Давлати Хутал, ки Ҳулбук маркази он буд, миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо мардуми далеру сарбаландаш ному шуҳрат бароварда буд. Ин ду байти сода, ки мардуми Балх дар ситоиши хатлониён ва шикасти лашкари араб таҳти фармондеҳии Асад ибни Абдулло гуфта буданд, далеле аз ғаюрию ватандӯстии ин мардум аст. Аъробиёни аз ғалабаҳои пешин сармаст, бори аввал дар Хуталон, аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ саркӯб шуда, маҷбур гаштанд, ки ба шаҳри Балх пас гарданд. Мардумон ин ғалабаро бо як лутфи хеле зебо, чунин сурудаанд:
Аз Хуталон омадия,
Рӯ ба табоҳ омадия.
Ҳарчанд аз он рӯзгорон асрҳои зиёде гузаштаву шаҳри Ҳулбук чун пойтахти давлати Хутал ба моли таърих бадал гаштааст, донистани ин ҳодиса ва ҳифз намудани қалъаи Ҳулбук ҳамчун ёдгории беназири таърихӣ дар роҳи худшиносӣ ва донистани таърихи гузаштаи миллати тоҷик, моҳияти калони тарбиявиро молик аст.
Қалъаи Ҳулбук дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар канори кӯҳи Мағатон, (Хоҷамуъмин) доман густурдааст. Воқеан, ноҳияи Восеъ яке аз мавзеъҳои таърихии Хатлони куҳан маҳсуб ёфта, бо ёдгориҳои зиёди табиӣ, таърихӣ ва фарҳангияш дар кишвар мақоми сазовореро дорост.
Суҳбати мо бо масъули бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Гулбаҳор Атоева, маҳз аз ин боб сурат гирифт.
- Боиси ифтихор аст, ки ноҳияи Восеъ имрӯз мақоми ворисӣ доштанро ба шаҳри Ҳулбуки Хатлони куҳан соҳиб гаштаву ба он арҷ мегузорад…
-Бале, мо аз Ҳулбук, аз ин мавзеи муқаддас, ифтихор дорем. Ифтихор мекунем, ки то ҷое меросбари давлати бузурги Хутал ва пойтахти овозадори он, қалъаи Ҳулбук, ҳастем. Дар ноҳия боз мавзеъҳои дигари таърихӣ низ ҳастанд, ки онҳо ҳам аз гузаштаи пурифтихор ҳикоят мекунанд. Дар ин ҷо шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар ва гӯристони қадимаи Ғелот воқеанд, ки имрӯз аз ҷониби бостоншиносони ватанию хориҷӣ баҳои сазовор гирифта, мавриди омӯзиш қарор доранд. Ёдгории табиии Хоҷамуъмин низ боиси ифтихори мост ва, хушбахтона, қисми аъзами он ба ноҳияи мо мансуб аст.
- Дубора эҳё гаштани қалъаи Ҳулбук чун ёдгории беназири таърихӣ, на танҳо ба ҳусни ноҳия зебоии тоза зам намудааст, балки дар омаду рафти сайёҳону ҷаҳонгардон ба ин қаламрав низ таъсири амиқе гузошта тавонистааст…
- Бале, шукронаи даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки ба омӯзиш, эҳё ва дубора зинда гардондани мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мадании кишвар эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, ба қалъаи Ҳулбук.
Ба ин ёдгории беназири таърихӣ, қабл аз ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мароқ зоҳир намуданд ва барои дубора эҳё шуданаш гоми устувор ниҳоданд. Ҳанӯз, бори аввал, вақте ки масъалаи таҷлили 2700 – солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ба миён омад, эҳёи қалъа дар сархати чорабиниҳои асосии ҷашнӣ қарор гирифт. Баъд аз ин, боз чандин маротиба аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориҳо барои барқарории ин ёдгории беназир сурат гирифтанд.
Ин аст, ки қалъаи Ҳулбук баъд аз дубора эҳё шуданаш, ба яке аз зеботарин ёдгориҳои таърихии вилояти Хатлон ва хосса Тоҷикистони азиз табдил ёфт. Табиист, ки чунин ёдгории зебо дар рушди соҳаи сайёҳӣ бетаъсир буда наметавонад.
Ҳамчунон, дар ноҳия 4 осорхона, аз ҷумла: осорхонаи Ҳулбук, шаҳраки Манзартеппа, оромгоҳи Ғелот, қалъаи Кайнаҳр ва ёдгории табиии Хоҷамуъмин, инчунин истироҳатгоҳи «Тосқалъа» ва «Закариёи Розӣ» воқеъ мебошанд.
Имрӯз сайёҳони зиёде барои дидани ин ёдгориҳо меоянд ва таассуроти зиёдеро бо худ мебаранд. Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон ба ноҳия бештар аз 2445 меҳмон ташриф овард, ки ин фоли некест аз рушди соҳа.
Пешрафти босуботи ноҳия ба рушди сайёҳӣ иртибот дорад. Роҳбарияти ноҳия низ нисбат ба ин масъала эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва ҳама чораҳоро меандешанд, ки дар ин самт ягон мушкилие садди роҳ нагардад.
- Ноҳия имрӯз имкон дорад, ки ин ҳама меҳмононеро, ки барои дидани қалъаи Ҳулбук ва дигар ёдгориҳои таърихӣ меоянд, пазиро бишавад?
- Бале, имрӯз дар ин роҳ мушкиле надорем. Ҳоло як инфрасохтори хеле зебои соҳа қомат афрохта истодааст. Дар ин самт, айни замон, нишондиҳандаҳо мусбатанд. Ҳам аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёди меҳмонхона, тарабхона, осоишгоҳҳо, иншооти хизматрасонӣ, маишӣ, иҷтимоӣ ва гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёдашон мавриди истифода қарор доранд.
Ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ эътибори зиёд дода мешавад ва дар ин самт аз ҷониби соҳибкорон низ ташаббусҳои хубе рӯи кор омада истодаанд. Ҳоло чанд меҳмонхонае дорем, ки дар онҳо барои меҳмонон тамоми шароит фароҳам аст. Тарабхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва ҳар чизи дигаре, ки бо мақсади беҳбудии сокинони ноҳия бунёд мешавад, албатта, бо диду нигоҳи нав ва ба таври замонавӣ қад меафрозанд. Зеро имрӯз шумори сайёҳон ва меҳмонон дар ҳоли афзоиш аст. Мардум низ хуб дарк кардаанд, ки сайёҳон ва ҷаҳонгардоне, ки ба ноҳия ташриф меоранд, ё аз ин ҷо мегузаранд, буду бошашон барои онон аз манфиат холӣ нест.
Имрӯз ҳунармандони асил, ки коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ доранд, мекӯшанд, ки маҳсулоташон бозоргир бошад ва таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба вуҷуд оварда тавонанд. Маҳсули дасти онҳо мақбули меҳмонон бошанд ва барои онҳо як туҳфаи хубу хотираи муносибе аз диёри Ҳулбуки қадим гарданд.
Ҷомӣ ЗАРИФЗОДА,
ноҳияи Восеъ