Садбарг Maraimi
Чї тавр тарроњи љавон тавонист ба намоиши «Tajikistan Fashion Week» 2021 роњ ёбад?
Њафтаи муд дар Тољикистон. Рўшаниву садои шараќќоси дастгоњњои аксбардорї. Рўи сањна бонувони зебои ороставу пероста, ки дар бар либосњои нафису шинам доранд, дар хироманд. Паси сањна њама дар таку дав, яке бо оро додани рўю мўй, дигаре ба тартиб овардани сарулибос машѓул. Дар намоиш тарроњону кутюрерони шинохтаи зиёде аз давлатњои Россия, Украина, Аморати Муттањидаи Араб, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Ўзбекистон њунарнамої мекунанд.
Tajikistan Fashion Week
Садбарг дергоњ орзуи ширкат дар намоиши байналмилалии «Tajikistan Fashion Week»- ро дар дил мепарварид. Рафти намоишро тавассути шабакањои интернетї дида, бо шарту шароит ва талаботи он ошно мешуд. Якчанд маротиба бо Тоњир Иброњимов, созмондењи намоиши Tajikistan Fashion Week дар кишвар дар тамос шуда, хоњиши иштирок дар озмунро кард. Пас аз оне, ки номаш дар рўйхати иштирокчиёни намоиш сабт ёфт, Садбарг Мараимї давоми ду моњ пурра ба он омодагї гирифт.
- То як поси шаб зањмат мекашидам. Нахуст дизайни либосњоро дар фикр пазонда рўи авроќи сафед меовардам, сипас матое интихоб намуда, онро мебуридаму медўхтам. Барои омода намудани коллексияи либосњо аз матоъњои муди њаминсола - кабудча, сабз, зарду норинљї истифода бурдам. Мувофиќи њар чор ранг либос дўхтам,- иброз медорад ў.
Коллексияи Садбарг Мараимї аз 17 либос иборат ва онњо бо шаклу сифати хуб тарроњї гардида буданд. Њангоми тањияи либос тарроњи љавон кўшид то бонувон ба ѓайр аз намоиш тавонанд дар коргоњ, сайру гашт онро озодона ба бар намоянд. Либосњо дар шакли аврупої омода шуда буданд. Аммо тарроњ хост дар такя ба унсурњои миллї анъанаи тољиконро байни дигар миллатњо муаррифї намояд. Аз ин рў, вай дар коллексияаш аз порчањои матои адрас истифода бурд.
- Барои нишон додани њунари воло ва таърихи пурѓановати мардуми тољик ба хулосае омадам, то њунарамро бо порчањои матои адрас, ки онро дар хориља «ikat» меноманд, оро дињам. Аз намудњои гуногуни ин матоъ наќши чоркунљаро пазируфтам. Чун аз ин наќш тарроњон камтар истифода мебаранд, хостам бо ин роњ диќќати тамошобинону мутахассисонро љалб созам, – изњор дошт тарроњ.
Садбарг MARAIMI
Дар намоиш Садбарг Мараимї радифи дигар тарроњони мумтоз ба љуз аз њунар, бренди мањсулоташро, ки дар он духтараке бо шакли гули садбарг тасвир ёфтаву наздаш насаби MARAIMI дарљ гардидааст, муаррифї намуд. Либосњояшро ќатори дигар моделерони шинохта, балеринањои мумтози Тољикистон аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї Фарангис Ќосимова ва Асел Нилобекова пешнињод карданд.
- Хостам рафти намоиш ва либосњои тањиянамудаам дар хотири мухлисон наќш банданд. Бинобар ин ќарор додам, њунармандони санъати балет Асел ва Муњаммад дар оѓоз ва фарљоми намоиш њунар намоянд. Аз ин хотир бањрашон махсус либос низ тањия сохтам, - мегўяд Садбарг.
Зањматњои тарроњи љавон Садбарг Мараимї натиљаи хуб ба бор оварданд. Мањсули њунараш аз љониби мутахассисон, тамошобинон ва созмондењони намоиш бањои баланд гирифт. Рўзи охири баргузории њафтаи муд ѓайричашмдошт ўро ба сањна хонданд ва бо сипосномаву туњфањои хотиравї ќадр намуданд.
- Пештар дар Tajikistan Fashion Week номинаи дизайнеру моделери бењтарин набуд. Бароям ѓайричашдошт буд, њангоме даъватам карданду ин номинаро доданд. Аз моделерон Диана Нуриддинова низ сазовори ин номина гашт, - бо табассум гуфт ў.
Хоксор асту заминї. Њине, ки намоиши либосњояш поён ёфт, тибќи ќарордод њамроњи моделероне, ки коллексияашро муаррифї менамуданд, бояд рўи сањна мебаромад. Аммо шарму њаяљон пайгираш шуданд. Он лањза, ваќте яке аз чењрањои шинохтаи њафтаи муд, Оксана Бакаева њамроњ ба сањна баромаданро кард, вай бо хушнудї пазируфт.
SHOWROOM
Садбарг Мараимї лањзае, ки ба намоиши Tajikistan Fashion Week омодагї мегирифт, бо дастгирии волидон дар дохили бинои маѓозаи бузурге љо ёфта, дар он љо коргоњи махсуси дўзандагиву фурўши мањсулот SHOWROOM - ро муњайё сохт. Чун интихоби матоъњо барои мизољон мушкилтар аст, дар оянда ният дорад, ки дар коргоњ фурўши мањсулоти дилхоњро ба роњ монад.
- Чор сол дар хона кор кардам. Либос медўхтаму дар баробари ин кўдаконамро парасторї менамудам. Мизољони бисёр хоњиш доштанд барояшон либос дўзам. Чун тахмин мезадам, ки баъди иштирок дар озмун сафи онњо зиёдтар мешавад, коргоњи алоњида дарёфтам, - баён дошт Садбарг.
Дар ин макон Садбарг алњол бо ду дўзанда ва як шогирд фаъолият мебарад. Ў тарњи либосњои гуногунро омода месозад, дар матоъ онро мебурад ва ба чеварон тарзи дўхтро нишон дода, равиши корро назорат мебарад.
Бештар бо истифодаи матоъњои миллї либоси аврупої тањия месозад. Дар рафти кор истифодаи намудњои нав ба нави тарњи либосро меписандад. Мекўшад, ки офаридањояш нотакрор бошанд. Дар фазои шаби ороми хона тарњи нави либос дар сараш чарх мезанад, субњгоњон бо неруи тоза ва табассуми малењ аз хоб бархоста, онро рўи ќоѓаз меорад, њамин тарз рўзи корияш сар мешавад. Гоњњо табъи хуш сарчашмаи илњомаш мешаваду гоњи дигар зебоии табиат.
Садбарг Мараимї ният дорад оянда истењсоли куртањои арўсии хушсифатро ба роњ монад ва минбаъд дар Tajikistan Fashion Week ва дигар намоишњои љумњуриявию байналмилалї мањз онњоро пешкаши тамошобинон гардонад.
- Аз тарроњони шинохтаи дунё бештар офаридањои Вера Вангро меписандам. Ин тарроњ либосњои арўсии муосиру нотакрор месозад. Тамоми љузъиёти ороиши дўхташ дар шакли дастист,- изњор дошт Садбарг.
Садбарг Мараимї омўхт, донишашро такмил дод, пањлуњои нав ба нави касбро барои хеш муайян сохт. Чун пастиву баландињои зиёде дид, дар њаёт рўњафтода нашуд, мушкилињоро паси сар кард. Имрўз низ орзуњои зиёде дораду бањри дар амал татбиќ намудани онњо ба пеш гом мезанад, то ќуллањои нав ба нави индустрияи мудро фатњ созад ва дар пешрафти соња сањмгузор бошад.
Ш. АЊМАДЗОДА