Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ роҳнамои нахустини кӯдак ба дунёи дониш аст. Муносибати минбаъдаи кӯдак ба мактаб ва таҳсил ба муомилаи омӯзгор иртиботи қавӣ дорад.
Гарчанде пешаи омӯзгорӣ кори на саҳл аст, Заррагул Маҳмадмуродова дилбохтаи касби хеш асту мекӯшад дастпарваронаш на танҳо дониши амиқ, балки тарбияи хубу маърифати баландро фарогир бошанду дар оянда мавқеи худро миёни ҷамъият дарёбанд.
Заррагул замоне, ки дар синфи сеюм мехонд, шефтаи сеҳри сухани омӯзгорон гашта буд ва дар қалби кӯчакаш орзуи омӯзгор шуданро мепарварид. Муаллими аввалинаш Зайниддин Фатҳуллоев усулҳои дарсдиҳии аҷибе дошт. Ҳатто ба дили талабагони сустхон раҳ меёфту шавқи онҳоро ба тадрис бедор мекард.
Вай фориғ аз дарсҳо ҳамроҳи ҳамсолон ва хоҳару бародаронаш домани талу теппаҳои зодбумаш – деҳаи Қаратови ноҳияи Фархор чорво ба чаро мебурд, ҳезум ва писта мечид. Ба қавли ӯ, шогирдони аввалинаш баррачаҳо буданд. Заррагул ба онҳо хитоб меандохт, ки кадоме аз онҳо ба дарс омода аст. Шӯхиомез гӯши онҳоро тоб ҳам медод, ки чаро хомӯшанд. «Ку, «А» бигӯй, чаро намегӯӣ? Фақат ҳарфи «бэ»-ро медониву халос!», - мегуфт ӯ.
Орзуҳо амалишавандаанд, мегӯянд. Ин буд, ки ӯ баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб дохил шуд ва дар МТМУ № 33-и деҳаи Гулзори ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор ва сарпешоҳанг ба фаъолият пардохт. Баъдан таҳсилро дар факултаи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ идома дод ва соҳиби маълумоти олӣ гардид.
Фаъолияти омӯзгориро дар МТМУ № 115 ноҳияи Рӯдакӣ ва литсейи касбии хизмат ва туризм аз овони донишҷӯӣ шурӯъ кард ва инак, тӯли 18 сол аст, ки дар ин ҷода ба фарзандони халқ хизмат менамояду омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 128 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст.
Дар муассисаи томактабии № 104 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ муддате фаъолият бурдааст. Заҳматҳои арзандаашро ба инобат гирифта, соли 2016 ӯро ҳамчун раиси Шӯрои занони деҳаи Обчакорони маҳаллаи Пахтакор пазируфтанд.
– Мекӯшам, ки кӯдакон бештар аз имконоти худ дарак диҳанд ва андаке заҳмати аз худ кардани фанни таълимиро нишон диҳанд, пеши ҳамсабақон зиёд васфу ситоишашон мекунам ва баҳои баланд мемонам, то кӯдак ба неруи худ бовар намояд ва шавқманд гардад.
Ҳар хонанда дунёи худро дорад ва аз лиҳози ҷисмонӣ низ ташаккулёбии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке ба зудӣ вазифаро аз худ мекунаду дигаре бо заифӣ ва сеюмӣ хотирпарешон асту ба як бор маълумотро дар зеҳн наметавонад ҷой диҳад. Аз ин рӯ, омӯзгор ҳамаи ин хусусиятҳоро ба назар гирифта, бо ҳар талаба ба таври инфиродӣ кор мебарад, - гуфт муаллима.
Барои шавқи кӯдаконро ба дарс бедор кардан, муаллима аз усулҳои салоҳиятноки таълим васеъ истифода бурда, баъди ҳар чоряк хонандагонро бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадр менамояд. Дарсҳои кушод, ҳамгиро доир намуда, аз умумияти байни адабиёти бадеӣ, табиатшиносӣ ва фанҳои риёзӣ ҳарф мегӯяд. Ҳангоме ки сухан дар бораи интихоби пеша равад, муаллима дафтари калони дастӣ тартибдодаашро бо аксҳои одамони касбу кори гуногун пеши ҳар хонанда мегузорад. Бачагон шуғли дилхоҳи худро аз аксҳои бурида ҷудо карда, рӯи дафтар мечаспонанд. Бо чунин усули аҷиб Заррагул шуғлеро дар ниҳоди хонандагон ҷой медиҳад, то бачагон аз хурдӣ пеши худ ҳадаф гузоштанро омӯзанд.
- Зиёд мехоҳам, ки волидон дар масъалаи таълиму тарбияи фарзандон бештар мароқ зоҳир намоянд. Ба кӯдакон китобҳои бадеӣ ҳадия кунанд, ҷойи хуби дарстайёркунӣ барояшон муҳайё созанд. Фарзандонро ба бағал шинонда, ҳамроҳ китоб хонанд. Бағали волидон сеҳри аҷибе дорад, ки меҳрро ба иҷрои амалҳои нек меафзояд, - иброз дошт омӯзгор.
Муаллима ду маротиба ба зарбаи сахти тақдир дучор омад, аввал писарчаи қариб дусолааш фавтид ва баъдан ҳамсари мушфиқаш дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Ягона духтарашро мисли гавҳараки чашм тарбия намуд, ки имрӯз ӯ низ мисли модар омӯзгор аст.
Омина ХОҶАЕВА