Омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас тақозо менамояд.
Ақлимо Муминшоева пас аз хатми донишгоҳ дар риштаи фанни математика корро соли 1977 аз мактаби № 23 ноҳияи Шуғнон оғоз кард. Сипас, ба мактаби миёнаи № 8 шаҳри Хоруғ омад ва аз сабабе, ки овозаи муаллими босавод буданашро шунида буданд, хуш истиқболаш гирифтанд. Ҳамин тавр солҳои 2000 - 2003 роҳбарии ин мактабро бар дӯш дошт.
Аз соли 2003 то 2005 муовини директори МТМУ № 88 шаҳри Душанбе фаъолият намуда ин фанро дар дили садҳо шогирдон ҷой намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Омӯзиш ва ба илмҳои дақиқ рӯ овардани хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ки дар он омӯзгори баландихтисосу ботаҷриба нақши аввалиндараҷа дорад. Омӯзгорони ботаҷриба метавонанд завқи хонандагонро бедор созанд ва фаҳмонанд, ки илмҳои дақиқ то чи андоза барои ояндаи онҳо ва ҳам барои рушди кишвар муҳиманд.
Сарфи назар аз он, ки муаллима Ақлимо Муминшоева ба синни нафақа расидаасту давлати пирӣ меронад, вале аз фанни дӯстдоштааш - математика дур нашудааст. Имрӯз ҳам бисёр хонандагон, ҳамсояҳо ва фарзандони ёру шиносҳояшон барои сабақ гирифтан аз фанни математика пеши муаллима меоянд ва ӯ бо хушнудӣ онҳоро қабул ва бо дили гарм дарс медиҳад.
- Соли гузашта хостам, ки бо шогирдонам хайрухуш карда, дам гирам, вале чун дидам, ки ҳамаашон ҷамъ шуда пеши роҳбари мактаб рафтаанд ва бо чашмони ашколуд аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки муаллима аз кор нараванд. Агарчанде ба шогирдонам фаҳмондам, ки аз мактаб равам ҳам ба шумо ёрӣ мерасонам, розӣ нашуданд ва ашкро дар чашмонашон дида, аз нияти худ даст кашидам ва боз ба мактаб ба назди шогирдонам баргаштам, - иброз медорад муаллима.
Вақте ман чунин сурат гирифтани корро аз шогирдонаш шунидам, ба ҳайрат омадам. Бори аввал мешунидам, ки хонандагон гиря кардаанд, ки муаллимаашон аз кор наравад ва ба онҳо сабақ омӯзад. Ин аст дӯстдории воқеии муаллим аз тарафи шогирдон.
Ин аз он рӯст, ки муаллима Ақлимо Муминшоева шогирдонашро чун фарзандони хеш дӯст медорад, бо онҳо муносибати одилонаву орифона дорад ва болотар аз ҳама дарсро аз рӯи барномаи мукаммал ва навгониҳои хеш пурра сохта ба хонандагон меомӯзонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдон маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст.
Хидмати шоистаи муаллима бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004) ва ифтихорномаҳои зиёде қадр шудааст. Аммо беҳтарин ва волотарин мукофоту ҷоиза барои муаллима он аст, ки шогирдонаш аз ӯ ба накуӣ ёд мекунанд.
Алҳол Ақлимо Муминшоева дар МТМУ № 8 шаҳри Хоруғ ба шогирдон аз фанни математика дарс мегӯяд.
Неъматуллои НУРУЛЛО