гардиши ситорагон ба хулосае омаданд, ки тӯйи арӯсии шоҳзода бояд баъди панҷ сол сурат бигирад.
Чи пешгӯии тоқатфарсое! Чи муҳлати тӯлоние!
Оқибат, баҳори соли 1612 шоҳзода Хуррам ва Арҷмандбону бо ҳам ақди никоҳ мебанданд.
Оҳ, чи айёми хушу гуворое буд. Замину осмон ба тантанаи ишқи онон шарик. Гӯё дар ҷаҳон танҳо ду тан буду бас: Хуррам ва Арҷмандбону. Ҷаҳонгир – шоҳи муқтадири Ҳинд шаби тӯйи арӯсии шоҳзода бархост ва бо тантана эълон намуд:
- Аз имрӯз Арҷмандбону Бегим маҳбуби дарбори мост. Ва аз ҳамин лаҳза номи ӯ Мумтоз Маҳал хоҳад буд.
Мумтоз Маҳал маликаи Ҳиндустон гардид.
Соли 1627 шоҳ Ҷаҳонгир дунёро падруд гуфт ва пас аз як сол шоҳзода Хуррам ба тахт нишаст ва ба худ унвони Шоҳиҷаҳонро гирифт.
Бад-ин минвол бар фарози Ҳиндустони даврони бобуриён ду ном ба дурахшидан оғоз кард: Шоҳиҷаҳон ва Мумтоз Маҳал.
Асрҳо чун селаи турнаҳо даргузаранд. Наслҳо чун мавҷи баҳр якдигарро иваз мекунанд. Замонаҳо нав мешаванд. Аммо Тоҷмаҳал пойдору бегазанд аст.
Гузашти рӯзгорон онро осебнопазир дарёфтааст. Таърих ба вай умри абад бахшидааст. Ононе, ки ба зиёраташ меоянд, як ҳиссаи дили худро бар дару девори он ёдгор мегузоранд.
Ишқ безавол аст. Тоҷмаҳал, ки зодаи ишқу вафодорист, низ заволнопазир аст.
Аз қалби сангҳои сарду пурҷилои ин кохи бегазанд садои Мирзо Турсунзода ба гӯш мерасад:
Ту фурӯзанда мон чу як машъал,
Дар лаби рӯди Ҷамна, Тоҷмаҳал!
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон