Сољида Ѓуломова:
«Тўли 30 соли фаъолият боре вараќаи корношоямї нагирифтаам. Кор соати 9 оѓоз мешуд, вале соати 7 њозир мешудам ва бисёр ваќт то ними шаб зањмат мекашидам. Ростї, фидоии касби хеш будам».
Њасан Ѓулом ном марди болоќомати сияњабрў, зодаи дењаи Искили Систони Эрон ошиќу дилбохтаи духтари соњибљамоле бо исми Гулшод буд, муњаббату садоќати онњо шабењи достонњои куњан, шумули Лайливу Маљнун баѓоят сўзандаву созанда буд, вале, њайњот, ки волидон ба сад узру бањонае, ки духтарашон њоло ба балоѓат нарасидааст, ба пайвандии онњо дуои хайр набахшиданд.
Њасан, ки ба хислату хў љавони хунгарме буд, посухи рад гирифтанашро аз сўйи пайвандони маъшуќ ба шаъни худ нозеб ангошта, савори саманд Систонро тарк мегўяд. Чун ба Машњад мерасад, ба хидмати шоњ камар баста, афсар мешавад.
Соли 1922 њамроњи таќрибан 600 - 700 сарбоз ба саёњати Озарбойљони Шўравї меояд. Вале дар ин њангом марзњо баста шудаву онњо дар хоки Иттињоди Шўравї монданд. Њасан Ѓулом дид, ки роњи бозгашт вуљуд надорад, ба номи роњбари ваќти Иттињоди Шўравї Иосиф Сталин нома навишта, аз ў хост, ки сарбозонашро бо макони будубош таъмин намояд.
Маќомот њам сарбозони эрониро 50 - 60 - нафарї дар њудуди љумњурињои гуногун ќисмат карданд. Њасан Ѓулом ба Тољикистон омада дар сафњои Армияи Сурх бар зидди босмачињо мубориза бурда, баъдан ба соњаи маориф гузашту мактабе бунёд кард ва роњбари ваќти љумњурї Нусратулло Махсум ўро мудири дабистони мазкур таъйин намуд.
Нахустин бор дар хонаводаи ў садои гиряи Фотима ва баъд Сољида баланд мешавад, аммо дере нагузашта ў њам ба гирдоби њаводиси соли 1937 мепечад, хушбахтона баъди се сол озод гашта, ба ноњияи Шањринав бармегардад.
Баъди таваллуди Фотимаву Сољида, дар хонаводаи Њасан Ѓулом 6 љигарбанди дигар: Музаффар, Исфандиёр, Гулчењра, Шањриёр, Гулбањор ва Бахтиёр дида ба дунё кушоданд. Нахустдухтар, гулдастаи хонадон Фотима ќасди тамдиди тањсил намуда, бо рањнамоии вазири ваќти фарњанг Мењрубон Назаров азми сафари Маскав карду ба ГИТИС – Институти санъати театрии ба номи Луначарский шомил гардид. Баъди чанд фурсати тањсили Фотима, хоњараш Сољида низ шомили ин даргоњи њунар шуд.
Сољида њамроњи хоњараш Фотима ва дигар њамсабаќонаш дар шумули Марям Исоева, Њошим Гадоев, Тамара Абдушукурова, Носир Њасанов, Њабибулло Абдураззоќов, Тўрахон Ањмадхонов, Муяссара Камолова, Неъмат Дўстматов ва дигарон њайати гурўњи тољикии ГИТИС - ро хатм карду бо њамсабаќонаш ба Театри академии драмавии ба номи Лоњутї ба кор омад. Њамсабаќону дўстон ва њамбозњояш ба њунари актёрии Сољида бањои баланд медињанду иќроранд, ки ў барин њунарпешаи жанри њаљву мазњака хеле кам буд, вале Сољида њамагї дар сањнаи театр 4 моњ фаъолият бурду бас. Бо далели беморї Сољида даргањи телевизиони тољикро интихоб карду љањду љадалу талошњои хастагинопазир намуд, то аз ин боргоњи барояш муќаддас нон ёбаду ном. Ва фаъолияташро ба сифати ёвари коргардон оѓоз бахшида, сипас мустаќилона ба тањияи намоишњои бузургњаљм пардохта, дар он ањду овон ягона коргардонзани њирфаї њам дониста мешуд.
Бо њамин шева, Сољида Ѓуломова дар телевизиони тољик фаъолияти пурсамару густардае дошт, ки њамвора намоишњои офаридаи ў дар фењристи лавњаи фахрї маќом доштанду номаву пайѓомњои самимонаи мухлисон аз атрофу акнофи кишвар ба унвонии телевизион мерасиданд, ки аксаран љињати дархости пахши такрории намоишњои ў буданд. «Найрангњои Майсара», «Зани оњанин», «Имтињон», «Зангирии Чаќќабой», «Њаёт ва ишќ», «Субњи модар», «Армони модар», «Њукми модар», «Садо аз тобут», «Эљодкор» ва дањњои дигарро метавон ном бурд, ки самари ќалами сабзу тахайюли рангини бонуи пурњунар Сољида Ѓуломова мебошанд. Ў ба њайси коргардони маъруф сар аз соли 1962 то 1993 дар бахши адабии телевизиони Тољикистон фаъолияти пурсамар намуд.
Сољида Ѓуломова њамчунин 5 наќши лањзаинаву хотирмон дар пардаи синамои тољик офаридааст, ки њолову њанўз дар зењну ёди мардум боќист. «Чор нафар аз Чорсанг» - и Маргарита Ќосимова (1972, наќши лањзагї), «Стансияи кўњї» - и Анвар Тўраев ва Њабибулло Абдураззоќов (1973, наќши котиб), «Бофандањо» - и Маргарита Ќосимова, соли 1973 (наќши лањзагї), «Буд набуд, дар синфи як буд…» - и Маргарита Ќосимова (1977, наќши роњрўб) ва «Зане аз диёри дур» - и Тоњир Собиров (1978) аз фењристи филмњое мебошанд, ки њунари Сољида Ѓуломова дар онњо рўшану рахшон љило додааст.
Фењристи исми њунарпешањое, ки тариќи намоишњои тањиякардаи Сољида Ѓуломова муаррифї ва шуњратёр шуданду кори эшон чун ганљинаи бебањо дар «Фонди тиллої» - и телевизион ва санъати тољик аст, то абад мањфуз хоњад буд. Њунармандоне, ки аз наќшофарї дар синамои собиќ Иттињоди Шўравї бенасиб монда буданд, мањз ба василаи Сољида Ѓуломова соњиби ному нону маќом гардиданд.
Раљабгул Ќосимова, Убайдулло Раљабов, Мавлуда Обидова, Ѓолиб Исломов, Фотима Ѓуломова, Зулхумор Иброњимова, Лутфулло Давлатов, Бобосаид Ятимон, Ортиќ Ќодир, Малоњат Абдуллоева ва чандеи дигарро метавон ном бурд, ки ба шарофати зањматњои пайвастаи Сољида Ѓуломова аз шањди санъат нўш кардаанд.
Њунарпешаи халќии Тољикистон, раиси ваќти Кумитаи телевизион ва радиои љумњурї Убайдулло Раљабов, аснои суњбат иброз дошт, ки мањз барои иљрои наќшњои асосї дар се намоиши Сољида Ѓуломова ба шумули «Зани оњанин», «Садо аз тобут» ва «Эљодкор», барандаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуабдуллоњ Рўдакї шудааст.
Сољида Ѓуломова таърихи 9 - уми марти соли 2018 дар доди 81 - солагї дори фаноро тарк гуфт.
Лутфуллои АЗИЗ